ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст1-02-2019, 09:11
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Февраль 1, 2019 08:17 ДУШАНБЕ, 01.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барфи тар дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 7-12 дараҷа сардӣ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -1+4 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона -1+1 ва рӯзона 10- 12 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.