DataLife Engine > Хабари руз, Сиёсати хоричи > Боздиди ҳайати ҲХДТ аз Донишгоҳи давлатии Пенза

Боздиди ҳайати ҲХДТ аз Донишгоҳи давлатии Пенза


15-01-2019, 10:58. Разместил: admin
      Боздиди ҳайати ҲХДТ аз Донишгоҳи давлатии Пенза
Сафари ҳайати расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Пенза (ДДП) 11 январ сурат гирифт.
Дар ҳайати намояндагони ҳизби сернуфустарини кишвар роҳбари Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов ва сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов буданд. Меҳмононро раиси Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии «Маркази фарҳанги миллии тоҷикон «Содружество» («Иттиҳод»)-и вилояти Пенза» Асадулло Қурбонов ҳамроҳӣ намуд.
Намояндагони кишвари дӯст бо Донишгоҳи давлатии Пенза (барои онҳо экскурсия ба корпуси асосӣ ва осорхонаи ин муассисаи таълимии олӣ доир карда шуд) шинос шуда, бо иҷрокунандаи вазифаи ректори ДДП Александр Гуляков суҳбат гузарониданд. Ҳамчунин вохӯрии меҳмонон бо донишҷӯёни тоҷик, ки айни замон дар Донишгоҳ таҳсил доранд, баргузор гардид.
-Донишгоҳи мо муассисаи бузургтарини таҳсилоти олӣ дар вилояти Пенза аст, ки дорои таърихи ғанӣ ва зарфияти бузург мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз 20 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 1700 нафари онҳо намояндагони кишварҳои хориҷӣ ҳастанд,-иброз дошт А.Д.Гуляков.
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов қайд кард, ки ин аввалин сафари ӯ ба вилояти Пенза нест, аммо ҳар гоҳ фарҳанги баланди сокинон ва сарватҳои табиии минтақа таассуроти нав мебахшад:
-Писари ман донишҷӯи Институти тиббии Донишгоҳи давлатии Пенза аст. Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар Донишгоҳи шумо таълимоти босифат ба роҳ монда шудааст. Талаботи баланд донишҷӯёнро ба хониши ҷиддӣ водор мекунад. Аммо танҳо бо ҳамин роҳ мутахассисони хуб ба воя мерасанд,-гуфт Б.Ҳамдамов.
Александр Гуляков дар навбати худ иброз дошт, ки тамоми донишҷӯёни тоҷикистонӣ (291 нафар) бо муносибати ҷиддӣ ба таҳсилот, ҳадафмандӣ ва фаъолияти эҷодӣ фарқ мекунанд.
-Дар Донишгоҳи мо анъанаи хуби гузаронидани фестивали «Гуфтугӯи фарҳангҳо» ба роҳ монда шудааст, ки дар он намояндагони ҳар миллату қавмият, ки дар минтақа пайи илмомӯзӣ ҳастанд, иштирокдорон ва меҳмононро бо анъанаҳои худ тавассути эҷодиёт, таомҳои миллӣ ва бозиҳо шинос мекунанд. Ин бозгӯи таърих, урфу одатҳои ғанӣ ва шавқи донишҷӯён ба онҳо аст,-мисол овард сарвари муассисаи олии таълимӣ.
Рушди Тоҷикистон бо Русия алоқамандии қавӣ дорад, қайд кард Б.Ҳамдамов:-Бе кумаки шумо ҳал кардани баъзе масъалаҳо, алалхусус дар тарбияи ҷавонон мушкил мебуд. Шумо барои мо мутахассисони болаёқатро омода мекунед.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Пенза Александр Дмитриевич Гуляков ифтихорнома ва номаҳои миннатдорӣ супориданд. Сарвари Донишгоҳ низ дар навбати худ меҳмононро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Донишгоҳи давлатии Пенза бо муассисаҳои таълимоти олии Тоҷикистон ҳамкории қавӣ дорад:
-Ҳоло мо дар самти илм ва маориф бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 созишнома дорем,-гуфт дар вохӯрӣ бо донишҷӯён проректор оид ба фаъолияти байналмилалӣ Сергей Михайлович Васин,-умедворем, ки бо кумаки шумо муносибатҳо миёни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф боз ҳам густурдатар мегарданд.
Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ва сармуҳаррири нашрияи марказии ҳизб Бахтиёр Ҳамдамов бо донишҷӯёни тоҷик муколама баргузор намуда, ба онҳо барору комёбиҳо дар роҳи андӯхтани дониш хостанд.

Азамат Дӯстов

Вернуться назад