ПАЁМ - ТАДБИРИ СОЗАНДА БА ХОТИРИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ4-02-2019, 09:16
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Ин таҷриба дар кишвари мо аз соли 2000 оғоз ёфт. Зеро тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд, Ҳукумати кишвар аз замони соҳибистиқлолиаш то соли 2000-ум танҳо барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ кӯшиш варзид. Минбаъд Тоҷикистон аз давлатсозӣ ба давлатдорӣ шурӯъ намуд. Президент дар аввалин Паёми худ ба Маҷлиси навтаъсис соли 2000-ум баён дошта буданд, ки «…Тафаккур ва маданияти сиёсии мардум имрӯз хеле пеш рафтааст. Раъйпурсӣ доир ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, интихоботи Президент, баррӯйхатгирии аҳолӣ, интихоботи Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор шуданд, ки ҳамаи онҳо дар сатҳи баланд гузаштанд». Ба андешаи Сарвари давлат раванди ислоҳоти конститусионӣ ва сиёсӣ маҳз оғози соли 2000-ум дар кишвар ба хотимаи мантиқӣ расид. Воқеан ҳам фаҳмишу идроки мардум давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дараҷае расид, ки соли 2000-ум маъракаҳои муҳиму тақдирсоз дар сатҳи баланд доир гардиданд ва ин нукта мавзӯи меҳварии Паёми нахустини Сарвари давлат буд. Дар Паёми соли 2001 вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ин татбиқи устуворонаи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва болоравии иқтисодиёт мусоидат мекард, маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам бар асари ҷанги хонумонсӯз иқтисодиёти миллӣ ба қафо партофта шуда буд, идома додани ислоҳоти мазкур имкон медод, ки низоми идораи давлатӣ такмил дода шавад, барои ҷалби сармоягузорӣ бо мақсади рушди бахши хусусӣ ва баланд бардоштани самараи кӯшишҳои Ҳукумат дар соҳаи хусусигардонӣ, густариши ислоҳоти бонкӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти бахши инфраструктура шароит фароҳам оварда шавад. Маҳз он солҳо бо пешниҳоди Роҳбари давлат заминаи ҳуҷҷати мобайнии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҳия гардида, барои пиёда намудани онҳо аввалин иқдомҳо роҳандозӣ гардида буд. Президент дар Паёми соли 2001-ум иброз дошта буданд, ки «…Камбизоатӣ барои Тоҷикистон масъалаи нав нест. То замони истиқлолият даромад ба ҳар як сокини ҷумҳурии мо дар байни дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ аз ҳама паст ва фоизи аҳолии камбизоат аз ҳама баланд буд. Натиҷаҳои тадқиқоти сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1999 гузаронида шуд, нишон медоданд, ки аҳолии аз ҳама камбизоат асосан дар деҳот зиндагӣ мекунад. Ғайр аз ин, ҷанги шаҳрвандӣ, офатҳои табиат, изтиробу таконҳои иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки бо гузариши кишвар аз низоми маъмуриву фармонравоӣ ба иқтисоди бозорӣ вобастаанд, имкониятҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолиро сахт маҳдуд намуданд». Дар оғози Паёми соли 2003 мисли Паёми соли 2017 Президенти кишвар вобаста ба вазъияти сиёсии номуташанниҷи ҷаҳонӣ истода гузашта, қайд карда буданд: «…Ҳадаф ва ғаразҳои аслии сиёсию иқтисодӣ аз назарҳо пинҳон мемонанду хусуматҳои қавмию этникӣ, низоъҳои идеологию динӣ ва дигар сабабу баҳонаҳо ба навбати аввал мебароянд. Дар натиҷаи таҳрики устокоронаи сиёсию иқтисодӣ ва идеологӣ давлатҳои хурду бузург дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупо ба доираи бозиҳои ғаразноки давлатҳои манфиатдор кашида мешаванд ва таҳти таъсири онҳо раванди муътадили ҳаёт дар сарзаминҳои гуногуни ҷаҳон ва саросари сайёра халалдор мегардад». Пешвои миллат дар Паёми соли 2003 аз ҷомеаи муттаҳиди кишвар даъват ба амал оварданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва мафкураи сиёсиии худро боло бардошта, дар ҳифзу нигаҳдошти идеяи миллӣ саҳмгузор бошанд. Бахши соҳибкорӣ махсусан шаклҳои хурду миёнаи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар мавзӯи меҳварии Паёми соли 2004 маҳсуб мешуданд. Зеро инкишоф ва густариши соҳаи мазкур имкон медод, ки вазъи иқтисодӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин шудани қишрҳои гуногун каме беҳтар гардад. Ба андешаи Сарвари давлат ин соҳа он солҳо мавқеи хоси худро пайдо карда наметавонист, зеро дар роҳи густариши он монеаҳои зиёди бюрократӣ мавҷуд буданд. Соҳибкорони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурду миёна дар масъалаҳои гирифтани қарз, барасмиятдарории гумрукӣ, ба ҷо овардани амалиёти содиротию воридотӣ, андозсупорӣ, литсензиякунонӣ, сертификатсия, стандартизатсия, гирифтани иҷозатномаҳо, бақайдгирӣ, хизматрасонии бонкӣ, санҷишҳои зиёди мақомоти гуногун, тақсимоти ғайриодилонаи замин аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба мушкилоти зиёд дучор мегардиданд. Маҳз чунин садди сангин имкон намедод, ки соҳа рушд кунад. Сарвари давлат дар ин росто ба масъулин дастури қатъӣ дода, муборизаро бар зидди чунин зуҳуроти номатлуб дар ҳамаи самтҳо ва шохаҳои ҳокимият тақвият бахшанд. Дар Паёми соли 2005 ироагашта Президент асосан натиҷаҳои интихоботро мавриди таҳлил қарор дода, баён доштанд, ки кишвар ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ расида, иродаи сиёсии сокинон хеле боло рафт ва натиҷаи интихобот нишон дод, ки интихобкунандагон бо рӯҳбаландии бузург ояндаи дурахшони кишварро интихоб намуданд. Аз ҷумла дар Паём зикр шуд. «Падидаи мусбати дигар ин аст, ки фалсафаи сулҳпарваронаву аз насл ба насл гузарандаи миллати тоҷик имрӯз низ баёнгари ғояҳои инсондӯстона буда, он равияву андешаҳоеро, ки афкори бадбинии инсонҳоро таблиғ менамоянд, арзиши ҳаёти инсониро нодида мегиранд, эҳсоси адовату кинаро, ки ба рӯҳи фарҳанги миллӣ ва тарзи ҳаёти мардум таъсири манфӣ мегузорад, инкор мекунад. Миллати мо бо вуҷуди он, ки солҳои гузашта зери фишори проблемаҳои ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошт, вале асосҳои пурарзиши зиндагӣ, анъанаҳои фарҳангофариниву тамаддунсозии худро гум накарда, баръакс дар давоми ҳар соли истиқлолият таърихи навини миллатро бо хиради азалӣ ва бурдбориву таҳаммул рангин мегардонад». Нуктаи меҳварии Паёми соли 2006 ин рӯ ба зиндагии шоиста ниҳодани кишвар мебошад. Дар Паём зикр шуд, ки Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рӯ ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи Миллии Рушдро барои солҳои 2007-2015-ум таҳия намуд. Мақсади асосӣ аз он ҷорӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофии идораи давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Зикр шуд, ки давоми 9 соли оянда дар мамлакатамон ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 41,6 миллиард сомонӣ (баробар ба 13 миллиард доллари амрикоӣ) пешбинӣ шудааст. Татбиқи самарабахши он ба инкишофи бомаром ва устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат намуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ дар соли 2015 ба ҳар як нафар беш аз 3 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Дар Паёми соли 2007 таҳлили амиқу возеҳи соҳаи маориф, ки чун соҳаи калидии кишвар маҳсуб мешавад, бештар истода гузаштанд. Қайд шуд, ки татбиқи "Барномаи компютерикунонии мактабҳои маълумоти асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007" ба охир расид. Аммо бо дарназардошти он, ки ин раванд ба пуррагӣ ҳалли худро наёфт, марҳалаи дуюми ин ислоҳот солҳои 2008-2015-ум идома дода шавад. Ба таъкиди Роҳбари давлат агар мо хоҳем, ки фардои фарзандони мо пешраву муваффақ бошад, бояд мо аз ҳозир дониши техникӣ ва технологияи насли наврасро тақвият бахшем. Ҳамчунин дар Паём омадааст, ки: «…Маблағгузории соҳаи маориф сол то сол зиёд мегардад. Агар дар соли 2006 336 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, дар соли 2007 он ба 506 миллион сомонӣ расонида шуд. Барои сохтмони мактабҳо ва чопи китобҳои дарсӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар манбаъҳо 52 миллион сомонӣ сарф гардид. Дар натиҷа 125 иншоотҳои соҳаи маориф сохта, таъмир ва аз нав барқарор карда шуданд. Дар солҳои охир шумораи мактабҳои типи нав, гимназия, литсей ва мактабҳои хусусӣ зиёд шуда истодааст». Президент дар Паёми соли 2008 аз оғоз дар бораи амнияти озуқаворӣ сухан ронданд. Маҳз оғози ҳамин сол Муроҷиатномаи Президент ба мардуми шарифи кишвар ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва бинобар шадид шудани бӯҳрони молиявии ҷаҳон аз ҳар як сокини кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар хонаашон захираи ғаллаи дусоларо дошта бошанд. Дар Паёми соли 2009 Сардори давлат аз буҳрони норасогии барқ ва сард омадани зимистон ва хушк омадани фасли баҳор ёдовар шуда, баён доштанд, ки «…Бинобар сардии шадиду тӯлонии зимистони гузашта инчунин беборишӣ ва паҳн шудани ҳашароти зараррасон, ки нишонаи гармиву хушксолӣ мебошад, ба вазъи зиндагии мардуми мо таъсири манфӣ расонид». Ба андешаи Сарвари давлат бояд роҳҳои таъминоти мардумро бо неруи барқ ҷустуҷӯ кардан лозим. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ вусъати тоза гирифта, ҳамчунин фарҳанги истифодабарии неруи барқ дар ин сол байни омма таблиғ шуд. Дар Паёми соли 2010 низ Президент дубора аз хатари бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ёдовар шуда, гуфтанд, ки «...дар ҷаҳон 17 фоизи аҳолӣ бо гуруснагӣ умр ба сар мебарад ва тибқи пешгӯии олимон дар даҳсолаҳои наздик ин шумора чоряки сокинони сайёраро дар бар хоҳад гирифт». Ба андешаи Пешвои миллат ҳар як сокини кишвар, масъулинро зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд. Аз ҷумла баланд бардоштани фарҳанги заминдорӣ, тақвияти татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин боис шуда метавонад, ки аз замин ҳосили баланд рӯёнем. Зеро бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Президент роҳи раҳоии мушкилоти кишоварзонро аз кам кардани қарзи онҳо дар назди сармоягузор дида, зиёда аз 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ аз эътибор соқит намуданд. Ин дастгирии Роҳбари давлат кулли сокинони кишварро руҳбаланд намуд. Дар Паёми соли 2011 дар бораи нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тадбиқи амалии фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин қарори ҳукумат аз соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Президент бо мисолҳои возеҳ ширкати занонро дар умури давлатдорӣ, таълиму тарбия, соҳаи тандурустӣ, ҷалби духтарони ноҳияҳои дурдаст ба мактабҳои олӣ тариқи квотаҳо баён доштанд. Аз ҷумла қайд шуд, ки «…тайи солҳои 1997-2010 тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз даҳ ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 7500 нафарашон духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мебошанд». Президенти кишвар ба мақомотҳои дахлдор ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занҳо, пурқувват намудани инфаструктура барои занон дастурҳои қатъӣ доданд. Дар Паёми ироагаштаи худ Сарвари давлат соли 2012 бештар ба масъалаҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ истода гузаштанд. Бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон, яъне ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа маҷмӯи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа пешбинӣ гардида, боиси хушнудист, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид «Энергияи устувор барои ҳама» Тоҷикистон дар қатори панҷ мамлакати дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шуд. Мавзӯи меҳварии Паёми соли 2013 таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодии мамалакат буд. Президент таъкид доштанд, ки дар натиҷаи амалишавии чораҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999 то 38 фоиз паст гардид, яъне қариб 45 банди фоизӣ коҳиш дода шуд. Воқеан ҳам паст шудани сатҳи камбизоатӣ асосан натиҷаи рушди иқтисодӣ ва таъмин гардидани суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Ба андешаи Роҳбари давлат дигар далели беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ин аст, ки баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боиси тадриҷан камшавии нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиии аҳолии мамлакат гардидааст. Мувофиқи таҳлиле, ки Президенти мамлакат дар Паём оварданд, агар дар соли 2000 дарозумрии сокинони кишвар ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 72,5 сол баробар шудааст. Беҳдошти сифати таълим, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ, тақвият бахшидани самтҳо ва равияҳои тадқиқоти кафедраҳо, фаъолияти маҳфилҳои илмии донишҷӯён, ҷалби донишҷӯёни боистеъдод ба корҳои илмию тадқиқотӣ, таълифи китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, ташкили конфронсу семинарҳо дар мавзӯъҳои ваҳдат, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи дониш, одобу ахлоқ, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии муҳассилин аз зумраи тадбирҳое маҳсуб мешаванд, ки вобаста аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии кишвар дар соли 2014 амалӣ шуданд. Мавзӯи калидии Паёми соли 2015 ин оила ва оиладорӣ буда, зимни таҳлили вазъи соҳа Президент аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Дар Паём зикр шуд, ки танҳо соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Сабаби ин ҳолат пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст, ва ҳосили меваи никоҳи хешутаборӣ ин тавлиди 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 – сола мебошад. Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Вобаста ба таҳкими оиладорӣ Президенти кишвар соли 2015-ро соли Оила эълон намуданд. Сарвари давлат дар оғози Паёми 2016 бори дигар аз солҳои вазнини асри гузашта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки зиндагии орому осуда, вақти созандагиву ободкорӣ барои миллати мо аз соли 2000 оғоз шуд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои қабулгардида маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шуд. Президенти муаззами мамлакат дар суханронии худ зина ба зина амалӣ шудании се ҳадафи стратегии давлат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ёдоварӣ гардида, пешравиҳои соҳаи роҳсозӣ, энергетика, самаранок истифодабарии заминро аз дастовардҳои беш аз 15 соли охири кишвар донистанд. Масалан бунёду азнавсозии роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ, амалишавии 19 лоиҳаи давлатӣ бо маблағи 6,5 миллиард сомонӣ дар самти азнавсозии роҳҳои дохилӣ, оғози расмӣ бахшидан ба сохтмони хатти баландшиддати КАСА – 1000, сохтмони сарбанди Неругоҳи обии барқии «Роғун», ба як миллиону 400 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли ғалладонагиҳо, афзун шудани истеҳсоли картошкаву дигар сабзавотҳо мисол шуда метавонад, ки роҳбарияти кишвар дар роҳи созандагиву суботкорӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Паёми ироанамудаи Пешвои миллат дар соли 2017 давоми мантиқии Паёми солҳои пешин буда, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад. Дар Паём мавзӯъҳои равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир, воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва вазифаҳо барои оянда сухан меравад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018- ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин бесабаб нест. Зеро, Тоҷикистон табиати бисёр зебо дошта, сокинонаш дар ин ё он ҳунар малакаи нотакрор доранд. Махсусан аз андоз озод намудани ҳунармандон, рӯҳияи онҳоро барои пешбурди фаъолияташон тадриҷан дигар кард. Ин иқдом боис гардид, ки дар кишвар барои ободии манзилу макон, шаҳру деҳаҳо мардум саъю кӯшиш намоянд. Пешвои миллат зимни вазифагузориҳои хеш бо халқ будану аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҳимоя карданро вазифаи ҷонии роҳбарони вазорату идораҳо ва вакилони парлумон унвон карда, баён доштанд, ки халқ ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад ва бояд дастовардҳо то таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон афзун карда шаванд. Хуллас, Паёми Сарвари давлат ба парлумони кишвар барои пешбурди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси барномаи амал хизмат мекунад. Самтҳои дар ин санад муайянгашта барои мо на танҳо барои як сол, балки ҳамчун дастурамали доимии фаъолият хизмат хоҳанд кард. Дилрабо Мансурӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷистон, доктори илмҳо техникӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.