Оғози Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил28-09-2018, 14:27
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
28.09.2018 12:03, шаҳри Душанбе
28 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шуруъ намуд. Барои иштирок дар ин ҷаласа сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Қабл аз оғози кори ҷаласаи шӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокчӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Пурлӣ Агамуродов ва Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Маросими аксбардории сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар саҳни ҳавлии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як мавзеъи хушбоду ҳаво ва гулгашт баргузор шуд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки раёсатро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.