Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

12-10-2018, 14:41
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

12.10.2018 10:19, шаҳри Душанбе


12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз имкони ин дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карданд.

Таъкид гардид, ки кишвари мо ба рушди минбаъдаи ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар шакли шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Аз сатҳи баланди муносибатҳо, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, муколамаи доимии сатҳи олӣ ҳамчун омилҳои таҳкимбахш ва таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, соҳибкорӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳои Россия дар самти энергетикаро баррасӣ карданд.

Дар суҳбат ба масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ таваҷҷуҳ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро муҳокима карданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: