Яке аз рукнҳои асосии тараққиёти иқтисодиёт15-11-2018, 09:27
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Инсон ҳамеша ба равшанӣ ва нур эҳтиёҷ дорад, рӯшноиро рамзи зиндагӣ ва ободӣ медонад. Нуру зиё зиндагиву ҳастии инсонро мунаввар месозад, атрофу муҳити иҷтимоиву табииро барои дидану шинохтанаш инконпазир мегардонад. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Шоёни ёдкард аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23-январи соли 2015 ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки «Ба туфайли сохтмони нерӯгоҳҳои калон ва бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба даст овардани амнияти энергетикӣ имконпазир аст». Воқеан, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ, ки ба 527млрд кВт соат дар як сол баробар аст ва дар ҷаҳон баъд аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Алҷазоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷойи ҳаштум меистад. Айни замон қисми хурди потенсиали иқтисодии захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад. Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи энергетика рушд ёфта, шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ба амал омад. Ҳоло дар ноҳияҳои дурдасти маалакат 305-нерӯгоҳҳои хурд ва 2432-то таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар доираи барномаи давлатии қабулшуда дар мамлакат то охири соли 2013-ум 310-нерӯгоҳҳои барқии обии хурд бо иқтидори 29000-кВт сохта шуда, сохтмони боз 10-нерӯгоҳҳои хурд бо иқтидори 14000-кВт идома дорад. Соли 2014 агрегати нерӯгоҳи барқии обии «Сангтуда-2» ва агрегати якуми навбатии аввали маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 220-МВт ва соли 2017 ба назардошти навбати аввал бо иқтидори 400-МВт ба истифода дода шуд. Хушбахтона, бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони яке аз нерӯгоҳҳои калони ҷумҳурӣ НБО “Роғун” бо иқтидори лоиҳавиаш 3600-МВт идома дорад. Роғун ин ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз мебошад. Ба кор андохтани аввалин гидроагрегати НБО “Роғун” яке аз ҳодисаҳои муҳимми таърихӣ ба ҳисоб меравад ва барои тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯи соҳаи энергетика, махсусан нерӯгоҳҳои барқи обиро яке аз рукнҳои асосии тараққиёти иқтисодиёт мешуморад. «Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад» - таъкид карда буд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми тантанавии оғози нави сохтмони аср НБО “Роғун”. Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди НБО “Роғун” Пешвои миллат таъкид дошт, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди НБО “Роғун” роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст. Пешвои миллат ба соҳаи энергетика эътибори калон дода, бо истифода аз обурӯву нуфузи рӯзафзуни сиёсӣ бобати эҳёи сохтмонҳои нотамоми гидроэнергетикӣ, таҳияи сохтмонҳои нав, таҷдиду тармиму модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда ба таъмини мустақилияти энергетикии кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Табиист, ки бунёди неругоҳҳои барқӣ ба осонӣ муяссар нашудаанд. Дар тӯли солҳои истиқлолии кишвар бо кӯшиши пайгиронаи Пешвои миллат ва бо кору пайкори бинокорон ва кормандони муҳандисию техникии ин соҳа ба ин комёбиҳо муваффақ гардидаем. Пешвои миллат дар Паёмашон чунин иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи нерӯи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешаванд. Муҳимтарин воқеаи таърихие, ки соли 2016 ба вуқуъ пайваст, иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бастани маҷрои Вахш ва оғози бунёди сарбанди Роғун буд. Аз кадом ҷиҳате, ки ба ин рафтори ҷасурона ва наҷибона баҳо надиҳем, як чиз мусаллам аст: Пешвои миллат бо азму иродаи бемисл, (зеро таърих ёд надорад, ки Президенти ягон кишвари дунё худаш ба булдозер нишаста, маҷрои дарёро баста бошад), собит карданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба бунёди чунин азамати энергетикӣ қодир аст ва онро ҳатман месозад. Ин амал ибрати барҷастаи шахсии ватандорию ватандӯстӣ буд. Ин қаҳрамонист ба хотири ояндаи накӯи давлату миллат. Санаи 16-уми ноябри соли равон чархаи якуми НБО-и Роғун ба истифода дода мешавад. Ин санаи таърихиро ҳар яки мо тоҷику тоҷикистонӣ бесаброна интизорем. Роғун бори дигар собит сохт, ки мутахассисону сохтмончиёни маҳаллии мо аз уҳдаи бино намудани чунин як иншооти бузург бо сарбаландӣ мебароянд. Онҳо шабро шаб нагуфта, рӯзро рӯз нагуфта бо азму иродаи қавӣ кору фаъолият дошта, қарзи ватандории худро адо намуда истодаанд. Таъкиду суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бар дили ҳар як фарди ватандӯсту ватандор ҳисси баланди созандагию бунёдкориро бедор кард. Маҳз ваҳдату якдигарфаҳмии миллати сарбаланди тоҷик аст, ки имрӯз бунёд намудани як иншооти бузург ба мо муяссар гардидааст. Имрӯз Роғун мояи ифтихори мо соҳибватанон аст. Роғун обод гардад, ояндаи тоҷикон дурахшон мешавад. Роғун хамчун нерӯгоҳи барқӣ-обӣ барои мо тоҷикон нуру зиё, пешравию шукуфоӣ, фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато мекунад. Ҳар яки мо пеш аз ҳама бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳми босазои худро гузорем. Қумриниссо ГУЛМУРОДЗОДА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.