Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Об ҳаст, ҳаёт аст

Об ҳаст, ҳаёт аст

31-10-2018, 10:01
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
Об ҳаст, ҳаёт аст
Об ҳастии тамоми мавҷудоти олам буда, ҳаётро бе он наметавон тассавур кард. Тибқи маълумот Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи нерӯи об дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. 55 фоизи захираи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Захираи пиряхҳои кишвар ба 845 км3 баробар аст, ки миқдори умумии онҳо ба 14000 адад мерасад. Солҳои охир тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорат дар Осиёи Миёна ба захираҳои обии ин минтақа таъсири манфии худро расонида истодааст. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои об гардидааст, мушкилоти инсонҳоро афзудаанд. Тибқи сарчашмаҳои оморӣ дар давоми 60 соли охир ба андозаи аз 0,5 то 1,0 дараҷа селсий баланд гардидани ҳарорати ҳаво боиси таъсири манфӣ ба захираҳои обӣ гардида, ҳамасола ин раванд ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 триллион доллари амрикоӣ хисорот меорад.
Тибқи сарчашмаҳои географӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 адад дарёҳои хурду калон ҷорӣ аст, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км рост меояд. Шумораи кӯлҳо беш 1300 адад аст, ки масоҳати умумиашон ба 705 км 2 баробар аст. Дар ин кӯлҳо 43,6 км3 об захира гаштааст, ки аз ин 20 км3 оби ошомиданиро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди оби зеризамини вуҷуд дорад, ки захираи умумии он 6,9 км3 /сол-ро ташкил медиҳад.
Маълум аст, ки имрӯз масъалаи оби тозаи ошомиданӣ ва таъмини аҳолӣ ба об дар ҷаҳон яке аз проблемаҳои глобалии аср дониста мешавад. Воқифи ҳолем, ки аз нарасидани оби ошомаданӣ ҳар сол дар ҷаҳон беш аз як миллиард нафар одам танқисӣ кашида, аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ миллион нафар одамон мефавтанд ва зиёда аз даҳҳо миллион нафари дигар ба касалиҳои гуногун гирифтор мегарданд.
Оғози асри нав барои кишвари мо давраи пешниҳоди ташаббусҳои созанда, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонист, дониста мешавад. Хусусан, Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба оби тозаи ошомиданӣ ташаббуси наҷиб ва ҳамкориҳои густурдаеро пеш гирифтааст. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият дода истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз аъзоҳои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳм гузорад. Ин иқдомҳои шоиста, кишвари моро дар назди оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дорои таваҷҷуҳи хос муаррифӣ намудааст.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул намуда, дар лоиҳаи ин Қатънома ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани «Соли 2003 - соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” махсус таъкид кардааст. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ибтикори созандаи худ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкориҳои байнамилалӣ пайваста кӯшиш менамояд. Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об, натанҳо манфиатҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад, балки ниёзи аввалияи бархе аз давлатҳои дигарро бароварда месозад.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” барои густариш додани ҳамкорҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ, миллӣ, ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷалби сокинон, намояндагони илму маориф ва соҳибкорон дар раванди баррасӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба идоракунии захираҳои об роҳандозӣ гардидааст. Даҳсолаи мазкур иқдоми башардӯстонае ба шумор меравад, ки амалӣ гардидани он ба миллионҳо сокинони сайёра ҳаёт мебахшад. Ин иқдом дар ҳамбастагӣ бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об инъикос менамояд.
Фирдавси Абдураҳмон




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: