Белорусия барои муколамаи созанда бо НАТО омода аст26-02-2019, 15:30
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Белорусия аз татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна дар олам бетараф нест ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳамеша барои ҳамкорӣ дар ин самт омода аст, аз ҷумла бо НАТО. Дар ин бора Александр Лукашенко 22-юми феврал дар ҷараёни мулоқот бо донишҷӯёни Академияи ҳарбӣ, шунавандагон ва ҳайати омӯзгорони Академияи ҳарбии кишвар эълон кардааст, хабар медиҳад котиботи матбуотии Президенти Белорусия. -Имрӯз мо мебинем, ки фаъолияти “Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ” дар қитъаи Авруосиё ба таври ҷиддӣ густариш ёфтааст. Васеъ шудани паймонҳои низомӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави мухолифати ҳарбӣ вазъиятро дар марзҳои мо мушкил мегардонад. Ҳама медонанд, ки Белорусия аз татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна дар канор нест", - гуфтааст Александр Лукашенко. Президент таъкид дошт, ки дар мадди аввал кишвараш манфиатҳои худро ҳимоя хоҳад кард, аз он ҷумла дар чаҳорчӯбаи барномаи муштараки мудофиавӣ, ки бо шарики стратегии худ, Федератсияи Русия дорад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ин маънои онро надорад, ки Белорусия бо дигар кишварҳо дар соҳаи низомӣ ва сиёсӣ ҳамкорӣ нахоҳад кард. -Белорусия ҳамчун давлати мустақил, барои муколамаи созанда, аз ҷумла бо Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар такя ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва шаффофият омода аст. Мо аз ҳамкорӣ бо касе худдорӣ намекунем. Мо омода ҳастем, ки ин муколамаро давом диҳем ,-гуфтааст Александр Лукашенко. Ӯ ҳамзамон таъкид дошт, ки Белорусия манфиатҳои худро дорад, ба ин хотир шарикон ва онҳое, ки мехоҳанд бо ин кишвар ҳамкорӣ кунанд, бояд ба манфиатҳои миллии Белорусия эҳтиром гузоранд: -Бо вуҷуди ин, Шумо, хатмкунандагони ояндаи Академияи ҳарбӣ бояд ҳамеша ба ҳар гуна рӯйдодҳо омода бошед. Мутахассисони баландихтисос, ватандӯст бошед. Мо бояд сарнавишти ояндаи давлати худро ба даст гирем - гуфт президент. Александр Лукашенко қайд кардааст, ки ӯ хурсанд аст, бо насли ҷавони хизматчиёни ҳарбӣ дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан ва Қувваҳои мусаллаҳи Беларусия мулоќот намуд. Бо онҳое вохӯрд, ки дар ояндаи наздик таъмини амнияти милливу давлатӣ дар дасташон аст: -Дар инҷо будан барои ман боиси хушҳолист, зеро ман иқдомоти аввалини худро вобаста ба ташкили муассисаи таълимии замонавии ҳарбӣ дар ёд дорам ва муҳим аст, ки бо гузашти чанд сол бубинам, ки Шумо ба чӣ дастовардҳо ноил гардидаед”-гуфт Лукашенко. Президент таъкид кард, ки сулҳ ва истиқлолият барои мардуми Беларусия арзишҳои олӣ доранд, ки аз ҷониби наслҳои гузашта ба мо мерос мондааст. Бо гузашти 75- соли озодии Белорусия аз истилогарони фашистӣ Ватан аз қаҳрамониҳои фарзандони худ ёдоварӣ менамояд: - касоне, ки озодиву мустақилияти Ватанро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳофизат карданд, инҳоянд. Онон буданд, ки таҳкурсии давлати соҳибистиқлол, мустақили - Белорусро гузоштанд. Албатта, мо бо қаҳрамонии таърихии худ ифтихор мекунем”, - гуфт Александр Лукашенко. Ба гуфтаи ӯ, ҳайати низомии имрӯзаи кишвар барои пешбурди анъанаҳои пешиниён арзанда ҳастанд. "Имрӯз дар ҷамъомад курсантҳо ва донишҷӯёни Академияи ҳарбӣ ҷамъ омадаанд. Ин ифтихори артиши миллии мо аст, ки назарияи муосири онро ташаккул медиҳад. Маҳз аз шумо ояндаи давлат ва Қувваҳои мусаллаҳи он вобастагӣ дорад. Ман мебинам, ки ин ҷо омӯзиши ҳайати роҳбарон дар сатҳи баланд қарор дорад. Ба ҳифзи анъанаҳо, омӯзиши таърихи ҳарбии худ, таҷрибаи ҷангҳои муосир, низоъҳои маҳаллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав диққати махсус дода мешавад ».-таъкид дошт сарфари давлат Махсус ҷолиб аст, гуфт,-Александр Лукашенко, -ки бо нахустин қисми иттилоотии қувваҳои мусаллаҳи кишвар сӯҳбат кунам. "Аммо ин танҳо ибтидо аст. Ва ман ба сарварон гуфтам: мо набояд нисбати ин иқдоми пешгирифта беэътино бошем. Он бояд рушд кунад, он бояд на танҳо барои бозори дохилии кишвари мо, балки бояд коркард ва содирот шавад, аз ҷумла маблағи хуб оварад. Дар акси ҳол, мо наметавонем бо “Парки Технологӣ” рақобат кунем",-изҳор дошт сарвари давлат. Александр Лукашенко ҳамзамон гуфт, кӯшишҳои факултет бояд ба таҳлили ҷаҳонбинии курсҳо ва донишҷӯён равона карда шаванд, чунки кормандони хадамоти ҳозиразамони ҳарбӣ бояд рӯйдодҳоро дар ҷаҳон таҳлил кунанд. Ҳамаи донишҷӯён, махсусан донишҷӯёни факултети Ситоди генералӣ бояд ҷойгоҳи Беларусияро дар системаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва амнияти ҷаҳонӣ дарк намоянд”, - қайд кард сарвари давлат. Александр Лукашенко дар интиҳо донишҷӯёни Академияи ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Беларусияро бо ҷашни дар пешистода табрик намуда, дар фаъолияти низомӣ љасорат ва садоќатро таманно намуд. Тарҷумаи Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.