РӮҲ БО ИЛМ АСТУ БО АҚЛ АСТ ЁР3-11-2018, 12:30
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Оиди рӯҳ-ҷон фарзияҳои гуногуну тахминҳои зиёд ва рангине арзи ҳастӣ дорад. Гурӯҳе аз уламо рӯҳу ҷонро як чиз дониста, дар атрофи он фикрронӣ кардаанд ва ин муомила давом дорад. Гурӯҳи дигари уламо бар онанд, ки рӯҳу ҷон ду маҳфум-ду предмети ҷудогонаанд, аммо беякдигар буда наметавонанд. Аз ҳамин лиҳоз қиссаву ривоятҳое дар боби пайдоиши Одаму насли ӯ пайдо шудааст. Ривояте ҳаст, ки Худованд ҷисми одамро аз гил офарид. Ҷон зери таъсири садои най, ё ба ривояти дигаре ғиҷҷак аз худ бехуд шудаву рақскунон дохили колбади одам гардид, барои муддате чанд қафасӣ шуд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин маънӣ фармудае дорад: Мурғи боғи малакутам, нимам аз олами хок, Ду-серӯза қафасӣ сохтаанд аз баданам. Аз ин таъкиди паямбаронаи ҳазрати бузургвор бар меояд, ки одамон, бузургони шеъру адаб ҷонро бадоҳатан мурғи боғи малакут, нафс ва равон низ ном мебаранд. Рӯҳ, ҷон, мурғи боғи малакут вожаҳоеанд, ки дар худ асрори нуҳӯфтае доранд. Қиссаҳои ногуфтаву ношунидае дар онҳо маҳфуз аст. Тибқи ақидае ҷон чун аз қафас-бадани инсон, то ҷое табиати зинда берун шуд, майл ба боло-ба сӯи Боғи малакут меорад. Ин роҳ бехавфу хатар нест, ҳанвору рост набудаву дар худ садҳо монеаҳо ва мушкилиҳои зиёде дорад. На ҳар рӯҳ қобили убури ин роҳ аст. Рӯҳҳои қобилу неруманд метавонанд ин роҳро ба осонӣ тай намуда, ба макони азалии худ бирасанд. Ин рӯҳҳое ҳастанд, ки дар бадани шахсиятҳои накӯкор, инсонҳои комил, содиқ, солеҳу солеҳа ҳастӣ доштанд. Рӯҳҳои ноқобил-рӯҳҳои шахсиятҳое мебошанд, ки дар замони ҳаёти рӯизаминияшон амалеро ба хубӣ, ба фоидаи халоиқ, ба фоидаи замину дигар махлуқот сомон надодаанду дар роҳи хайр, дар роҳи банданавозӣ кореро ба анҷом нарасонидаанд. Онҳо ғарқ дар дарёи гуноҳанду дучор дар гирдоби фалокат. Барои онҳо тай намудани роҳи «Боғи малакут» саҳлу осон нест. Гоҳе ҳатто номумкин аст. Аз доштани гуноҳи бисёр, аз нофармонӣ аз Холиқи хеш, ба ҷо наовардани фарзиятҳо ва суннатҳо гурӯҳе аз онҳо, ки хушбахтона ақалиятанд, ноилоҷ ба замин баргаштаву тибқи ақидаҳое боз ба анҷом додани корҳои зишту носавоб шуғл меварзанд, ҳарчанд ба чашми одамон ноаёнанд. Ба ақидае рӯҳҳои қобил дар Боғи малакут замоне истода, ҳаёти пешинаи хешро аз лавҳи хотир фаромӯш сохта, боз дар андоми тифли солеҳе ба ин дунё меоянд. Тибқи акидаи дигаре рӯҳҳои ноқобил, ки бо сахтиҳое ба Боғи малакут рафтаанд, баъди фурсате дар тани даррандае бадхашм, хазандае заҳрогин ҳулул намуда, ба замин меоянд. Одамӣ ҳама ҳодисаро дар зиндагӣ интизор аст, ба ҷуз марг, хоҳ нобаҳангом бошад, хоҳ дер. Ӯ медонад, ки соате мемирад, вале намедонад кай. Дар ривояти Ҳимория, ки яке аз фирқаи ғулоти шиа аст, гуфтаи боло хотиррасон карда мешавад: «…агар марде золим, нопарҳезгор, фосиқу бахиле … бимирад, рӯҳи ӯ ба бадани чаҳорпое, муше ҳулул кунад ва агар марди некусурате, некухисоле, накукоре вафот кунад, рӯҳаш ба колбади инсони парҳезкор дохил мегардад». Ҳар чанд ин фарзияҳо асоси илмӣ надоранд, вале аз ҳақиқат ҳам, дур нестанд. Мо бояд бидонем, ки дар навбати дигар, тибқи ин фарзияҳо, дар бадани миллате дигар, халқияте дигар ба дунё биоем. Фано ёфтани одамон, ашёҳҳо ва олами набототу ҳайвонот, парандаву хазандаҳо, ё аз як шакл ба шакли дигар гаравидани ҷисмҳо маънои анҷоми ҳаётро надорад. Ин андеша кашфи олимони илоҳиётшинос буда ва олимони бузурги олам, ки ба динҳои дигар эътиқод доранд, ҳар кадоми онҳо ба зоти худ, ё такя ба гуфтаҳои дигар олимони пешин ва муосири хеш афкор намудаанд. Ба эътибор гирифтани ин нукта дар ҷаҳони муосир, ки байни ҷомеаҳои мутамаддин, эътиқодҳо-динҳо, муборизаҳо шиддат гирифтааст, моҳияти табиӣ дорад. Алалхусус, раванди ҷаҳонишавӣ байни давлатҳои абарқудрат, махсусан, давлатҳои рӯ ба инкишоф нобасомониҳои зиёдро ба бор овардааст. Онҳо дар паи суду фоидаи хеш байни кишварҳо, тамаддунҳо, мамлакатҳо, эътиқодҳо ва ҳатто байни ҳаммилатҳову ҳамдинҳо низоъ андохта, онҳоро ба шӯр ангехтаанд. Ҳодисаҳои Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман, Афғонистон, Нигерия, Украин, Венусеола далели дурустии ин андеша аст. Нобасомониҳоии солҳои навадуми асри пор мо-тоҷиконро, намояндагони як миллату як динро бо ҳам дар ситез оварду ҷанг андохтанд. Мо бародаркушӣ кардем, шаҳру деҳоти худро сӯхтаву харобу валангор намудем. Ба буҷаи давлату бошандагонаш хисороти гӯшношуниде расонидем. Мо бо ҷурмҳои беақлона-кӯлобӣ, ғармӣ, хуҷандӣ, помирӣ теша ба решаи наслу миллату давлати худ задем. Ғосибони бедину беимони хориҷӣ душманонамонро аз дохили худамон пайдо карданд. Онҳоро бо пулу пайсаи кам, ваъдаҳои риёкоронаи носавобу насия ба майдон оварданд. Ин тоифаи бегумон аз асли миллату ватан, дину мазҳаб, дар сар ҳавои молу манолу мансаб «аз хоби гарон хез» гуфта мардумро ба бародаркушӣ, харобкорӣ, оташзанӣ оварданд. Мо ҳаммиллатон ба якдигар чунон ҷаҳолат кардем, ки имрӯз аз гуфтанашон шармамон меояд. Ин ноқобилони даҳр-душманони мо имрӯз ҳам, чун мори захмин, фаромӯш аз дунёву охират тайёранд, ки ҳар замон, ҳар вақт ба тани мо неш зада, бадани моро, асаби моро заҳролуд бисозанд. Фарзандони ин миллати бостониву таърихӣ, диловару шуҷоъро ба доми найранги худ гирифтор кардаву онҳоро террорист, экстремист, ифротгарои хунинчашм бисозанд ва вазъияти сиёсии Ватанро ноором бигардонанд. Онҳо дар миёни мо, бо моанд. Аз як боду ҳаво бо мо нафас мегиранд. Аммо мақсаду маромашон дигар будаву дили сиёҳ доранд. Моро, роҳбарони моро зарур аст, ки аз мардум канораҷӯӣ накардаву дар фикри тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, мардум бошем. Таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, шахси дилогоҳу ватанхоҳ, ободгар Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷо оварда, чун ӯ ёвару меҳрубони бошандагони диёр бошем, дар андешаи ободсозии мулк ранҷ бибарем. Аз пайи таблиғоти ғояҳои ватанхоҳонаи роҳбарияти олии давлат бошем. Ҳама саросар дар фикри ободии Ватану хушбахтии ҳамватан кору зиндагӣ кунем. Дар ин маврид мо одамем, ватандорем шаҳрванди диёри хешем ва диёр аз мо ободу зебо мешавад, халқи Тоҷикистон осудаҳолу нерӯманд гашта, шуҳрати Ватани мо ба дуриҳо меравад. Вазифаи муқаддаси ҳар як бошандаи замин, азизу муҳтарам доштани ҳар як бандаи Худост. Миллату халқият, эътиқод монеи гиромидошти одамизод аз тарафи одамизод набошад. Мо новобаста ба он, ки намояндаи кадом миллатем, муваззафем дигар миллату халқиятҳоро гиромӣ бидорем. Онҳоро чун бародарзодаҳои худ эътирофу эҳтиром намоем. Дар ин маънӣ қиссаву ривоятҳои бисёре аст. Худованди бузург байни одамизодаҳо фарқ нагузоштааст, новобаста ба эътиқоду ранги пӯсту миллату забон. Мо якдигарро фарзанди Одам ҳисобида кӯшиш кунем хеш-дӯст бошем. Дӯстӣ аз душманӣ авлотар аст, эӣ одамизода! Меарзад қайд намоям, ки нафс-ҳирс, ҳавои пулу мансаб нафаронеро аз миёни мо ба дунболи шайтони лаъин бурда, малъун кардаанд. Ин шахсиятҳо одамони нодон набуда, онҳоро ҳаваси дорогӣ ва мансаб аз паи иблис ва иблистабиатон бурда, гумроҳ кардааст. Гӯли шайтон ва хоҳиши бепоён онҳоро ба ҳар мулк бурдаву мусофир ва ғариб кардааст. Онҳо имрӯз бо таблиғоти нахайри Кабирӣ-осии мулк, оворагарди диёри бегона шуда, сари худро ба ҳар дар-дари ноошноён, бегонагон халонида, имдод мепурсанд, ба суроғаи Ватани хеш, миллати хеш, ҳамдину ҳаммазҳаби худ санги маломат ҳаво медиҳанд, бегумон аз он, ки Худованд касеро дӯст надошт ба ғурбаташ мубтало месозад, азобро ба сараш меорад. Беватанӣ, мусофирӣ, дарбадарӣ магар азоб нест?! Онҳои саргардон, дарбадар дарк кунад, ки Кабирӣ бо дасти холӣ ҷилои Ватан накардааст. Ӯро бахилони даҳр, бадхоҳони миллату давлати мо ҳамчун як соил, пулу пайсаи ночизеро ба чанголаш қапонида, дар пешаш вазифаҳоеро дар боби нооромии халқу диёраш гузоштаанд. Ҳар чанд ин маблағҳо ночиз бошанд ҳам, барои айшу нӯши Кабирӣ, фарзандони дулдулсавори ӯ ва завҷаҳои пуркарашмааш басанда аст. Аз ин маблағҳо думравонаш чун лошахӯрҳо чизеро нокифоя ҳамчун садақа мегиранд. Эй Кабирӣ ва думравони ӯ, ба сари миллату диёри худ борони туҳмату ғараз пошидан аз мусулмонӣ нест. Не! Шумо аз ҳадиси қудсии паямбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) «Ҳуб-ул-ватану минал имонӣ» мункиред. Шумо ба ҳуш биоед ва дарк кунед, ки амали бад карда, худро аз исломи пок дур сохтаед. Мардуми олам ҳама бародарзодаанд. Мо ба Худои худ имон дошта, паямбарону китобҳояшро эътироф бисозем, ҳадисҳои ҷаноби Паямбар (с) роҳнамои худ бигардонем, бандагони Худоро, ба дину эътиқод, ранги пӯсташон эътибор надода, бародархондаҳои худ биҳисобем, иззату икромашон бинамоем, бешак, бандагони ҳақиқии Парвардигори хешему иншоолоҳ, имондорем. Дуруст аст, абарқудратон барои суди хеш моро бо ҳам, ба ҳар восита ба шӯр меоранд. Душмани моро аз байни худамон меёбанд. Ин душман имонашро ба пули ночизе мефурӯшад, барои мансаби насия моро ба дастамон теғ дода, алайҳи бародари худ ба ҷанг меорад. Таърих гувоҳ аст! Мо як бор сӯхтору куштор кардем, ғарибу мусофир гаштем. Дар мулкҳои бегона ҷон додаву ғарибмаргу ғарибгӯр шудем. Дар гӯристонҳои маҳаллӣ турбати фавтидагони моро роҳ надоданд. Хориву азобу таҳқири бепоён дидем. Баъди бо ҳам омаданамон як раванди номуборак, як ҳолати ногувори дигаре-мусофирати меҳнатӣ пайдо шуд. Мусофирати меҳнатӣ ҳам хеле сангин аст, таҳқиру азобаш кам нест. Ғараз аз ин гуфтор ҳамин аст, ки мо муттаҳид бошем, ватанро дӯст бидорем, обод бисозем, як луқма нонамонро дар ҳамин диёри худ пайдо намоем. Роҳбарони моро зарур аст ҷойҳои кории нав ва маоши ҷавобгӯ ба талаботи сабадчаи истеъмолӣ пайдо кунанд. Ҷаҳони муосир ниҳоят хатарзо шудааст. Тариқи телевизионҳо мебинем дар Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман, Украин чӣ рӯйдодҳои сангину беадолат рух дода истодаанд. Пиру барно ҳадафи тир қарор гирифтанд. Гуруснагӣ, беобӣ, хуруҷи бемориҳои гуногун ҳоли мардумро ба танг овардааст. Соҳибқудратон ба ваъдаҳои бардурӯғ, пуч домани мардумро пур карда, ба сарашон гулулаву бомба мепартоянд, шаҳру деҳот ва хонаҳояшонро харобу валангор месозанд. Худашон ва фарзандонашонро мекушанд, захмиву ранҷур месозанд. Каси имондор ба онҳо нигариста мегиряд. Хун ба рӯйи тифлакону наврасон, момову бобоҳо шорида, чун хаёлгумкардаҳо ба ҳар тараф бемақсад даву тоз мекунанд. Аз телевизион борҳо дидаам, ки кӯдакони 7-10 солаи Донбас, Сурия, Ироқ бо сару рӯи хуншор, дастони хунолуд ва нигоҳи имдодталабона ба калонсолон менигаранд, мадад меҷӯянд, нон мехоҳанд. Боре дидам араббачаи суриягӣ, ки сару рӯяш хунолуд буд ва хун ба рӯяш мечакид бо дастони хунолудаш луқмаи нонеро, ки сарбози рус ба ӯ дод, гирифта ҳарисона хӯрд. Гуруснагӣ ӯро маҷбур сохта, ки дарду сӯзиши сари кафида ва тану ҷони захмбардоштаашро ҳис накунад. Маълум аст онҳо гуруснаанд, рӯзҳои зиёд қути лоямудеро надидаанд. Барои суди ночизе бузургон дар нохунак ба сари насли Одам офату балоро овардаанд. Бешак, ин амал дар ҳар ду олам рӯи онҳоро сиёҳ месозад. Мардуми олам дарк кунад, ки Худои ҳама Аллоҳ аст. Ҳама мардуми сайёра офаридаи як Худовандем. Ҳама аз як реша ибтидо дорем. Ҳуқуқ надорем бандагони Худоро душман бидонем. Барои фоидаи ночиз, таскини нафси дунявӣ ба сари бандае даст бардорем, хунашро бирезонем, молашро соҳибӣ намоем. Бузургони олам ва муҳаддисони бокарам дар боби дӯстӣ, рафоқат ҳамрайъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ таъкидҳои зиёди ҳикматноке доранд, ки қабул, пайравӣ ба онҳо кори хайру савоб асту накуӣ ба оламиён. Расули Акрам (с) мефармоянд: «Ба якдигар ҳадияҳо кунед, то меҳрҳо афзун шаванд». Ҳадия натанҳо чизе-туҳфае бошад, балки оғӯши гарму боз, чеҳраи кушодаи соз ва дилҳои пок ҳам, ҳадия аст. Мавриди ситоиш ва ниёиш қарор гирифтани инсонҳо, но вобаста ба дину мазҳабу миллату забонашон ҳам, ҳадияест аз хиради воло, ақли расо, заковати тавоно фитрати беҳамто ва хоҳиши боло. Дасти дӯст-дасти бандагони Худоро бо муҳаббат фишурдан, гармии онҳоро эҳсос намудан низ ҳадияи инсон аз барои инсон аст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин боб ҳикмате дорад: Гармии дасти дӯст агар бошад, Аз зимистон баҳор хоҳам сохт. Биёед, мо дар соли рушди сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ин ҳикмати бузургро дастур дониста, ҳамватанони худ ва меҳмонони бурунмарзиамонро бо қалби гарму дасти нарм истиқбол намоем. Рисолати аҷдодии хешро собит бисозем. Агар ҳамин тавр бикунем, бидуни шак, тоҷикем! Худованд таълим медиҳад: «Инсонҳо ҳамон чизеро, ки барои худашон мехоҳанд, барои дигарон ҳам бихоҳанд. Ҳатто барои душманонашон. Якдигарро кумак расонед, лекин дар корҳои бад, нораво аз кардани кумак худдорӣ намоед». Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) мугӯяд: «Касе баҳри ҳимояи худаш кушта мешавад шаҳид аст, касе дар ҳифзу ҳимояи оилааш кушта мешавад шаҳид аст. Касе дар ҳифзи дорогияш кушта мешавад шаҳид аст ва касе дар ҳимояи Ватанаш кушта мешавад, шаҳид аст». Замин ватани ҳамаи зодагони одам аст. Ҷое, ки мо зода шудаем зодгоҳамон мебошад. Худо- Модар-Ватан вожаҳое муқаддасу мубораканд. Аз ҳамин лиҳоз мо онҳоро дӯст бидорем, барои розигии Худову Модар ва ободии Ватан кӯшиш намоем. Кӯшиш кам аст, ҳама ҳастиямонро бубахшем. Ана, дар ҳамин сурат мо бандаи Худоему Ватандор, фарзанди Модар ва ободгари Ватанем. Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) фармудае дорад: «…ҷуҳудон ба 71 гурӯҳ, тарсоён ба 72 гурӯҳ ва пайравони ман ба 73 гурӯҳ хоҳанд гаравид»,-мегӯяд Абдулқоҳири Бағдодӣ аз номи муҳаддиси машҳур Абӯсаҳл маъруф ба Ибни Деҳқон. Ҳазрати пайғамбар илова мекунад: «… ҳамаи онҳо дар дӯзах бошанд, магар як даста. Чун аз вай, ҳазрати Муҳаммад (с) дар назар аст, пурсиданд, ки эй пайғамбари Худо, он даста киёанд? Фармуд: он даста, ки ман ва ёрони ман бар онем». Хонандаи азиз, аз ин иқтибосҳо хулосае барор. Мо аҳли ислом дар он дастае бошем, ки пайғамбарамон буд. Бидон, ки моро ҷоҳилону бахилон ва судхоҳони разили пешину муосир ба шӯр овардаву хун мерезем, хона месӯзем … ва дигар бадкориҳо карда, худамонро сархами ҳарду олам месозем. Моро тариқи иғво, суханҳои бофтаву бо садҳо азоб ёфтаи хеш манқурт мегарданд, то ҷое, ки мо аз оташи сӯзони Дӯзах бехабар мемонем. Ба сари ҳаммилату ҳамдин, бародару ва ҳатто волидайни хеш теғ мекашем. Ин ҳамаро гӯё барои покии дини мубини ислом мекарда бошем. Бо ҳамин роҳ, бахилони мо ва дини мо моро осонакак ба ҳафтоду ду равия-фирқа зиёдатӣ ҷудо мекунанд, шомили дӯзахамон менамоянд. Иблиси малъун бобову момои моро дар боғи Адан бифиребид. Худованд Одамро танбеҳ карда, ба рӯи замин овард. Ӯро ба меҳнат кардан талқин намуд. Меҳнате, ки барои рӯзгузаронӣ, созандагӣ, ободкорӣ бошад. Кулли башарият, такрор мекунам, офаридаи як Худоянд. Моро эътиқодҳо, забонҳоямон аз ҳам ҷудо кардааст. Файласуф ва классики амрикоӣ Фолкнер таъкиде дорад: «Дин мардумро ҷудо мекунад, ҳунар онҳоро мепайвандад»,-мегӯяд ӯ. Бале динҳо, мазҳабҳо муъҷиби асосии дуршавии одамон аз ҳамдигар гаштаанд. Замони ҳозира асри бархӯрдҳо, тазодҳо, носолимиҳо гаштааст. Экстремизм, терроризм, ифродгароӣ авзои ҷомеаро сангин сохта, даҳшаташ аз даҳшати силоҳи ҳастаӣ кам нест. Ин раванди нахайр бештар ҷаҳони исломро ба ларза овардаву ба харобӣ … ва дигар омилҳои нохуб рӯ ба рӯ сохтааст. Камшавии шумораи намояндагони ин дини мубин ба маротиб мушоҳида карда мешавад. Сабаби ин раванди нохуб хархашаҳои дохилии давлатҳои исломӣ аст. Тибқи хулосаҳои омории ҷаҳонӣ шумораи таваллуди мусулмонон кам шудаву шумораи фавташон зиёд гаштааст. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд гуфтааст: «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳамагуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд». Чаро мо-мусулмонон аз ин ҳикмати бузург дониста бегумонем? Барои покии ислом бо ташвиқоти бегонае, намояндаи дигар эътиқоде бародаркушӣ мекунем, шаҳрҳову деҳотро валангор сохта, меҳнати бобоёну гузаштагони хешро хокистар карда ба боди фано ҳаво медиҳем. Рӯҳу арвоҳи гузаштагонро нороҳат месозем. Ин амали бехайр мақоли тоҷикӣ- «Худозада бошу арвоҳзада не»-ро ба ёд меорад. Дар ин маънӣ устод Лоиқ мефармояд: Ҳар касеро, ки Худо зад боз одам мешавад, Ҳеҷ кас одам нахоҳад шуд, гараш арвоҳ зад. Агар хонандаи гиромӣ маънирас аст, дарку фаҳмиши ин мисраъҳо барояш саҳл мебошад. Худо Раҳмон асту Раҳим, гуноҳбахш аст, вале рӯҳу арвоҳ ин сифотро надоранд. Гумони ғолиб аст, ки вожаи «Ваҳдат»-ро то замони нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ мо-тоҷикон ифодакунандаи як олам хушбахтӣ, як ҷаҳон саодатмандӣ на ҳама медонистем. Имрӯз ин калима ба вожаҳои Худо-Модар-Ватан баробар шуда, Худо-Модар-Ватан-Ваҳдат шудааст. Зиҳӣ вожаи «Ваҳдат». Худо кунад, ки миёни бошандагони Замин ҳама ба ваҳдат биёянду сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, ободсозӣ… пойдор бигардад. Бигузор тифлакону наврасон, модарон, пиронсолон даҳшати ҷангро набинанд. Онҳое, ки ба сари башарият ҷанг меоранд, бидонанд, ки рӯзе худашон қурбони ин ҳаракати нахайри хеш мегарданд. Барои зиндагии осоишта миллату эътиқод на, балки илму ақл зарур аст. Пири маонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин боб гуфтае дорад: Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр, Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор? Абдуллоҳ Бобоев, шаҳри Кӯлоб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.