ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ12-02-2019, 09:46
Хабарро хонданд: 407 нафар
Назарҳо: 0
Гузориш аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 7 феврал дар Китобхонаи миллӣ Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи фаъолият барои соли 2019 муайян шуд. Дар маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парламент, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, роҳбарон ва намояндагони кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори омма, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд. Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис оид ба “Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ барои соли 2019”-ро ба муҳокима гузоштанд. Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи Пешвои миллат ҳизби мо мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Зеро дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир аксари мутлақи ҳодисаҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд». Зикр гардид, ки мо ҳоло дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб барои сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шудани кишварамон талош дорем, хусусан бунёди корхонаҳои бузурге, ки барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард. Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият ва далелҳои мушаххас хотиррасон намуданд, ки бештари дастовардҳои назарраси кишварамон, албатта, бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳизб бо ташаббусҳои бузурги созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард, инчунин дар коркарди самтҳои муҳимтарин ва муносибатҳои ҳасанаи сиёсӣ фаъолона иштирок намуд, муҳимтар аз ҳама, ба пешрафти як қатор ҷанбаъҳои калидии кор такони нав бахшид. Дар шароити феълӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 460 ҳазор аъзо дорад, ки 220 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора беш аз 176 ҳазори онҳо ҷавонони аз 18 то 30- сола мебошанд, ки муҳаррики ҳизб буда, дар пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон нақши муассир доранд. Ба таъкиди Раиси Ҳизб, боло бурдани обру ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад. Имрӯз ҳизб ба қувваи бузург табдил ёфтааст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкили мардум бояд расидагӣ кунад. Ташкилотҳои ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд. Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Раиси ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба дар музокира иштирок намуданд. Аз ҷумла Дилафрӯзи Абдулло - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт: «Имрӯзҳо занону ҷавондухтарони дар сафи ҲХДТ шомилбуда, дар ҳамаи маъракаҳои сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ низ саҳми арзандаи худро гузоранд. Мо, занону ҷавондухтарони Тоҷикистон арзиши истиқлолияту озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромиро медонем ва дарк намудаем, ки ин арзишҳо бо кадом заҳматҳо ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, бо дарки масъулияти бузурги ватандорию миллӣ, сиёсати пешгирифтаи Пешвоир миллатро дар ҳамаи самтҳо дастгирӣ намуда, якҷоя дар рушду ободии кишвар, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон қувваи бузурги худро равона месозем!». Раиси ташкилоти ибтидоии “Сомониён”-и шаҳри Хоруғ Солеҳҷон Амирҷонзода дар баромадаш зикр намуд, ки “Дар марҳилаи пурталотуми гардиши куллӣ ва таҳдиду рӯйдодҳои нохуши террористиву экстремистӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаҳмиши баланди Ватану ватандорӣ, бо ҳисси баланди худшиносӣ, давлату давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, минҷумла дар таҳкими Истиқлолияти давлатию ваҳдати комили миллӣ бо ҳушёрию зиракии сиёсӣ қарор дорем ва кишвари азизамонро қадам ба қадам ба сӯйи музаффарияту фатҳи қуллаҳои ҳидоят хоҳем кард, зеро ҳар яки мо имрӯз дар назди Ватан ва насли ояндаи ин кишвар масъулияти бузургро бар дӯш дорем». Фарҳод Абдувализода - сармуҳаррири рӯзномаи “Суғд ҳақиқатӣ” аз он ёдовар шуд, ки «Соли 2018 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мардуми шарифу тамаддунофар, фарҳангсолору меҳанпарасти кишвари азизамон баробари дигар муваффақияту пешравиҳо боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ, ин ҳалли муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки аз ин амали шоиста ҳар як фарди бедордилу меҳанпараст шоду масрур гашт. Ин воқеаи таърихиро мардуми ҳар ду кишвар ҳаргиз фаромӯш намекунад ва он бо мурури замон мустаҳкамтар хоҳад шуд». Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе Сайдалӣ Шамсов гуфт, ки «Ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Сарвари давлат аст, ки имрӯз насли ҷавони тоҷик бо дили гарм ва боварӣ ба ояндаи дурахшон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ содиқона ва бо завқи баланд фаъолият карда истодаанд. Дар ин замина, метавон гуфт, ки дар ҳошияи сиёсати ҷавонпарваронаи Шумо Пешвои миллат ва дар асоси ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ куллан симои худро дигаргун карда истодааст». Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Махфират Давлатзода бо хушнудӣ изҳор дошт, ки «Фақат рӯйдодҳои фараҳбахштарини соли сипаригардида - ба истифода додани агрегати нахустини НБО Роғунро ёдовар шудан кофист, то бароямон аён бигардад, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ ҷаҳиши бузурге рух додааст ва ин ҷаҳиши бузург чӣ имкониятҳои пешрафту тараққиро барои ҷумҳурии мо боз мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо Ҷаноби Олӣ ҳамчун сарпарасти маънавии НБО «Роғун» муайян шуда, миёни аҳли заҳмати он бо иштироки аҳли ҳунар ва шоиру нависандагон пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои таблиғотиву ташвиқотиро баргузор менамояд. Аксари кормандону мутахассисони ин иншооти бузурги аср аъзои фаъоли ҳизби мо ба ҳисоб рафта, аз муайян намудани мавқеи сиёсии худ аъзои ҲХДТ буданашон ифтихор доранд». Менеҷер оид ба ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд, Умеда Абдурашидова аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки зан, модар ва ҳунарманд ҳасту дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон зиндагӣ ва кору фаъолият дорад ва Пешвои муаззами миллат моро сарвару раҳнамо аст: «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои мо ҳунармандон мактаби бузурги омӯзиш гардид. Бино ба маълумоти муассисаи давлатии эҳёи ҳунар дар вилояти Суғд беш аз 267 марказҳои ҳунармандӣ ва 997 ҳунармандон дар соҳаи адрасу атласбофӣ, қолибофӣ фаъолият мебаранд, ки дар соли сипаришуда то 7000 шогирдонро омӯзонидаанд. Ҷорӣ намудани ҳунарҳои милллӣ дар муассисаҳои таълимӣ низ саҳми худро дар бедор кардани шавқи касбомӯзӣ, зебоипарастӣ, шинос шудан бо анъанаҳои миллӣ, қадрдонии меҳнати дастӣ гузошт. Мо, ҳунармандон, кормандони соҳаи сайёҳӣ аз эълон гардидани “Соли 2019-2021 ҳамчун соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳақиқат сарфароз ва сипосгузорем». Сайидбек Мирзомуддинов - раиси ташкилоти ибтидоии “Иттиҳод” аз ҷумла гуфт, ки «мо намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон новобаста аз он ки дар хориҷи кишвар ҳастем, барномаи ҳизбро барои амалӣ гаштан кӯшиш дорем ва дар доираи он фаъолият мекунем. Яке аз иқдомҳои мо кушодани қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб мебошад, ки дар тӯли соли 2017-2018 беш аз 2700 муҳоҷирро қабул намуд ва барои ҳалли мушкилоти онҳо ёрии амалии худро расонид. Самти дигари муҳимми кори мо дар муҳоҷират кор бо қишри ҷавонон, махсусан ҷавонони донишҷӯ мебошад. Мо дар давоми соли гузашта бо онҳо 23 вохӯриву мулоқот ташкил намудем ва ҳамзамон ба 52 нафари онҳо стипендияҳои ҳизбӣ дода истодаем. Ҳамеша таъкид месозем, ки инсони комил, ватандӯст ва мутахассисони варзида бошанд ва барои рушди кишвар саҳм гузоранд. Инчунин, дар доираи робитаҳои байниҳизбӣ бо ҳизби «Единая Россия» ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондаем. Мо як мақсад дорем, ки мувофиқи дастурҳои Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, берун аз кишвар ҳам тоҷикону Тоҷикистонро сазовор муаррифӣ намоем» . Корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Олимов дар баромадаш аз нақши иттилоот дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ёдовар шуд: «Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва фаромиллӣ гардидани мушкилоти сайёра, васеъ гардидани майдонҳои иттилоотӣ ва бештар гардидани хатарҳои кибериттилоотӣ ба афкору амнияти миллӣ, моро водор менамояд дар ин масир муборизаро бо роҳу усулҳои нави муосир ва ҳифз намудани амнияти иттилоотии кишвар бештар намоем. Зеро дар шароити кунунӣ марзҳои амниятии кишвари мо танҳо ба замину фазо маҳдуд набуда, аз марзҳои иттилоотӣ ва ахлоқию фарҳангӣ низ иборат мебошад». Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Бахтовар Сафарзода гуфт, ки “нақши барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муҳтарами миллати мо бунёду пояи тавонои ояндаи босаодати миллат аст. Дар мақоми қонунгузор ва олии намояндагии кишвар – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барномаҳоро вакилон – аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият ва шарафмандӣ амалӣ карда истодаанд. Ҳадафҳои асосии вакилон-аъзои Фраксия ин амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб ва Маҷлиси намояндагон, амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳое, ки аз мулоқоту вохӯриҳо бо мардуми кишвар бармеоянд, маҳсуб меёбанд» . Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост. Алӣ ҶӮРА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.