Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оғоз мешавад!

Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оғоз мешавад!

13-02-2019, 09:43
Хабарро хонданд: 453 нафар
Назарҳо: 0
Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оғоз мешавад!

ПАНҶ. Ҳадаф аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар навбати аввал рушд додани инфрасохтори деҳот, ҳамаҷониба тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шоиста имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ба таври замонавӣ эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ва бо ин васила муаррифи намудани он ба ҷаҳониён мебошад.

Вобаста ба ин бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо сокинони маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрии судманд доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳошимов Тоҳир- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия оғоз гардида, дар бораи нуқтаҳои асосии Паём- саноат, иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, ки таҳлилу баррасӣ гардида, дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.

Баъдан, оид ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ сухан рафта, қайд шуд, ки дар ин замина ҳизбиён мувазафанд, ки дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи ҲХДТ ва Раиси муаззами ҳизб ҳиссагузор шаванд.

Дар охир, ҷихати роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбӣ-тарғиботии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон таҳти шиори «Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оғоз мешавад!» бо тоза кардани гирду атрофи хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, тоза кардани ҷуйи обгузар аз партовҳо ва шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда машғул шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: