Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Австрия пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ кард

Австрия пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ кард

17-05-2019, 11:20
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Австрия пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ кард Порлумони Австрия лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳои ибтидоӣ манъ мекунад. Аз лоиҳа Ҳизби мардумӣ ва Ҳизби озодии Австрия ҷонибдорӣ карданд.
Дар санад омадааст, ба бар кардани либоси динӣ ё идеологие манъ аст, ки сарро мепӯшонад. Қонун ба тӯппии яҳудӣ ва калапӯшҳои кӯдакона дахл надорад, зеро онҳо мӯй ё бештари қисмати сарро намепӯшонанд.
Ҳукумати Австрия лоиҳаи мазкурро барои баррасӣ се бор ба порлумон пешниҳод кард.
Ба гуфтаи вакилони ҷонибдор аз лоиҳа, қонун ба духтарони мусулмон барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи Австрия мусоидат мекунад. Вале намояндагони мухолифон мегӯянд, ҳукумати Австрия ба ҷои ҳалли мушкили маориф ё ҳамгироӣ бо популизм машғул аст.
Барои нақзи талаботи қонун 440 евро ҷарима муайян шудааст. Намояндагони ҷамъияти мусулмонони Австрия гуфтанд, аз қарори порлумон ба Додгоҳи конститутсионӣ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, қонун хусусияти табъизӣ дорад.
Дар Австрия аз моҳи октябри соли 2017 ба бар кардани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: