Белорусия: «шабакаҳои русӣ хатар доранд!»15-01-2019, 10:52
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби оппозитсионии «Ҷабҳаи халқии Белорусия (БНФ) «соли забони белорусӣ»-ро эълон намуда, шаҳрвандонро даъват кард, ки аз он фаъолона истифода намоянд, то ин ки ба «ҳуҷумҳои иттилоотӣ» монеа шуда, истиқлолияти давлатиро ҳифз кунанд. Дар ин хусус дар изҳороте, ки дар сомонаи расмии БНФ ба табъ расидааст, гуфта мешавад. Ба ақидаи намояндагони мухолифин, дар алоқамандӣ ба он, ки дар ВАО оид ба давлати иттиҳодии Русия ва Белорусия замони ахир зиёд гуфта мешавад, бояд чораҳои мушаххас андешид. Дар ҳошияи ин, онҳо аз шаҳрвандон тақозо доранд, ки забони белорусиро боз ҳам хубтар омӯзанд ва аз ҳукуматдорон даъват ба амал меоранд, ки истифодаи забони миллиро дар сохтори маориф ва қонунгузорӣ васеъ намоянд. Ҳамчунин талаб карда мешавад, ки кори телевизион азнавсозӣ шуда, пахши барномаҳои ватанӣ ва хориҷӣ (ғайрирусӣ) зиёд карда шаванд. «Мо аз ҳукуматдорони Белорус талаб дорем, ки пахши шабакаҳои телевизиони Русия, ки душмании байнимиллиро тақвият медиҳанд ва воситаи роҳандозии ҷанги иттилоотӣ алайҳи кишвари мо ҳастанд, маҳдуд карда шавад»,-гуфта мешавад дар изҳорот. Чуноне муаллифони ҳуҷҷат қайд мекунанд, истифодаи забони умумӣ асоси давлати миллӣ маҳсуб мегардад: «Ҳоло ки қисми зиёди белорусҳо забони миллиро истифода намекунанд, шабакаҳои русиро тамошо мекунанд ва дар фазои забони русӣ ба сар мебаранд-ҳамеша хатари он вуҷуд хоҳад дошт, ки ба ин ҷо танкҳои русӣ «барои ҳифзи русзабонҳо» хоҳанд омад»,-менависанд онҳо. Масъалаи ҳамгироии Русия ва Белорус ва муттаҳид шудан ба давлати ягона моҳи декабри соли 2018 баррасӣ карда шуд. Дар конфронси матбуотӣ барои рӯзноманигорони русиягӣ дар Минск президенти Белорусия Александр Лукашенко изҳор дошт, ки кишвараш ҳеҷ гоҳ ба ҳайати Русия ворид нахоҳад шуд ва мафҳуми «истиқлолият» барои Белорусия муқаддас аст. Дар Кремл қайд карданд, ки дар чунин ҳошия масъала баррасӣ нашудааст. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва ташкил шудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар дохили ин ташкилоти сиёсӣ қавӣ гаштани муносибот миёни Русия ва Белорусия сурат мегирифт. Соли 1996 Иттиҳоди Русия ва Белорусия созмон дода шуда, баъд аз як соли расо шартнома миёни кишварҳо баста шуд. Соли 2000 Созишнома оид ба таъсиси давлати иттиҳодӣ ба ҳукми қонун даромад. Ҳуҷҷати мазкур рӯйи кор омадани фазои ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, гумрукӣ, асъор, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ ва фарҳангиро дар назар дошт. Ҳамчунин тавъам сохтани қонунгузорӣ, рамзҳои давлатӣ ва асъор, парлумони воҳид ва дигар мақомоти давлатӣ пешбинӣ мешуд. Забони русӣ дар Белорусия яке аз ду забонҳои давлатӣ маҳсуб мегардад. Ин мақомро он баъд аз референдуми соли 1995 ба даст овард. Он замон барои мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ 83,3 фоизи аҳолӣ овоз дода буданд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.