Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Қабули 100 нафар аъзои нав

Қабули 100 нафар аъзои нав

12-10-2015, 12:10
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Қабули 100 нафар аъзои навДар Исфара сафи хоҳишмандон ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Точикистон зиёд мешавад. Ин аст, ки беш аз 150 нафар кормандони соҳаи тандурусти бо ариза оид ба қабул ба узвияти ҳизб мурочиат намуданд. Дар навбати аввал 100 нафари онҳо баъди омузиши ҳуччатҳо ва тавсияҳои аъзоёни фаъол ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд. Ба ин муносибат маросими қабул ба сафи ҲХДТ дар беморхонаи марказии шаҳр доир гардид. Дар он раиси кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Эгамзод Муртазо Машрафи зимни супоридани шаҳодатномаҳо ба аъзоёни нав иброз дошт, ки узвияти ҲХДТ натанҳо шомилгарди ба ҳизбе, балки масъулиятдорист. Масъулият барои ободии меҳан, ояндасозии кишвар ва фароҳам овардани шароити рушд барои наслҳои созандаву ободкор мебошад. Онҳое, ки имруз ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуда истодаанд, дар назди оянда рисолат доранд. Рисолати онҳо саҳмгири дар амалигашти Барномаҳои ҲХДТ ва риояи талаботи оинномавии он мебошад. Бинобар ин ҳар як аъзоро лозим аст, дар баробари муттаҳиди зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои пешгирии паҳншавии шуури ба маданияти мо бегона талош намояд. Дар чамъомади супоридани шаҳодатномаҳо ба аъзоёни тозаинтихоб сардухтури БМШ Тайибиддин Муҳаммедов ҳангоми ибрози андеша гуфт, ки воқеан табибон ва кормандони соҳаи тандурусти паҳнкунандаи афкори пешқадам ва ғояву ҳадафҳои ҲХДТ-ҳизби ояндасози чомеа буданд ва чунин хоҳанд монд. Маросими қабул ба аъзоги дар фазои кушод ва озод сурат гирифт.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: