ИТТИҲОД ВА Ё ФУРӮПОШӢ? (Иттиҳод авруосиёии фазои пасошӯравӣ феълан дар ҳоли марг аст)20-12-2018, 16:25
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Ман даъво надорам, ки Америкаро кашф мекунам, вале таъкиди ин ҳарфҳоро ногузир мешуморам. Мехоҳам аз ҳолати баҳамойии (интегратсионии) кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳарф занам, ки дар кадом вазъ қарор доранд. Эстония, Латвия, Литва: собиқ ҷумҳуриҳои Назди Балтики Шӯравӣ – баромадҳои зиддирусии элитаи сиёсии ин кишварҳо рӯз то рӯз авҷ мегирад ва ин «мол» дар кишварҳои Аврупо харидорони зиёд ҳам дорад. Гурҷистон ва Украина: пӯшида нест, ки муқовимати ҳарбӣ бо ин кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба гармшавии муносибатҳо ҳеҷ нақши мусбӣ нахоҳад дошт. Гузашта аз ин, сиёсати ноуҳдабароёнаи Москва дар Украина барои аз миллатгароёни радикалӣ ба қувваи устувори сиёсӣ табдил ёфтани онҳо замина фароҳам овард. Ҳоло бошад, миллатгароёни украинӣ насли навраси славяниро дар рӯҳияи «бандерагароӣ» тарбия намуда истодааст, яъне ҳар касе ҳам ба воя нарасад, танҳо «маскали лаъин» набошад. Молдавия: ором-ором, вале устуворона киштиашро ба самти Аврупо, илова бар ин руминияшавии афкори миллӣ, ронда истодааст. Дар ин ҳол бояд таъсири муноқишаи мунҷамид (яхкардашуда, беҳаракат) дар Приднестровия низ сарфи назар нашавад. Дар Озарбойҷон ба гумон аст, ки Ғарб бидуни талош ба бозшавии «дарбанд»-и сиёсӣ дар баҳри Хазар (Каспий) иҷоза диҳад (нафти баҳри Хазар низ омили дигар аст). Эҳтимоли ба ғарб рӯ овардани Арманистон низ ҷои баҳс нест. Сарвазири Арманистон пашинян элитаи сиёсии пешинаро аз баданаи ҳукумат пок карда истодааст, ки ба гумон табъи дили Маскав аст. Намунаи қобили зикри ивазшавии нисбатан «нарм»-и ҳукумати арманиҳо, ба истеблишменти Русия дар баробари мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии он паёми хубе нест. Мушкилоти ҳалнашавандаи Қаробоғ, ки дар он Маскав ҳеҷ тасмиме нишон намедиҳад ва онро солҳои тӯлонӣ дар ҳолати карахтӣ нигоҳ медорад. Дур нест, ки яке аз ҷонибҳои низоъ бо нишони эътироз, ба ҷустуҷӯи нерӯи сулҳхоҳи нисбатан фаъолтар иқдом намояд. Белорусияи пасошӯравӣ: Лукашенко хеле хуб мефаҳмад, ки «иттиҳоди нисбатан амиқтар», ки аз ҷониби Кремл талқин мешавад, чи «паёмад»-ҳое барои кишвараш дорад. Ин тасмим Лукашенкоро маҷбур месозад, ки муносибати худро бо Аврупо наздиктар кунад ва эҳтимоли зиёд аст, ки сенарияи Украина дар Белорусия низ пиёда шавад. Украина бошад, дар роҳандозии ин гуна сенария ҳеҷ гоҳ дар канор нахоҳад монд. Дар ин ҳол аз кишварҳои ба Маскав хайрхоҳ танҳо Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳанд монд, вале бо ин кишварҳо низ муносибатҳо хеле ҳамвору сода нестанд. Туркманистон аз лиҳози сиёсиву иҷтимоӣ то андозае пӯшида аст, дар Қазоқистон бошад, солҳои ахир кӯчбандии батадриҷ, вале мунтазами русҳо ба назар мерасад. Мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, Москва ба ҳайси яке аз воситаҳои муассири таъсиррасонии сиёсӣ истифода мебарад. Дар ҳоле ки бархӯрд бо муҳоҷирони мо дар Русия хеле сангин ва беинсофона буда, саддҳои бюрократӣ, ки таҳияи қонунии ҳуҷҷатҳоро ғайримкон гардонида ба онҳо ба таври сунъӣ мӯҳри «қонуншикан» мезанад, дер ё зуд ҳаракати муҳоҷирати меҳнатиро дар Осиёи Маразӣ водор месозад, ки аз «меҳрубонии» Русия даст кашида, ба манотиқи дигари дунё рӯ орад. Ин ҳолат метавонад барои аз таҳти таъсири Русия берун шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ замина гузорад. Ин нукта низ бояд сарфи назар нагардад, ки солҳои охир Чин бо «сармоягузорӣ»-и худ таъсирашро ба кишварҳои минтақа густариш медиҳад. Ягона омиле, ки ҳанӯз муносибати кишварҳои Осиёи Марказиро бо Русия «гарм» медорад, ин бархӯрди шадиди ҳукумати Чин бо мусалмонони ноҳияи Шинҷон-Уйғур аст. Дурнамои ворид шудан ба «лагерҳои меҳнатӣ»-и Чин, ки бо теъдоди зиёдашон ҳама ҷоро пур карда истодаанд, аслан барои кишварҳои минтақа ҷолиб нест. «Интегратсияи Авруосиёӣ», дақиқтараш, идомаи парокандашавии кишварҳои пасошӯравӣ рӯз то рӯз шиддат мегирад. Сабаби асосии парокандашавии идомаёбандаи ҷамъияти авруосиё ин коҳилии Москва чиҳати пешниҳоди тарҳи одилонаи рушд ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравист. Дар Русия бошад воқеъият аз он далолат мекунад, ки барои тақсимоти дурусти маблағ байни қабила ва гурӯҳҳои баргузида аз боло супервайзер (нозири молиёт)- е гузошта шудааст, ки равиши онҳоро назорат кунад. Ҳанӯз, ки арзиши тиллои сиёҳ дар бозори нафт баланд буд, Русия имкон дошт, ки шиддати зиддияту эътирозҳои иҷтимоиро бо як миқдор маблағ коҳиш диҳад. Ҳоло, ки бозори ашёи аввалия касод шудаасту таҳримҳои алайҳи Русия зиёд, давлат маҷбур аст, ки камбудиҳои худро аз ҳисоби баланд бардоштани андоз, ки боз ба дӯши бе ин ҳам муфлисшуда аҳолии бор мешавад, ҷуброн намояд. Тавре ки воқеаҳои соли 1993 нишон доданд, дар ҳоли сар задании эътирозҳои рӯшоди мардумӣ, он хеле хунсардона пахш карда мешаванд. Ба гумон аст «Инқилоби Октябр», ки мардуми косаи сабраш лабрезшударо муттаҳид кард, дар шароити имрӯзаи Русия такрор ёбад. Садоқати артиш, пулис ва дигар мақомоти тартиботро кӯшиши бо баъзе «меҳрубонӣ»-ҳо харидан ба назар мерасад, чун элитаи сиёсии Русия дарк мекунад, ки одами бадодомада ва мутлақо нодор, ки ба аслиҳа дастрасӣ дорад, агар ба ошӯби мардумӣ ҳамроҳ шавад, барои элита паёмади хуб нахоҳад дошт. Ин усули идоракуниро дар Русия мушоҳида намуда, элитаи ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дарк менамоянд, ки зери маҳфуми «Иттиҳоди Авруосиёӣ» имкон дорад, (бигзор бо усулҳои мутамаддин ва нарм) ғасби захираҳои саноатӣ, канданиҳои фоиданок ва марзҳо ниҳон бошад. Клептократия (шакли идоракунӣ)-и русӣ, ки воқеан таҳти таъсири фасод мамлакатро аз дохил мехӯрад, ҳеҷ гоҳ барои дигар кишварҳо намунаи ибрат ва омили муттаҳидкунанда буда наметавонад. Иттиҳоди Авруосиёӣ дар Русия дар марҳилаи ҳозира бидуни татбиқи амалӣ ба баҳс ё гуфтугӯи пӯшидаи ҷамъияти илмӣ-коршиносӣ табдил ёфтааст. Баъд аз зери итоати ИМА қарор гирифтани Украина, Русия ба ҳайси меҳвари муттаҳидкунанда мавқеи калидии худро дар фазои пасошӯравӣ аз даст дод. То даме, ки дар Русия вазъи сиёсиву иҷтимоӣ тағйир намеёбад ва тақсимоти одилонаи молиявӣ аз гурӯҳҳои маҳдуди доро ба оммаи мардум сурат намегирад, парокандашавии Иттиҳоди Авруосиё идома хоҳад ёфт. Тақсимоти ғайриодилонаи клептократияи русиягӣ- омили фурӯпошист, на иттиҳод… Эрик Ханимамедов Тарҷума аз www.centrasia.org. 16.12.2018 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.