Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

14-05-2019, 23:48
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №242
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Қурбонзода Х.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Хуршед Ҳазрат аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №243
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Наҷмудинов С.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Наҷмудинов Сафаралӣ Маҳсудинович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №244
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ
ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода Д.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Дилмурод Ашурбек директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №245
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Одиназода Н.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Одиназода Назокат Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №246
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шарифзода Ф.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Файзулло Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №247
ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»
Сатторӣ А.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ваколати директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Сатторӣ Аловуддин Мирзо бинобар вафоташ қатъгардида ҳисобида шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №248
ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»
таъин намудани Мақсудзода Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мақсудзода Шуҳрат директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №249
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи
андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Юсуфи П.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Юсуфи Пӯлодҷон Султон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №250
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи
андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарзода Л.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Лола Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №251
ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Аз сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612 «Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати чордаҳум «Раёсати амнияти дохилӣ» хориҷ карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №252
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим
дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Ганҷалзода Ш.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 майи соли 2019 №253
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Ш.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: