Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масъулият ва ташаббус

Масъулият ва ташаббус

12-02-2019, 10:04
Хабарро хонданд: 385 нафар
Назарҳо: 0
Масъулият ва ташаббус

Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7 феврвли соли 2019

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки чанде қабл дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид дарси ибрат барои ватандорон, барои онҳое, ки воқеан кишвари худо дӯст медоранду нисбати тақдири миллат бетараф нестанд маҳсуб меёбад. Ин мулоқоти самимиву пурмазмун барои аъзоёни ҳизб самти наверо дар фаъолияти минбаъда муаййан кард ва нерӯи тозаеро дар ниҳоди ҳар як нафар ширкаткунандаи ин маҷлис бедор намуд. Ҳини ширкат дар ин мулоқот дар ниҳоди инсон муҳаббат, эътимоду эътиқоди дигар нисбати Пешвои миллат бедор мешавад ва ҳисси ифтихори он, ки зодаи ҳамин куҳандиёр ҳастиву идомадиҳандаи корномаҳои фарзандони арҷманди миллат мебошӣ туро ба зиндагӣ ва ояндаи меҳан дилпур ва дилгарм месозад. Нахуст Пешвои миллат ишорат бар он карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавҳари меҳварии фаъолияти хешро бояд дар иртиботи қавиву муттасил бо мардум донад ва барои амалӣ намудани ормону орзуҳои сокинони кишар хидмати шоистаро адо созад. Маҳз ҳамин рисолати муқаддас Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби мардумӣ байни мардум муаррифӣ мекунад. Пешвои миллат ҳарҷанд ин рисолатро дар сатњи зарурӣ анҷом дода меҳисобанд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро як нерўи тавонову созандаи ҷомеа маҳсуб медонанд вале ҳамоно аъзоёни ҳизбро ба фаъолияти фаъолонаи муттасил барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум даъват намуданд ва дар ин ҷода дастуру супориш ва маслиҳатҳои муфиди хешро баён карданд. Аз ҷумла аз назари Пешвои миллат дар самти иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ аз ҳар як нафар тақозо мешавад ки бо масъулияти том, меҳнати содиқона, бо дарки хостаҳову ормонҳои ҳар як сокини кишвар амал намояд. Пешвои миллат дастовардҳои халқу миллат ва давлатро дар меҳнати аҳлона, азми қатъӣ ва садоқату боварӣ ба нерӯӣ якҷоя мебинанд ва дар ин маврид бунёди нерўгоҳи барқи обии “Роғун” –ро мисол меоранд. Ба қавли Сарвари давлат «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иќтисодиву иљтимоии кишвар ва зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон ва гузашта аз ин, кишварҳои ҳамсоя мебошад”. Дар бунёди ин сохтмони асрҳо Пешвои миллат саҳми аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро низ қайд намуданд, ки қисме аз онҳо барои меҳнати шоёнашон дар ин арсаи

мардонагӣ соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд. Дар ин маврид Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи асосӣ ва муҳим яъне сафарбар кардани қувваи бузургро дар иҷрои супоришҳои додашуда бо сарбаландӣ адо кард.

Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз нерӯи бузургеро мемонад, ки беш аз 460 ҳазор нафар аъзо дорад ва дар самти иҷрои нақшаҳои бузурги давлатӣ онҳо саҳми беандоза доранд. Пешвои миллат дар ин маврид аз њадафи чоруми стратегии давлат яъне саноатикунонии босуръати кишвар ёд карда дар ин вазифаи мушкилу сангин эътимоду боварии хешро ба азми қавию фаъолияти мақсадноки аъзои ҳизб иброз доштанд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки ”Яке аз вазифаҳои асосии ҳизби мо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа аз он иборат аст, ки ба вусъати бештари раванди ислоҳот дар кишвар, пешрафти устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати он ва муимтар аз ҳама, ба худкифо шудани иққтисоди миллӣ мусоидат намояд”.

Зимни суханронӣ ва мулоқоти пурмӯҳтаво Пешвои миллат оид ба нақшаҳо ва вазифаҳои аъзои ҳизб дар мавриди эълон шудани солњои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сухан карда пешниҳодҳои мушахаси хешро дар мавриди беҳтар намудани инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳоти мамлакат бо оби босифати ошомиданӣ ва баланд

бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баён сохтанд. Махсусан дар мавриди ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани занҳои хонашин, дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон эътибори хоса зоҳир намуданд, ки дар иҷрои ин амали нек роҳбарони кумитаҳои иҷроияҳои вилояту шаҳрҳо муваззаф гардиданд.

Сарвари давлат зикр намуданд,ки “Тоҷикистон дар масъалаи об дар ҷаҳон яке аз кишварҳои пешоҳанг мебошад ва ҳамчун сарчашмаи обҳои мусаффою шифобахш ва бо захираҳои азими обии худ дар минтақа нақши асосӣ дорад”. Воқеан ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди об чаҳор маротиба пазируфта шуд ва соли гузашта дар доираи татбиќи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар маркази Ватанамон шаҳри Душанбе конфронси бонуфузи байналмилалӣ доир гардид, ки дар он намояндагони 120 кишвар ширкат варзиданд. Мусаллам аст, ки ин ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон дар ду самт сурат мепазирад. Нахуст он таъсири бузурге дар истифодаи оқилонаи об ва дастрасии оби ошомиданӣ дар курраи арз дошта бошад, сониян дар кишвари худамон низ бо ҷалби сармоягузориҳои мустақим масъалаи мушкилоти об, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Дар ин ҷода низ саҳми аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бузург аст ва мавқеи онҳо, назару андеша ва пешниҳодҳои мушаххаси ҳизбиён дар амалӣ шудани ниятҳо ва нақшаҳо мақоми хосаро молик аст.

Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳизбиён оид ба як дастоварди муҳими сиёсӣ дар соли 2018 барқарор шудани муносибатҳои дуҷониба ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори назар намуда, гуфтанд,ки Тоҷикистон дар доираи «сиёсати дарҳои кушод» минбаъд низ бо кулли давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро идома хоҳад бахшид. Ин сиёсат дар баланд шудани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидатнамуда истодааст.

Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мактаби сиёсии ҳаёт номида, онро дорои қувваи бузург арзёбӣ намуданд. Дар суханронии худ гуфтанд,ки “Мо имрўз бо далелҳои мушаххас гуфта метавонем, ки бештари дастовардњои назарраси кишварамон, албатта, бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад.”

Пешниҳоди дигари Пешвои миллат марбут ба фаъолияти минбаъдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба бознигарӣ ва таҷдиди усули кор,ҳар як нафар аъзои ҳизбро ба масъулиятшиносӣ, муносибати эҷодкорона ва омӯзиши амиқу муттасил раҳнамоӣ менамояд. Зеро вобаста ба тақозои замон, пешравии илму техника, густариш ёфтани фазои иттилоотӣ, рӯи кор омадани силсилаи зиёди сайтҳои иҷтимоӣ, дарёфт кардани муносибатҳои нави эҷодӣ дар мавриди кори тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ва усулҳои нави ҳадафмандонаро ба кор андохтан ногузир аст. Дониши баланд, назари фарох, муносибати оқилона,ҷасуриву боварӣ ба нерӯи худ аъзои ҳизбро дар байни омма сарбаланд месозад ва

обрӯву нуфузи ҳар як нафар ин бурди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷойҳо хоҳад буд. Дар ин маврид дастуру супориш ва маслиҳатҳои пурмазмун ва оқилонаи Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҷои зикр аст, ки тарбия намудан муҳимтарин хислатҳои инсони бурдбор чун инсондӯстӣ, ҷасорат, мардонагӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, мубориз будан ва монанди инҳоро дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон кори аввалиндараҷа ҳисоб менамоянд. Махсусан пешниҳоди Пешвои миллат оиди дорои барномаи мушаххаси амал будани ҳар як нафар аъзои ҳизб шоистаи андеша ва амал кардан мебошад. Зеро фаъолияти худро дар заминаи барнома ва нақшаи мушаххаси ҳадафманд қарор додан инсонро ба мақсади олии зиндагӣ хоҳад расонид. Дар ин маврид зиндагӣ, корнома, фаъолияти сиёсӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрати ҷавонон хоҳад буд. Зеро онҳое, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд пайрави арзандаи Пешвои миллат,ташкилотчии беназир, дорои дониши баланди сиёсӣ ва намунаи ибрат дар байни мардум бояд бошанд. Ба қавли Пешвои миллат аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ин масъулият мебошад.

Дар маърӯзаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ва ташвишовари замони муосир зуњуроти хатарноку номатлубе чун экстремизму терроризм қарор дошт,ки муборизаи доимӣ бо он яке аз самтҳои асосии

фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба андешаи Сарвари давлат мубориза бо экстремизм ва тероризм вазифаи танњо сохтору маќомоти дахлдор нест балки кори тамоми љомеа аст ва дар ин раванд ҳар як узви ҳизби пешрав аз рӯи қарзи ватандориву инсонпарварӣ бояд саҳми худро гузорад. Дар партави дастуру супоришоти Пешвои миллат дар ин самт низ роҳу усулҳои тозаи муборизаро дарёфтан, вазъи ҷомеаро аз лиҳози назару ҷаҳонбинии сиёсӣ мавриди омӯзиш қарор додан, пайваста дар байни мардум будан ва мулоқотҳои ҳадафмандона баргузор кардан ва дар пешгирии ҷалби ҷавонон ба афкори муғризонаи душманони миллат саҳм ниҳодан аз вазифаи ҷонии ҳар як нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Зеро танҳо зиндагии осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ, фаъолияти якҷояи қишрҳои мухталифи ҷомеа мардуми тоҷикро ба ҳадафҳои олии худ хоҳад расонид.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳар як нафар аъзои ҳизбро дар ба роҳ андохтан ва иҷрои вазифаҳои зерин тақозо менамояд:

1. Ба тариқи густурда ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида ва иҷрои онҳо

2 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумист ва чун ҳамешагӣ бештар бо мардум будан, тавсеа додани робитаи мустаќим бо ҷомеа, бо орзуву ормонҳои халқ ошно гардидан ва дар

амалӣ шудани онҳо нақши босазо гузоштан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як нафар аъзои ин ҳизби мардумист.

3. Вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа,ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба хотири беҳдошти зиндагии мардум, созандагӣ ва ободкорӣ, тарбияи эҳсоси ватандориву миллатдӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва сулҳу осоиштагии ҷовидонӣ.

4.Саҳм гузоштан дар иҷрои Барномаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ махсусан, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иќтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”. Баромадан бо ташаббусҳо ва пешниҳодҳои мушаххас барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат, рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, нақш гузоштан дар шарҳу тавзеҳ ва тарғиботи аз ҷиҳати илмӣ асосноки иқдомоту ташаббусњои созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин мусоидат намудан дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи љомеа ва монанди пули пайвандкунанда таъмин намудани робитаи доимии мардум бо мақомоти давлатї.

5. Барои таҳкими андешаи миллӣ дар ҷомеа, тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ баргузор намудани ҷорабиниҳои муфиди пурмазмун, ки ҷавҳари онҳоро ғояҳои инсондӯстӣ ва меҳанпарастӣ ташкил менамояд. Махсусан ин ҷорабиниҳо бо ҷалби ҷавонону наврасон сурат пазируфта, ба хотири

дӯст доштани Ватан, барои дифои манфиатҳои миллӣ, ҳамчунин омода будан дар ҳимояи марзу буми кишвар, ба қадри истиқлолияту ваҳдат ва сулҳу осоиштагӣ расидани онҳо равона карда шавад.

6. Кор бо васоти ахбори омма ва дар таъмини амнияти иттилоотӣ саҳми худро гузоштан. Дар ин замина мусоидат намудан барои эҷоди афкори солим дар байни мардум ва инъикоси воқеаву ҳодисаҳо бо шарҳу тавзеҳи дурусти холӣ аз ғараз.

7. Бо амали неку созанда,ташаббусҳои муфид ва пурарзиш барои беҳдошти зиндагии мардум, иқдомҳои наҷиб баланд баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва намунаи дигарон будани ҳизб.

Ҳамин тариқ суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳар як нафар аъзои ҳизб ва умуман сокини кишвари азизамон Тоҷикистонро ба масъулият, ташаббус ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ менамояд.

Саидумрон Саидов,
дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: