Дар мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам бояд истодагарӣ кард24-09-2018, 09:58
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Айни замон дар сайёраи замин зиёда аз 36 млн нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам умр ба сар мебаранд. Ин оморро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО дар дунё аз рӯи пажуҳише муайян намудааст. Гуфта мешавад аз оғози эпидемия то имрӯз ин сироят сабаби фавти наздики 40 млн. нафар одамони сайёра гардидааст. Сирояти вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замон маҳсуб ёфта, таъсири манфии он дар баробари хисороти ҷиддӣ расонидан ба соҳаи тандурустии дунё, инчунин ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои ҷаҳон зарба задааст. Тибқи маълумотҳои расмии созмонҳои номбурда дар соли 2014 шумораи ҳодисаҳои нави ин сироят дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфта, паҳншавии ин эпидемияи марговар дар ҷаҳон тамоил ба пастравӣ намуд, ки ин яке аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ВНМО ба шумор меравад. Дар ин замина сол то сол сатҳи фавти сироятёфтагони ВНМО низ паст гардида, нисбати соли 2004, ки шумораи аз ҳама зиёди фавт дар ҷаҳон 2 млн нафар ба қайд гирифта шуда буд, ба 42 фоиз кам гардид. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар панҷ соли охир шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки ба табобат дастрасӣ пайдо намудаанд, ду маротиба зиёд гаштааст. Мутаассифона, шумораи сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон шомили он мебошад, рӯ ба афзоиш дорад. Ба ақидаи мутахассисон масъалаи асосӣ он аст, ки дар байни давлатҳои минтақа ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО нисбатан муътадил буда, паҳншавии ин вирус дар 100 000 нафар аҳолии кишвар ба 115,7 нафар баробар аст. Ин дар ҳолест, ки ин нишондод дар Федератсияи Росссия 751,8 нафар, дар Ҷумҳурии Украина 729,1 нафар, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 145,4 нафар, дар Ҷумҳурии Қирғизистон 131,2 нафар ва дар Ҷумҳурии Узбекистон 127,5 нафарро ташкил медиҳад. Мутахассисони соҳа ва мушовирони байналмилалӣ ҳолати эпидемиологии вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳолати «эпидемияи ҷамъшаванда, яъне марҳилаи консентратсионӣ» арзёбӣ намуда, паҳншавии онро бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо маънидод менамоянд. Тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки аз 100 нафар нашъаманди тазриқӣ дар ҷумҳурӣ 13 нафараш ва аз 100 нафар занони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 4 нафараш олудаи ВНМО буда хавфи ба оила, фарзандон ва шарикони ҷинсии онҳо гузаштани он хеле зиёд арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд солҳои охир сатҳи паҳншавии ВНМО дар миёни намояндагони ин гурӯҳҳо кам гардида бошад ҳам ҳолатҳои сироятнок намудани оила, фарзандон ва шарикони ҷинсии онҳо кам нестанд. Коршиносон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои аслии таи солҳои охир мушкил шудани пешгирии сирояти ВНМО, ки дар натиҷа ба паҳншавии ин вирус миёни аҳолии дар умум сайёра гардидааст, ин муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба бемории ВНМО яке аз гурӯҳҳои осебпазир буда, ба болоравии сатҳи сироятёбии аҳолӣ бо ин беморӣ дар ҷаҳон мусоидати зиёд намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи имрӯзаи инкишофаш, ҳамчун кишвари дорои сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мегардад, ин бори гаронро низ бар дӯш дорад. Ба иқрори коршиносон шумораи муайяни сокинони кишвари мо бо мақсади беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилавиашон ба дигар давлатҳо, ки ҳолати эпидемикии онҳо оид ба сирояти ВНМО дар муқоиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвишовартар мебошад, сафар мекунанд. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, эҳтимолияти гирифторшавӣ ба мушкилиҳои иҷтимоӣ, ба монанди нашъамандӣ, майзадагӣ, сироятшавӣ бо бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ ва хун гузаранда зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 90 фоизи шавҳарони занони ҳомиладори бо ВНМО умр ба сар баранда, дар гузашта дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаанд ва алоқаи ҷинсии бемуҳофизатро инкор намекунанд. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ дар муқовимат ба эпидемияи ВНМО, бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолона ҳамкории густурдаеро бароҳ мондааст ва дар фаъолияти хеш дар ин самт, ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Асамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид, аз ҷумла эъломия оид ба пайравии фаъолият нисбати мубориза алайҳи ВНМО ва БПНМ аз соли 2001 ва эъломияи сиёсӣ оиди ВНМО ва БПНМ таҳти шиори «Беҳтар намудани фаъолиятҳо баҳри нобуд сохтани ВНМО ва БПНМ» аз соли 2011 - ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 боз як ҳуҷҷати муҳим - Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021, ки ба пурзӯр намудани фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчуби расидан ба Ҳадафҳои рушди босубот мебошад, қабул намуд. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат дастоварди 90/90/90 буда, он ба таври зайл маънидод мегардад: 90% сироятёфтагон то соли 2020 нисбати бемории худ бояд огоҳӣ дошта бошанд; 90% сироятёфтагон, ки нисбати бемории худ огоҳӣ доранд, бояд табобати зиддиретровирусӣ гиранд; 90% сироятёфтагоне, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида мерасад. Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки дар сурати расидан ба ин ҳадафҳо системаи иммунии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда боқувват боқӣ мемонад ва хатари паҳншавии вирус аз шахси сироятёфта ба дигарон кам мешавад. Ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷати муҳим бо ҳолати кунунии эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг гардида, онҳо бевосита дар “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” инъикос гардидаанд. Дар доираи иҷроиши ин ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла муоинаҳои гуногун ва таъмини дорувориҳои зиддиретровирусӣ ба сироятёфтагони ВНМО ба таври ройгон сурат мегирад. Давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои одамони бо ВНМО сироятёфта, расонидани кумакҳои тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равонии босифату ройгонро ба афрди бо ВНМО умр ба сар баранда ва аъзои оилаи онҳо кафолат додааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2018 дар баромадашон таъкид намуда буданд; “Пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд”. Дар самти пешгирии ин сироят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф, бахши ҷавонон, бахши занон ва оила, бахши меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомотҳои қудратӣ, васоити ахбори омма, ҷамоатҳо ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хеле зарур мебошад. Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.