Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд

22-04-2019, 11:25
Хабарро хонданд: 431 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид.

Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму ифтротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: