Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ саҳми осори устодон Муъмин Қаноат

Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ саҳми осори устодон Муъмин Қаноат

20-05-2019, 15:04
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ саҳми осори устодон Муъмин ҚаноатДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори зодрӯзи шоирони зиндаёд Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ зери унвони «Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ» конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид.

Тавре аз донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс муовини аввали ректори донишгоҳ Саъдӣ Қосимов роҷеъ ба саҳми ин ду шоири забардасти тоҷик дар ташаккули худогоҳии миллӣ ва ҳифзи забони модарӣ ибрози андеша намуд. Номбурда аз ҷумла, зикр кард, ки маҳз бо шарофати адибони бедордиду мубориз раванди худогоҳии миллӣ эҳё шуд ва забони тоҷикӣ мақоми давлатиро дарёфт кард, ки Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар саргаҳи ин ҷараён қарор доштанд.

Ба иттилои манбаъ, «Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар шеъри тоҷикии садаи ХХ дар мисоли ашъори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ» дар гузориши илмии доктори илмҳои филология, нависанда Аскар Ҳаким бозтоби густурда ёфт. Номбурда ҷанбаҳои муҳимтарини худогоҳии миллиро дар осори ин ду бузургмард илман асоснок намуд.

Доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод иброз намуд, ки Лоиқ Шералӣ дар баъзе ҳолатҳо аз хор гардидану аз анҷуманҳо берун мондани забони тоҷикӣ шикваҳо мекард, маъюс мегардид ва бо ҳасрат дарди дили худро дар ашъораш баён менамуд.

«Вижагии осори ба забон бахшидаи Лоиқ дар он зуҳур меёбад, ки ба зимомдорону давлатмардон ва сиёсатмадорони вақт барои эҳёи суннатҳои фаромўшшуда ва ҳифзу тозагии забони модарӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба арҷгузорӣ ба забони ноби тоҷикӣ ва шинохти асолати миллӣ даъват менамояд», — баён дошт Саидмуроди Хоҷазод.

Дар фарҷоми конфронс донишҷӯён аз ашъори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ шеъру ғазалҳо қироат намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: