Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Интернет-портали милии инноватсионии Тоҷикистон (www.innovation.tj) фаъол гардид

Интернет-портали милии инноватсионии Тоҷикистон (www.innovation.tj) фаъол гардид

19-01-2016, 11:32
Хабарро хонданд: 451 нафар
Назарҳо: 0
Интернет-портали милии инноватсионии Тоҷикистон (www.innovation.tj) фаъол гардидИнтернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона ва аввалин буда, бо мақсади таъмини дастрасии умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботҳои муштариён ба иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ, иттилоот оиди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва технологияҳои нав, татбиқи онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, иттилоот оиди инноватсияҳо ва технологияҳои нав таъсис дода шудааст. Дар интернет-портал маълумотҳо дар бораи фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои нав ва хизматрасониҳои вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, соҳибкории хурду миёна ҷойгир карда мешаванд.

Дар интернет портали мазкур мутобиқи “Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, ки тибқи қонунгузории ҷории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҷамъоварӣ ва ҷойгир карда мешавад (қарори ҲҶТ аз 2 декабри соли 2014, № 762).

Маълумотҳои зарурие, ки дар Интернет-портал ҷойгир карда мешавад:
Коркардкунандагони технология, маҳсулоти инноватсионӣ ва истеъмолкунандагони инноватсияҳо;

Нерӯи илмӣ ва илмию техникии мамлакат;

Нашрияҳои илмии олимони Тоҷикистон дар мамлакат ва хориҷ аз он;

Дархостҳои патентӣ ба ихтироот;

Лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии ташкилот, фондҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;

Ташкилотҳои маркетингӣ вобаста ба тиҷоратикунонии коркардҳои инноватсионӣ;

Заминаи техникию технологии соҳаҳои гуногуни иқтисодиѐт, марказ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, корхонаҳо ва ба монанди инҳо;

Захираҳои кадрӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;

Вазъи иқтисодиѐт дар мамлакат;

Шумораи шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба ҳуқуқи селексионер;

Номгӯи патентҳо ба ихтироот ва намунаи саноатӣ;

Номгӯи дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки барои тиҷоратикунонӣ пешниҳод мегарданд;

Маълумот дар бораи татбиқи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ ва ихтироъкорӣ.

Ҳамчунин дар интернет-портал, маводҳои иттилоотӣ доир ба навовариҳои инноватсионии олимон аз давлатҳои хориҷа, сомонаҳои интернетии вобаста ба фаъолияти инноватсионӣ, навовариҳои ҷолиб, маълумот дар бораи озмуну конфронсҳои соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҳисоботҳо дар соҳаи моликияти саноатӣ, иттилооти оморӣ, тақдимҳо, аксҳо ва нишонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мебошанд, ҷойгир карда мешавад.


Тартиби мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227, “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, аз 12 декабри соли 2012, №687, “Дар бораи Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020” ва аз 12 феврали соли 2013, №38 “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ” таҳия шуда, масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ ва паҳнкунии иттилоотро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ муайян менамояд.

Тибқи Тартиб ҷамъоварии иттилооти дахлдорро Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилооти”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Назорат аз болои самарабахш будани фаъолияти Интернет-портали миллии инноватсионӣ ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, соҳибкории хурду миёна хоҳиш карда мешавад, ки маълумотҳо дар бораи фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои нав ва хизматрасониҳои худро ба суроғаи ш.Душанбе, к.Айни 14 а, Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилооти”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба почтаи электронии navovary@ncpi.tj ирсол намоянд. Маводҳои ирсолкардашуда, пас аз коркард дар Интернет-портали инноватсионӣ (тариқи ройгон) ҷойгир карда мешавад.
©Маркази миллии патенту иттилоот
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: