Ж.Алферов: Илм ва технология ояндаи њар кишвар аст17-04-2019, 13:30
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Донишманди соњаи физикаи электронї Жорес Алферов њамагї чанд њафта пеш аз маргаш дар як мусоњибаи телевизионї изњор кард, ки «Ояндаи кишварњое монанди Русия ба соњаи илму технология марбут аст, на ба фурўши ашёи хом». Ж. Алферов 2 март њамагї ду њафта пеш аз 89 – солагиаш аз дунё гузашт. Ў кашшофи нимноќилњо дар физика буд. Кашфиёташ дар ин соња ба сохти панелњои офтобї ва таъсиси дастгоњи омўзишии «Мир», ки баъдтар ба кайњон фиристода шуд, мусоидат кард.
Диск ва маѓзњои њамроњ (флежка)- њо, сканеру лампањои диодии имрўзњо маъмул низ марбут ба дастовардњои илмии ин донишманд аст. Дар як гузориш, ки нисбати маргаш мунташир гардид, аз ў ба унвони «падари электроника» ёд карданд. Жорес Иванович 15 марти соли 1930 дар Витебск, дар хонаводаи белорус (падар) – яњудї (модар) ба дунё омад. Падараз пайравони содиќи идеологияи сотсиалистї буд ва аз ин сабаб ба писараш номи инќилобчии франсуз Жана Жорес, муассиси њизби сотсиалистии Франсияро гузошт.Дар солњои пеш аз ЉБВ падараш Иван Карпович, ки дар корхонаи вобаста ба истењсоли мањсулоти саноати мудофиа кор мекард, њамроњ бо ањли оилааш аз Белорусия аввал ба Сталинград, сипас ба Новосибирск, аз онљо ба шањри Барнаул кўчид. Модараш корманди китобхона буд ва њар шањре мерафт, барояш коре пайдо мешуд. Дар солњои Љанги Дуюми Љањон оилаи Алферовњо ба шањри Туринск (вилояти Свердловск) – яке аз минтаќањои дорои саноати рушдкарда ва корхонањои мудофиавї кўчид. Пас аз љанг онњо ба шањри Минск, ки вайрону валангор гардида буд, баргаштанд. Ин љанг ба хонаводаи онњо њам зиён расонд, бародари бузургаш Маркс дар фронт кушта шуд. Ба гуфтаи дўстонаш, Жорес дар мактаб њамеша хубу аъло мехонд. Боре дар синфњои болої Жорес, ки њамеша бањои аъло мегирифт, аз физика бо бањои «3» ба хона омад. Модараш, ки ба хониши ў назорат мекард, дар ташвиш шуд ва ба мактаб рафта, бо муаллими физика суњбат кард. Омўзгор, ки аз ќобилияти шогирдаш бохабар буд, барояш дарсњои иловагї гузошт ва ин сарнавишти ояндаи Жоресро таъин кард. Олим бо ёдоварї аз он давра боре гуфтааст, ки агарчи мехост журналист шавад, аммо муаллими физика Яков Борисович Мелсерзон ўро бовар кунонидааст,ки ояндаи башарият ба физика вобастагї дорад ва ў њатман бояд дар ин соња тањсил кунад. - Муаллими физика њар дарсро ба таври љолиб мегузаронд, ба њадде, ки мо бачањои бесари даврони љанг њамабодиќќат гўш мекардем. Боре наќли муаллим дар бораи кори остсиллографи катодї ва принсипи радиолакатсияро шунида, тасхир шудам ва пас аз хатми мактаб ба Лениград барои тањсил дар Институти электротехникї (ЛЭТИ) рафтам, - навиштааст олим дар ёддоштњояш. Дар солњои пас аз љанг ба муассисањои олї пеш аз њама љавонони аз љанг баргашта ќабул мешуданд ва барои хатмкардањои мактабњо имкон мањдуд буд, аммо Жорес бо дониши васеи худ дар соњаи физика комиссияи ќабулро ба њайрат гузошт ва дохил шуд. Тавре њамсабаќони олим ёдоварї кардаанд, Жорес аъло мехонд ва фаќат як бор – барои гум кардани њуљљати донишљўияш огоњї гирифта буд. Њамзамон бо омўзиш ба кори таљрибавї машѓул шуда, дар озмоишгоњи донишкада тањти рањбарии профессор Наталя Созина таљриба мегузаронд. Муаллимањамон рўзњо дар мавзўи нимноќилњои ќабулкунакњои аксї рисола њимоя карда буд. Хидмати муаллима дар он буд, ки бо таъкид ба ањамияти мавзўъ дар дили шогирдаш ангезаи машѓул шудан ба ин соњаро љой кард. - Декабри соли 1952(яъне 6 моњ пеш аз хатми институт), мо- хатмкунандањоро бо дарназардошти истеъдоду мањоратамон ба њар муассиса таќсим карданд. Наталя Николаевна бисёр мехост, ки ман дар ЛЭТИ дар кафедра бимонам ва бо ў корро идома дињем, -баъдтар наќл кардааст, олим.- Аммо ман орзуи Физтех (Институти физикаву техника),бо Абрам Федорович Йоффе кор карданро доштам. Монографияи ў «Мафҳумҳои асосии физикаи муосир» китоби рўимизам буд. Аз институт барои хатмкунандањоиЛЭТИ се даъватнома пешнињод шуда буд, ки яке ба ман расид. Хурсандиамро њадду канор набуд, интихоб ва таќсимоти дуруст сарнавишти маро барои тамоми умр муайян кард. Институти физикаву техникаи Абрам Йоффе њанўз дар њамон солњо як муассисаи машњури илмї буд. Онро бо мењр «Боѓчаи бачањои Йоффе» мегуфтанд. Лев Ландау, Николай Семенов ва Петр Капитса аз дастпарварони ин донишкада дар солњои гуногун бо дастовардњои илмии худ љоизаи Нобелро гирифтаанд. Дар аввали солњои 50-уми асри гузашта рањбарияти давлати Шўравї ба кормандони Физтех вазифа гузошт, ки наќшаи илман асосноки таљњизоти нимноќилиро бисозанд, то ки дар оянда дар истењсолот љорї кунанд. Таљрибаи Алферов дар ин соња ба кор омад ва бо иштироки бевоситаи ў нахустин транзисторњо ва дастгоњњои бо энергияи дохилї сохта шуданд. Жорес Иванович шабу рўз дар озмоишгоњ банди кор буд. Ин вобастагии сахт ба кор боиси нокомї дар зиндагии шахсиаш шуд. Ў, ки ба гурљидухтаре аз Тбилиси хонадор буд, дар њамон солњо људо шуд. Хешовандони њамсараш ба суд даъво карда, манзили зисташро дар Ленинград гирифтанд, аз љињози харидааш дар он солњо ба Алферов фаќат мототсикл расид. Чанд муддат дар љои кор болои кати «раскладушка» хобид ва дар фаъолияташ беш аз беш ба пешрафт ноил гардид. Бори дуюм ў дар 37- солагї зан гирифт, ки бењтар аз издивољи аввал буд. Соли 1959 рисолаи номзадї њимоят кард, ки дар он сохти гетероструктур (heterostructures)– кристалле, ки тавассути он таркиби химиявӣ ва хусусиятҳои физикии љисм таѓйир меёбад, тањќиќ шудааст. Дар табиат,heterostructures мавҷуд нест, он аз кристаллҳое аст, ки азҷониби одам дар муќовимат бо homostructures – кристалли дар табиат мављуд сохта шудааст. Бо вуљуди махфї будани ин мавзўъ Алферов солњои ахир ба таври умум дар ин бора њини суњбат ба расонањо маълумот медод. -Медонистем, ки ин як мавзўи фарох аст ва дар чандин кишвари љањон олимон ба тањќиќ машѓул буданд, вале манњамкоронамро бовар мекунонидам, ки дар амал мо пештар аз дигарон њастем, - гуфтааст ў. –Аввалњо ду нафар ва баъдтар чанд нафар шудем. Мо шабу рўз кор мекардем. Танњо дар соли 1966 тавонистем, ки баъзе аз натиљаи тадќиќоти худро илман асосноккунем. Боре як коромўзи љавон, ки зери рањбариам кор мекард, соати панљи сањар дар озмоишгоњ маро бедор карда гуфт: - Маро ба кори бењуда машѓул медорї. Падарат болшевики љонсахт буд ва ту њам бо усули ў моро кор мефармої -Фишор меорї, ки дар ин соња инќилоб кунем! Ба чунин суханони дурушт тањаммул мекардам, љавоби сахт намедодам. Фаќат бо гузашти ваќт маълум шуд, ки корам дуруст буда аст. Имрўз чунин ба назар мерасад, ки тамоми дастовардњои техникї моли Ѓарб бошад, аммо чунин нест. Њанўз соли 1970 дар Иттињоди Шўравї бо истифода аз гетероструктурњо аввалин панелњои офтобї сохта шуданд. Дар ИМА ин гуна таљњизот фаќат дар наќша буд, аммо дар СССР истењсолаш ба роњ монда шуд. Моњворањои кайњонї, аз љумла стансияи фазоии «Мир»-ро сохтанд. Олим њар ќадар, ки пеш мерафт, гурўњи манфиатљўву њасудон њамон андоза сараш фишор меоварданд. Як муддат бо нињодњои амният мушкил пайдо кард, ки сабабаш навис- нависи њамин гурўњи аризабоз буд. 5 сол сафар ба хориљ барояш манъ шуд. Дар мавриди љоизањои байналмилалиаш овозањо пањн карданд, дар бораи вохўрињояш бо хориљињо гап пайдо шуд. Алферов маљбур буд, ба КГБ рафта, аз хидматњо ва ихтирооти дар истењсолот мавриди истифода буда, аз сањми падараш, кибо Ленин шиносої дошт, аз бародараш Маркс, ки дар љанг кушта шуда ќањрамони муњорибаи Сталинград буд, ёдовар шавад. Дар нињоят ба њолаш гузоштанд ва дигар барои суњбат ба маќомоти амниятї даъваташ накарданд. Олим њамзамон бо пажўњишњои амалї ба донишљўён дарс медод. Дар факултети техникаи электронии Физтех кафедраи оптоэлектроника (электроникаи таљрибавї) таъсис дод. Њар сол даврањои омўзишии «Физика ва њаёт» барои бачањои болаёќат доир мекард. Бар асоси таљрибаи њосилшуда чанд сол баъд Марказиилмї- омўзишии физико-технологии Санкт-Петербург шакл гирифт, ки дар як муддати кўтоњ ба парваришгоњи донишмандони соња табдил ёфт. Олим дар яке аз мусоњибањои охирини худ таъкид кард: - Ояндаи Русия, ин илму технология аст, на фурўши ашёи хом. Таќдири кишвари мо вобастаи олигархњо – капиталистон нест, балки ба дасти шогирдони ман ва онњоест, ки дар соњаи физика зањмат мекашанд. Ин суханони шахсе аст, аз соли1987 раёсати яке аз донишкадањои номии ин соњаро бар уњда дошту соли 1990 ноиби президенти Академияи илмњои Русия интихоб гардида буд. Солњои 90-ум ба тањќиќи сохторњои нанотехнологї машѓул шуда, ноќилњои квантї ва нуќтањои квантиро ихтироъ кард. Соли 1994 гетеролазер, заминаи самти нав дар электроника – зонноинженерияро фароњам сохт. Дар як ваќт бо ў физики олмонї Њерберт Кремер ва муњаќќиќи америкої Љек Килби њам ин мавзўъро тањќиќ мекарданд. Соли 2000 ба њар се љоизаи Нобел доданд, аммо дар маросими супурдани љоиза бо маслињати њамтоёнаш танњо Алферов сухан кард. Ў донишмандона ва бо мањорат гап зад ва аз маќоли русии «њар чи ёфтї, ба се таќсим кун» («делить на троих») ёдовар шуд, ки ањли толорро хушњол намуд. Ин сухани пурњикмати олим дар сархати гузоришњои воситањои ахбори оммаи љањон аз маросими таќдими ин љоизаи байналмилалї ќарор гирифт. Олим бар ин бовар буд, ки кишвараш даромадњои аз фурўши нафт ба дастовардаашро бештар ба соњањои илмитаљрибавї бояд гузорад, то оянда тавонмандиаш бештар бошад. Тавсияе, ки нафаќат барои Русия, балки бароикишвари дигар њам судманд аст. Солењ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.