Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » 59 Даъвои бонкҳо нисбати қарзгирандагон дар соли 2015

59 Даъвои бонкҳо нисбати қарзгирандагон дар соли 2015

22-01-2016, 12:29
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
59 Даъвои бонкҳо нисбати қарзгирандагон дар соли 2015
Соли 2015 бонкҳои Тоҷикистон нисбат ба муштариёни худ барои руёнидани маблағи қарз, аз солҳои қаблӣ дида бештар даъво пеш овардаанд.

Дар ин бора Абдуҷаббор Розиқзода, муовини аввали раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода гуфт, ки давоми соли 2015 аз ҷониби бонкҳои кишвар 59 аризаи даъвогӣ нисбати муштариёнашон ворид гардид, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳалли ниҳоии худро пайдо карданд.

Муовини аввали Раиси Суди Олии иқтисодии кишвар мегӯяд, дар соли 2015 бонкҳои Тоҷикистон нисбати муштариёни худ аз солҳои қаблӣ дида, бештар даъво пеш овардаанд. Аз ҷумла дар соли 2014 шумораи чунин даъво ҳамагӣ то ба 43 адад расида буд.

А. Розиқзода, инчунин зикр кард, ки дар ин давра, дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ 5 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ шудааст, ки шумораи чунин баҳсҳо нисбати солҳои пеш то як андоза коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои А. Розиқзода, дар зарфи соли сипаришуда аз ҷониби Суди Олии иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ беш аз 400 парванда баррасӣ гардидааст, ки 169 парванда дар марҳилаи якум, 244 парванда дар коллегияи судӣ, 7 парванда дар марҳилаи назоратӣ ва 4 парванда дар Раёсати Суди Олии иқтисодии кишвар баррасӣ шудааст.
©И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: