Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон -2019» мешавад

Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон -2019» мешавад

16-04-2019, 11:45
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон -2019» мешавад
«Рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар шароити равандҳои муосири иқтисодӣ»- таҳти чунин унвон 20 апрел дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ- инвеститсионии «Тоҷикистон-2019» доир мегардад. Созмони байналмилалии инвеститсионӣ-машваратии «Тоҷ Сармоя» ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз созмондиҳандагони ҳамоиши байналмилалии инвеститсионӣ буда, он дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Аз Созмони байналмилалии инвеститсионӣ- машваратии «Тоҷ Сармоя» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиши байналмилалии инвеститсионии «Тоҷикистон -2019» роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ, доираҳои соҳибкории Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Баррасии иқтидори инноватсионии соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва сиёсати содиротивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷустуҷӯи имкониятҳои рушди соҳибкории муосир, баҳогузорӣ ба захираҳои мавҷуда, таҳлили усулҳои муосири ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ, ҷонибдории тиҷоратӣ-электронӣ ҷиҳати баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳибкории муосир дар кишвар аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши байналмилалии инвеститсионии «Душанбе-2019» маҳсуб меёбанд.

Тибқи иттилоъи сарчашма, дар Форуми инвеститсионӣ лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои сохтмон, сайёҳӣ, логистикаи байналмилалӣ, ташкили марказҳои логистикӣ, кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти инноватсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои бурунмарзӣ, барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ муаррифӣ мегарданд. Инчунин дар доираи Форуми инвеститсионӣ вохӯрию суҳбатҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар шакли B2B доир мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: