Тақдими китоб хайри ҷория ва омили баланд гардидани сатҳи донишу маърифати сокинон аст13-02-2019, 09:41
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод, мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Акрамов Раҳим ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Замонов Азиз иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», андешаронӣ намуда, сокинонро ба корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланду сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ карданд. Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Бӯстон китобҳои бадеӣ, аз қабили ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ, «Баҳористон»-и Саъдии Шерозӣ, « Мактаби кӯҳна»-и Садриддин Айнӣ, «Устоди аввалин»-и Чингиз Айтматов ва дигар номгӯи китобҳо тақдим карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.