Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Р У Ш Д И С А Й Ё Ҳ Ӣ

Р У Ш Д И С А Й Ё Ҳ Ӣ

8-04-2019, 13:08
Хабарро хонданд: 492 нафар
Назарҳо: 0
    Р  У  Ш  Д  И    С  А  Й  Ё  Ҳ  ӢСоҳаи сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, дар аксари кишварҳои олам ба даромади асосии аҳолӣ табдил ёфтааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тули даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳавуллоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст.
Сайёҳӣ барои таъсиси ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақим, доимӣ ва мавсимӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳар як сайёҳ метавонад барои таъсиси то 15 ҷойи корӣ мусоидат намояд. Шуғли аҳолӣ дар бахши сайёҳии ҷаҳон 277 миллион ҷойи кориро ташкил дода, то соли 2022 ба 350 миллион нафар мерасад ва мавқеи хосу устувор дорад.
Ин омилҳо аз мо тақозо мекунад, ки ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз тамоми имконияту захираҳо истифода барем ва аз манфиатҳои соҳа то ҳадди ниҳоӣ бархурдор шавем. Зеро, захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатию муолиҷавӣ, куҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардааст.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ барои таъмини рушди иқтисодии мамлакат, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, соли 2018 Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ки дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил гардид.
Дар давоми соли 2018 барои рушду нумуи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани саҳми соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Бо амалисозии сиёсати «Дарҳои кушод», Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ин омил барои ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Пешвои миллат дар Паёми худ, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардида буд, як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав фароҳам оварданд, ки барои рушди соҳа мусоидат намуда истодааст.

Дар доираи “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” як қатор иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои хурду калон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардида, сохтмони биноҳои иловагӣ ва инфрасохтор дар ин самт идома дорад. Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҳукумати мамлакат, соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбӣ ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст ва соҳаи сайёҳии Тоҷикистон тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ ба даҳгонаҳои беҳтарини кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз руи таъмини амнияти шабона, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рўи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштаст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, то санаи 22 ноябри соли 2018, 67 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд ва дар маҷмуъ шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 141 адад расида, дар назар аст, ки ояндаи наздик боз як чанд ширкати дигар таъсис дода шавад.

Давоми соли 2018 Портал ё сомонаи миллии сайёҳии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуд ва айни ҳол портали миллӣ бо забонҳои немисӣ ва испанӣ низ фаъол гардидааст. Портали мазкур тавассути Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба 158 давлатҳои увзи комиҳуқуқи Созмон ва 509 ассосиатсияву созмонҳои байналмилалии узви вобастаи он муаррифӣ карда шуд ва ба ин васила бори нахуст соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид.
Бо мақсади баромадан ба бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, давоми соли 2018 ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар дохил хориҷи кишвар фаъолона иштирок намуда, имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифи кардаанд. Дар натиҷаи таблиғу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, аксари ширкатҳои сайёҳӣ аз содироти сайёҳон ба хориҷи кишвар, бештар ба воридоти онҳо ва сайёҳии дохилӣ машғул шуда, зиёда аз 30 хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Инчунин бо мақсади тарғиби рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ як қатор чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки ин ба рушди сайёҳии дохилӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Дар ин давра дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо вобаста ба муаррифии маҳсулоти ҳунармандон таҳия гардида, тибқи нақша-чорабиниҳо дар рузҳои истироҳатӣ дар Боғҳои фарҳангӣ фароғатии шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти дастӣ ҳунармандон пешкаши меҳмон ва сайёҳони хориҷӣ гардонида шуд. Гуфта мешавад, ки ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун армуғони арзанда барои сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нақши бориз мегузорад.

Дар заминаи Нақша чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Душанбе чандин Конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Зимни баргузории чорабиниҳо қайд карда шуд, ки захира ва имконияти сайёҳии кишвари мо дар самти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар минтақа хеле фаровон аст. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ—обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».
Коршиносон ба ин назаранд, ки давоми солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ дар қатори саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ-фароғатӣ, саёҳати саноатӣ, тиҷоратӣ ва саёҳати корӣ низ ривоҷ ёфта, мавҷудияти куҳҳову доманакуҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, барои руйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Қобили тазаккур аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои таблиғу ташвиқи захираҳо ва муаррифии шоистаи кишвар дар ҷаҳони имрӯза аҳамияти муҳим доранд.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардидааст. Душанбе яке аз шаҳрҳое аст, ки ҷаҳонгардон барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати худ ба ин ҷо сафар мекунанд. Феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе – китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.
Ҳамчунин ќайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 2 январи соли ҷорӣ фармон дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021-ро ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармон бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ба имзо расидааст.

Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: