Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон

Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон

18-04-2019, 14:36
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва ё худ глобализатция кам кишварҳое ҳастанд, ки ҳифзи амнияти худро нигоҳ дошта метавонанд. Маврид ба зикр аст, ки баъди ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ 27-уми июни соли 1997 дар натиҷаи талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ барқарор ва замина барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошта шуд. Ҳарчанд дар 27 соли соҳибистиқлолӣ аксар соҳаҳо ба таври назаррас пешрафт намудаанд, аммо барои ба стандартҳои байнлмилалӣ мутобиқ намудани онҳо заминаҳои аз ин ҳам муфид лозим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои авали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилиҳои умумибашарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаббус нишон медиҳад. Бахусус барои ҳалли мушкили норасоии оби ошомиданӣ ва пешгирӣ аз тағйирёбии босуръати иқлим, ки ҳарду масъалаи ҳаёт барои кулли башарият мебошанд, ба обу рӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсири бузург гузоштанд. Ҳамчунин барои дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳиби таъриху тамаддуни куҳан муаррифӣ намудани миллати Тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, бо талошҳои Ҳукумати кишвар ба рӯйхати мероси ғайримодии башарият ворид гаштани ҷашни Наврӯз, Оши полов, Чаккан ва ғайра дар муаррифии аз ин бештари давлату миллат саҳми назаррас гузоштаву дар оянда боз хоҳанд гузошт. Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаву матонати халқ ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардидааст. Ободии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва тамоми шаҳру навоҳӣ, аз марказ то деҳот, баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинон ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта пеши назари ҳар нафари мост. Бешак ин ҳама самараи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдату ягонагӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки имрӯз дар тамоми манотиқи кишвар мардуми сарбаланди тоҷик осудаву озод зиндагӣ менамоянд ва аз ҳама хавфу хатарҳо эминнанд. Ҳама заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми тамаддунофар ва масъулиятпазир буд, ки чанде пеш тибқи раддабандии маҷаллаи байналмилалии молиявӣ «GlobalFinance» (Глобалфинанс) Тоҷикистон ба рӯйхати баъзе кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Нишондиҳандаҳои асосӣ барои таҳияи раддабандӣ эҳтимоли пайдо шудани низоъҳои ҳарбӣ, сатҳи таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ интихоб шудаанд. Дар рӯйхате, ки дар сомонаи журнал нашр гардидааст, ҳамагӣ 128 кишвар ҷой дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо индекси 10,48 дар ин рӯйхат (дар ЭКРАН) дар ҷойи 68-ум қарор дорад, ки дар муқоиса ба соли гузашта шаш зина беҳтар аст. Аз Тоҷикистон поёнтар Озарбойҷон (ҷойи 71), Эрон (77), Чин (81), Бразилия (84), Қирғизистон (89), Исроил (92), Ҳиндустон (106), Туркия (ҷойи107) қарор гирифтаанд. Россия ва Украина дар ин раддабандӣ қариб дар мавқеҳои охир-мутаносибан дар ҷойҳои 108-ум ва 116-ум ҷойгиранд. Кишвари амнтарини сайёра дар ин раддабандӣ Исландия муайян шуда, ҷойи аввалро ишғол кардааст. Дар зинаҳои дуюм ва сеюм Швейтсария ва Финландия ҷойгиранд. Рушди ноустувори иқтисодӣ дар ин давлатҳо низ марбут ба кам таъмин шудани амнияти шахсии шаҳрвандон аст. Коршиносон масоили сайёҳӣ мегӯянд, боло рафтани ҷойгоҳи кишвар дар чунин раддабандиҳо ба сафари бештари хориҷиён мусоидат намуда, ширкатҳои сайёҳӣ аксаран аз чунин раддабандиҳо барои тавсеаи саёҳат ба кишварҳо истифода мекунанд. Эҳтимол аст дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» боз ин соҳа беш аз пеш рушд ёбад. Тавре дар боло қайд намудем, раддабандӣ дар маҷаллаи байналмилалии Global Finance, бар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба таҳия шуда, се омил дар ин таҳқиқ ба назар гирифта шудааст. Ҷанг ва сулҳ, амнияти хусусӣ ва хатари фалокатҳои табиӣ нишондоди амниятии кишварҳо мебошад. Хатари зиёди як омил дар умум наметавонад ба баҳои умумии кишвар таъсир гузорад. Хушбахтона Тоҷикистон аз ин омилҳо дур аст. Инро бояд эътироф кард, ки имрӯз дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон озодона гашту гузор карда, хатаре таҳдид намекунад. Гарчанде, хатари офатҳои табиӣ мавҷуд аст, аммо дар Тоҷикистон аксаран онҳо пешгӯишаванда мебошанд, ки хориҷиён ва шаҳрвандони кишвар аз онҳо дарамонанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли гузашта, наздик ба як миллион сайёҳ баТоҷикистон омадааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои як нафар сайёҳ, умуман хориҷӣ ва худи мардуми Тоҷикистон ин сарзамин хатаре надорад. Ба ақидаи сиёсатшиносон ҳифзи амният дар паҳлӯи кишвари ноамне мисли Афғонистон кори сода нест. Бинобар ин ба таъмини амнияти кишвар бояд арҷ гузошт. Масъулини ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, хориҷиён ҳангоми сафар ба кишвар ба масъалаҳои дохилӣ эътибор намедиҳанд. Онҳо бештар дар бораи амният ва шароити хуби сайёҳӣ меандешанд. Барои сайёҳ муҳим ин аст, ки бемаврид онҳоро пурсуҷу накунанд ва ҷойи хобу шароити хӯрок хуриашон хуб бошад. Маълум аст, ки соҳаи сайёҳӣ барои таъсиси ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақим, доимӣ ва мавсимӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳар як сайёҳ метавонад барои таъсиси то 15 ҷойи корӣ мусоидат намояд. Ин омилҳоазмотақозо мекунад, ки ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз тамоми имконияту захираҳо истифода барем ва аз манфиатҳои соҳа то ҳадди ниҳоӣ бархурдор шавем. Зеро, захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатию муолиҷавӣ, куҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардааст. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти соҳаисайёҳӣ барои таъмини рушди иқтисодиимамлакат, таъсиси ҷойҳоикориинавва баланд бардоштани сатҳинекуаҳволиимардум, солҳои 20019-20121 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардашуд. Эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ»дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ки дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил мегардад. Синхрон: Боиси фараҳмандист, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҳукумати мамлакат, соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбӣ ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеихудротадриҷанбеҳтарумустаҳкамнамудаистодааст ва соҳаи сайёҳии Тоҷикистон тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ ба даҳгонаҳои беҳтарини кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз руи таъмини амнияти шабона, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштаст. Тибқи маълумотҳои мавҷуда, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардидааст. Душанбе яке аз шаҳрҳоест, ки хориҷиён барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати худ ба ин ҷо сафар мекунанд. Феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе – китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд. Бо амалисозии сиёсати «Дарҳои кушод», Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ин омил барои ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Имрӯз вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ин муттаҳид шудан дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, саҳмгузорӣ дар ҳимояи осоиштагии Ватан ва ҳифзи якпорчагии он мебошад.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: