Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон22-01-2019, 08:40
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
(давомаш) Сарвари давлат аз масъулини соҳаҳои номбаршуда, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини муназзами ҳаракат дар роҳҳои кишвар, боло бардоштани ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ, бо истифода аз имконоти ширкатҳои ватанӣ афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоиро талаб карданд. Сипас доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳисобот дод. Президенти мамлакат аз паст рафтани нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, талафёбии ҳосили картошка дар аксар хоҷагиҳои картошкапарварӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пахта, изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини соҳа барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ барои рушди сабзавоткорӣ ва бунёди боғу токзори нав, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар кори маҷлис инчунин ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода шунида шуд. Сарвари давлат ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, хусусан ёрии аввалияи тиббӣ, рушди фармасевтикаи миллӣ, пешгирии фавти кӯдакон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба нарасидани мутахассисон дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба забономӯзии бештар фаро гирифтани хонандагон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, афзалият додан ба таҳсили духтарони деҳоти дурдасти мамлакат дар муассисаҳои олии таълимӣ аз ҳисоби квотаи Президентӣ, ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба бозомӯзӣ фаро гирифтани калонсолон, ба роҳбарони вазоратҳои номбаршуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Роҳбарони кумитаҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташфиқи минтақаҳои сайёҳии мамлакат ва намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ба вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин барои рушду густариши муносибатҳои дуҷониба бо кулли кишварҳои олам, ташкилоту созмонҳои минтақавӣ, байналмилалию ҷаҳонӣ, назорати ҷараёни татбиқи созишномаҳои ҳамкории баимзорасида ва баҳри ислоҳи камбудиҳои соҳа, хусусан дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар маҷмуъ татбиқи сиёсати хориҷии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва назорати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2018 гузориш дод. Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет як зумра корҳоро ба анҷом расонид. Нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид. Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 95,4 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд кард, ки бо андешидани чораҳои амалигардида ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 20,1 фоиз баробар гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони ноҳияҳои пойтахт бобати вусъати корҳои ободонӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо, пурра пайваст кардани иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба системаи гармидиҳӣ, беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дастур доданд. Сарвари давлат аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд кардани 8 майдончаи варзишии муосирро аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон иқдоми шоиста арзёбӣ намуданд. Сипас дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳо дар соли 2018 ва нақшаҳо дар соли 2019 ҳисобот доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмон, таъмиру навсозии роҳҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди сангҳо, рушди сайёҳию ҳунармандӣ дар қаламрави вилоят, супоришҳои мушаххас доданд. Ба раиси вилояти Хатлон супориш дода шуд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти такрорӣ, ба даст овардани ду се ҳосил аз як замин, иҷрои ҳатмии нақшаи истеҳсоли пахта, меваю сабзавот ва полезиҳо, рушди соҳаи картошкапарварӣ, боғдорӣ, бунёди корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва тармиму навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намояд. Роҳбарияти вилояти Суғд вазифадор гардид, ки дар ҳудуди вилоят баҳри ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат бунёд намудани беш аз 250 корхонаи истеҳсолӣ, ташкили 8 ҳазор ҷоий кориро амалӣ карда, ба масъалаи таъсиси боғҳои интенсивӣ, рушди картошкапарварӣ, моҳипарварӣ ва шоликорӣ ва омодагии сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлати ҷумҳурӣ аҳамияти махсус диҳанд. Дар охири кори ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, зимни таҳлили вазъи соҳаҳо ва мусоидат ба пешрафти онҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки оид ба саноатикунонии мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли пастравии истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо изҳори нигаронӣ намуда, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозодаро вазифадор намуданд, ки бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли чунин маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосир ва ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат Барномаи рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ то соли 2025-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд. Ҳамзамон ҷиҳати бе коркарди ниҳоӣ содирот шудани қисми зиёди маҳсулоти корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷ изҳори нигаронӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд барои манъ кардани содироти консентрати маъдан аз кишвар чораҷӯӣ намояд. Бо мақсади ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба соҳаи коркарди маъдан таъкид гардид, ки дар асоси тағйирот ба қонунгузории амалкунанда аз 1 марти соли 2019 тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар гардида, бонуси истихроҷӣ, ҷорӣ ва пардохти маблағ вобаста ба ҳаҷми истихроҷ ҳамасола таъмин карда шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаи корҳо дар самти афзоиши ҳаҷми содироти ватанӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Дар панҷ соли охир ҳаҷми содироти алюминий аз рӯи арзиш 25 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 55 фоиз, ҳамзамон бо ин, дар соли сипаришуда содироти маҳсулоти растанӣ 22 фоиз, маҳсулоти тайёри озуқа 25 фоиз, консерваи меваю сабзавот 50 фоиз ва намак 60 фоиз коҳиш ёфтааст. Рақобатпазир набудани маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, раванди ғайриқаноатбахши диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, баланд будани арзиши аслии мол, сатҳи пасти идоракунии пешбурди маҳсулот, идоракунии сифат ва ҳифзи манфиатҳои содироткунандагони ватанӣ дар хориҷи кишвар ҳамчун масъалаҳои ҳалталаб қайд карда шуданд. Бинобар ин, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, агентиҳои содирот, “Тоҷикстандарт” ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазифадор карда шуданд, ки барои татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҷӯӣ намоянд. Барои дар оянда афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ масъалаҳои андозбандии коркарди аввалия ва бандубасти маҳсулот, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли бемамониати молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ, истифодаи тарифҳои имтиёзнок барои ҳамлу нақл, сертификатсияи маҳсулот, зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти харидорони хориҷӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар кишварҳои муқим тақвият бахшад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ барои рушди саноати маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дигар соҳаҳои ба саноатикунонии кишвар мусоидаткунандаро муҳим арзёбӣ карданд. Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳои қарздории Ширкати “Барқи Тоҷик”, Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик”, ҷамъиятҳои саҳҳомии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, “Тоҷик Эйр”, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва як қатор бонкҳои кишвар чораҷӯӣ намояд ва якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав мониторинги корхонаҳои азими давлатӣ ва корхонаҳои дорои ҳиссаи зиёди давлатро гузаронида, ҷиҳати таҷдиди сохтор, баланд бардоштани самаранокии фаъолият, ҷорӣ намудани идораи муосири корпоративӣ ва солимгардонии онҳо чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд. Вазорати кишоварзӣ вазифадор гардид, ки бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” лоиҳаи “Барномаи маҷмӯии рушди соҳаи растанипарвариро барои солҳои 2020-2025” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардиданд, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии пахта диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рушди соҳаҳои паррандапарварию моҳипарварӣ низ супориш дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то соли 2020 пурра ҳаллу фасл намудани масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт, мукаммал гардонидани низоми аттестатсияи кормандони илмиву омӯзгорӣ, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ дар самти сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, пешниҳоди “Барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2024”, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронидани озмун ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ масъулинро вазифадор намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ва занони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва дигар корҳои хонагӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, гаҷкориву чӯбкорӣ ва монанди инҳо фаъолияти марказҳои таълими калонсолон тақвият дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарони сохторҳои дахлдорро ҳушдор намуданд, ки дар ин масъала набояд ба зоҳирпарастӣ ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ роҳ диҳанд. Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардид, ки стандартҳои давлатии арзёбии сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи тандурустиро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод намояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муоширати табибон бо беморон, сари вақт расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, инчунин доир ба иҷрои ҳатмии тағйиру иловаҳои ба қонунгузории соҳа воридшуда тадбирҳои иловагӣ андешад. Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардани воридоти ғайриқонунии маводи доруворӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, назоратро дар ин самт ба таври қатъӣ ба роҳ монад. Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори деҳот ва дар маҷмӯъ зиёд намудани ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд ва “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2019-2021” таҳия ва амалӣ намоянд. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат таҳлилҳо гузаронида, нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои онҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои қатъӣ андешад. Вобаста ба нисбатан кам будани миқдори занону духтарон дар хизмати давлатӣ дар ноҳияҳои кишвар масъулин вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи ҷалби ҷавондухтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тарбияи мутахассисони муосиру ояндадор аз байни онҳо ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷамъбаст карда шуда, вазифаҳо барои соли навбатӣ муайян карда шуданд. Ҳамзамон доир ба содиршавии баъзе намудҳои ҷиноят, аз қабили қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунӣ бо силоҳ, худсарона ишғол намудан ва ғайриқонуни додани қитъаҳои замин ва муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор, аз ҷониби ноболиғон содир намудани ҷиноятҳо, ҷиноятҳои ба терроризму экстремизм алоқаманд изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон тақозо менамояд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз пештара дида бештар ҳушёр бошанд ва барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо чораҳои саривақтӣ андешанд. Кормандони мақомоти номбурда вазифадор карда шуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пеш баранд. Ҳамзамон қайд гардид, ки кӯшишҳо бояд ба он равона гарданд, ки сабабу омилҳои пайдошавӣ ва ташаккули ақидаҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеа таҳлил карда, чораҳои пешгирикунанда андешида шаванд. Қайд шуд, ки алоқаи намояндагиҳои мо дар хориҷи мамлакат бо муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият дода шавад ва дар ин самт вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои мамлакат, ҳамзамон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд. Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои муайян иҷро гардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 20 ҳазору 149 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 2 ҳазору 944 ё 14,6 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуданд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро барои босифат ва сари вақт иҷро намудани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карданд. Зарур аст, ки то баргузории ин ҷашн симои ҳар як шаҳру деҳот ва маҳалли зист сифатан дигар шуда, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва шароити хуби инфрасохторӣ дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ то дурдасттарин деҳоти кишвар таъмин карда шавад. Дар ин раванд, ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани онҳо, махсусан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин, бунёду тармими муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои тамоми қаламрави кишвар ва бо ҳамин роҳ бартараф кардани мушкилоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бояд эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа дода шавад. Дар баробари ин таъкид гардид, ки ҷиҳати дақиқ муайян кардан ва дастгирии ҳаматарафаи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, алалхусус, ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат чораҳои доимӣ андешида шаванд. Ба вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолии деҳот тадбирҳои мушаххас андешида, лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самт татбиқ намоянд. Ба роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки барои ислоҳи саривақтии камбудиҳои дар Паёми Президент ва ҷаласаи Ҳукумат зикршуда тадбирҳои амалӣ андешида, иҷрои ҳатмии нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки ҳар яки мо ташаббускор бошем, ба мардум хизмат намоем ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба пешрафти давлат, ободии Ватан ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона созем. Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар соли 2019 давлат ва миллати тоҷик дар натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи мардум ва якдилию ҳамбастагии ҷомеа ба рушду пешрафти боз ҳам бештару хубтари иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.