Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

26-04-2019, 08:28
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев25 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти гарму самимӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ ва нақшаву дурнамои муносибатҳои неки дӯстию ҳамҷаворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо дӯсту бародар ва ҳамтои худ муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори хушнудӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як вохурии сатҳи олӣ барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни кишварҳо саҳми назаррас мегузоранд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки муносибатҳо, ки бар анъанаҳои бою таърихӣ ва эҳтирому эътимоди байниҳамдигарӣ асос ёфтааст, омили муҳими ба сатҳи нави уфуқҳои рушди ҳамкорӣ баровардани робитаҳои ҳасана бар нафъи мардумони ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Ӯзбекистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки мо бо талошҳои худ барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам овардем.

Дар ҷараёни мулоқот татбиқи санадҳои нави ба имзорасида ва фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ махсус қайд карда шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 62 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Пешниҳод гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек корҳо дар самти диверсификатсияи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва фаъолгардонии тиҷорат идома дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол ба 500 миллион доллари америкоӣ расад.

Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалӣ кардани барномаҳо оид ба сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар, инчунин ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузор кардани “Рӯзҳои фарҳанг” дар кишварҳо, таъмини шароити созгор барои рафтуомади шаҳрвандон, табодули андеша сурат гирифт.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рафти мулоқот оид ба дигар масаъалаҳои байналмилаию минтақавии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд доир карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: