Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧИҲИЛ СОЛ БО ИФРОТГАРОӢ

ЧИҲИЛ СОЛ БО ИФРОТГАРОӢ

2-10-2018, 13:50
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
ЧИҲИЛ СОЛ БО ИФРОТГАРОӢ

(Мушкилот ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва берунаи Афғонистон)
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳамеша зери санҷиши гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва қочоқбарони гуногун, аз ҷумла маводи мухаддир ва силоҳ қарор мегирад.
Дар назди сарҳад гурӯҳҳои гуногуни мутааллиқ ба ҳаракати «Толибон», ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ, ки дар сафи онҳо шаҳрвандони ИДМ низ меҷанганд, такрор ба такрор пайдо мешаванд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ҷумҳурии исломии Афғонистон
Ҷумҳурии исломии Афғонистон (ҶИА) - давлатест, ки дар қитъаи Осиё, қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.
Дар самти шимол бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ғарб бо Эрон, дар ҷануб бо Покистон ва Ҳиндустон, дар шимолу шарқ бо Хитой ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул мебошад. Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – дарӣ ва пашту аст.

Таркиби миллии Афғонистон
Дар ҶИА бештар аз 30 забон аст, ки ба гурӯҳҳои гуногун тақсим мешаванд. Забони дарӣ (забони тоҷикон) (дар минтақаҳои шимол, ғарб ва марказ ва умуман дар тамоми кишвар), пашту (дар ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ); балуҷӣ (дар ҷануб) – Ҳилманд, инчунин ҳиндӣ, узбекӣ, туркманӣ, сомӣ, дравидӣ, муғулӣ, арабӣ, қирғизӣ; забонҳои помирӣ –шуғнонӣ, язгуломӣ, вахонӣ, санглечӣ, зебокӣ ва ғайра ҳарф мезананд.
Тибқи шумориши аҳолии Афғонистон, ки дар соли 1396 (2017) сурат гирифтааст, дар он тоҷикон наздик ба ду баробар аз паштуҳо бештар буда, аксариятро ташкил медиҳанд.
Шумори тоҷикон дар Афғонистон баробари ҷамъи шумори се қавми бузурги дигари ин кишвар-паштуҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо аст.
Бинобар такя ба ин омор дар 17 вилоят: Бодғис, Бадахшон, Бағлон, Балх, Парвон, Тахор, Панҷшер, Сарипул, Самангон, Ғӯр, Фароҳ, Қундуз, Майдонвардак, Кобул, Кописо, Луғар, Ҳирот нуфузи тоҷикон бештар мебошад.
Паштуҳо дар 12 вилоят: Пактиё, Пактико, Хест, Зобул, Ғазнӣ, Кандаҳор, Нимрӯз, Нангарҳор, Нуристон, Ҳилманд, Кунар, Лағмон аксариятро ташкил медиҳанд.
Ҳазораҳо дар Бомиён ва Дойкундӣ нуфузашон бештар аст.
Тоҷикон асосан дар вилоятҳои Кобул (бештар аз 4 миллион), Бадахшон (бештар аз 1 миллион), Ҳирот (наздик ба 1 миллион), Ғӯр ва Балх (бештар аз 600 ҳазор), Сарипул (бештар аз ним миллион) зиндагӣ мекунанд.
Дар маҷмӯъ, тоҷикон 45,6 %, паштуҳо 26,4%, ҳазораҳо 13,1%, узбекҳо 7,1%, туркманҳо 2,2% ва дигар миллатҳо 5,5 % — и аҳолии ҶИА-ро ташкил медиҳанд.

Фаъолияти ҳизбҳои сиёсии ҶИА
Дар Афғонистон якчанд ҳизбу ҳаракатҳо вуҷуд доранд, ки меҳвари асосии сиёсати давлатии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаракати миллӣ дар Афғонистон, Ҳаракати ваҳдати миллии Афғонистон, Ҳизби халқии исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократии Паштоон, Ҳизби халқии Афғонистон, Ҳизби демократии Афғонистон (ҳизби ҳоким), Ҳизби парастории афғон, Ассотсиатсияи исломии Афғонистон, Ҳизби миллии Конгресси Афғонистон.
Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) соли 1965 аз тарафи намояндагони зиёии кишвар бо сардории Муҳаммад Зоҳиршоҳ таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷилоҳи алоҳида – «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. Соли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона сохтори давлатдории монархия барҳам дода шуда, ба ҷои он сохтори мардумии республика (аз лотинӣ рес-кор, публика-халқ) рӯи кор омад.
Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат¬ро тарк намуданд ва моҳи апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳидини мамлакат номи Давлати исломии Афғонистонро гирифт. Ҳукумати интиқолии муҷоҳидин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, вале ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард. Миёнаи солҳои 90-ум ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ – «Толибон» арзи вуҷуд кард.
Бо ишғоли Кобул толибон Наҷибуллоҳ, сарвари давлатро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Баъди ин ҳодиса Афғонистон ба як давлати ҷангзада мубаддал гашт. Соли 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандӯстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани неруҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки ба ҳайси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид. 11 сентябри 2001 дар ИМА Маркази бузурги тиҷорати Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА ва муттаҳидинаш онҳо муқобили гурӯҳҳои террористии «Ал-қоида» ва «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурӯъ кард. Аз он рӯз то ба кунун Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон ҳузур пайдо карда, вале ҷанг дар ин кишвар хотима наёфтааст ва ҳаракати «Толибон» ҳамчунон ба зидди давлати қонунӣ ҳанӯз меҷангад. Дар ин миён аҳолии зиёди осоишта қурбони ҷанг шуданд.
Толибон
«Толибон» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, соли 1996 шаҳри Кобул ва аксари қаламрави кишварро зери тасарруфи худ даровард. Режими «Толибон», дар манотиқи таҳти назораташ хавфдошта меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда, охири соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико пароканда шуд. Дар ин миён чандин афсарону сарбозони ИМА ва артиши ҳукуматии ҶИА ҷони худро аз даст доданд. Аммо ин ҷунбиши террористӣ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи неруҳои ҷангии эътилоф дар ду соли қабл ба пешрафтҳое ноил шуд, имрӯз ҳатто бархе аз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери тасарруф дорад.
Чанде пеш Ҷалолуддин Ҳаққонӣ-яке аз ташкилкунандаи шабакаи террористии «Толибон»-и Афғонистон бинобар сабаби бемории дуру дароз аз дунё даргузашт. Ҷонишини ӯ –Сироҷуддин, писари Ҷалолуддин Ҳаққонӣ раҳбарии «Шабакаи Ҳаққонӣ»-ро ба зимма гирифт. Гурӯҳи террористии «Толибон» дар шабакаи интернетӣ иброз дошт, ки ӯ яке аз "симоҳои маъруфи муҷоҳидин" ба шумор рафта, бар зидди таҷовузи Шӯравӣ қиём кардааст. Дар солҳои ҳукмронии «Толибон» Ҷалолуддин Ҳаққонӣ муддате мақоми вазирро низ бар ӯҳда дошт.

Исломҳаросӣ дар ҷаҳон авҷ мегирад?
Тибқи таҳқиқот дар ҷаҳон бештари давлатҳо мубталои «исломҳароси» шудаанд. Он шахсоне, ки бо либоси арабӣ, ҳиҷоб ва риш дар кишварҳои ғайиримусулмонӣ гашту гузор мекунанд, миллатҳои ғайримусалмон ба онҳо эътимоду бовар надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки бештари террористон ва шахсони хавфнок дар ҳолати террор кардан калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Вақте ки мо аз тариқи шабакаҳои телевизонӣ ва дигар шабакаҳо рӯйдодҳои мусаллаҳонаи Афғонистонро тамошо мекунем, мебинем, ки аз ин тараф ва аз он тараф гуфтори «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Шахси бинанда ба фикр меафтад, ки ин чӣ гуна мусулмонӣ аст? Давлати Афғонистон давлати исломӣ буда, дар доираи шаръи шариф амал менамоянд, ҳамаи мардум мусулмонанд, пас суоле ба миён меояд, ки толибон ва ДИИШ бар зидди кӣ меҷангида бошанд?

Дар рӯи дунё панҷ ҳазор дин аст
Илми имрӯза собит намудааст, ки дар дунё панҷ ҳазор дин ва боварҳо вуҷуд дошта ва одамон ба онҳо эътиқод доранд. Динҳое мавҷуданд, ки нисбат ба динҳои хурд мавқеъ ва нуфузи зиёд доранд, аз ҷумла ислом, масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, синтоӣ, динҳои анъанавии Африқо, шинтоизм, шаманизм ва ғайра.
Кантслери Олмон Ангела Меркел дар як суханронии худ зикр карда буд, ки дар дунё панҷ ҳазор дин арзи ҳастӣ дорад ва ду миллиард аҳолии рӯи замин дини исломро қабул карда, тибқи шариати он амал мекунад. Аммо мушоҳидаҳои ахир нишон медиҳад, ки бисёри онҳо дар вақти ҷанг байни мусулмон ба мусулмон калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Яъне аз ин тараф мусулмон ва аз он тараф низ мусулмон, дин як, маҳзаб як ва Худо низ якто, онҳо бо кӣ ҷанг мекарда бошанд? Ӯ инчунин зикр кардааст, ки дар давлатҳои Хитой ва Ҳиндустон зиёда аз ду ҳазор дин арзи ҳастӣ дорад, вале байнашон ягон ҷангу хунрезӣ нест, чаро?

Оё толибон ва ДИИШ ба қонунҳои амалкунандаи Афғонистон
мухолифат мекунанд ё на?
Тавре маълум аст дар давлати ҳамсояи мо қариб 40 сол аст, ки ҷанг байни ифротиён-террористҳо ва давлати исломӣ рафта истодааст. Аммо сабаб чист, ки то ба имрӯз дар ин давлат оташи ҷанг хомӯш намешавад? Фикр мекунем, ки ҳар яке аз ин гурӯҳҳо мазҳаб ё идеологияи исломпарастиро ба мардум бор карданианд ва ин гурӯҳҳо дар ин макон реша давонда, мактабҳои махсуси террористии худро кушодаанд. Барои аз байн бурдани чунин гурӯҳҳо дар ин давлат вақти хеле зиёд лозим меояд, ки ба мисли мо, тоҷикон, бо таври осуда зиндагонӣ намоянд. Барои осуда ва озодона зиндагӣ кардан пеш аз ҳама роҳбари хуб, дилсӯз ва донишманде зарур аст, ки тарҳи мусолиҳаи миллиро дар Афғонистон татбиқ кунад.
Як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи тоҷик низ бо роҳнамои ТЭТ ҲНИТ мехостаанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ созанд.
Барои пеши роҳи сели андешаҳои ифротиро гирифтан лозим аст, низоми таълим бояд дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар рушд ёбад. Бояд дар дохили ҷумҳурӣ таълими асосҳои фанни диншиносӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ҷавонон бояд дар бораи ҳама динҳо иттилои муфассал дошта бошанд ва дар ин радиф арзишҳои миллию ахлоқии худро фарқ карда тавонанд ва ба мафҳуми неку бад сарфаҳм раванд.


Салим Гадоев -таҳлилгар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: