Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз пастшавии ҳарорат хабар медиҳад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз пастшавии ҳарорат хабар медиҳад

19-12-2018, 10:46
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз пастшавии ҳарорат хабар медиҳад
Аз 19 то 20 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, боридани борону барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 то -5-10, рӯзона -2+3 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17 ва рӯзона -1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон, ки ба барфи тар мубаддал мегардад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона аз 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар давоми рӯз дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо рӯзона борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7 ва рӯзона ба 6+11 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона 4+6 ва рӯзона +8+10 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: