Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад...

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад...

24-09-2018, 08:25
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад...
Имрӯз Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Мунаввар Маликисломӣ дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндагони ҷомеа ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 22 раисони Ташкилоти ибтидоии Кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раҷабов Муродҷон - мудири шӯъбаи кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанди МИҲД – и шаҳри Хуҷанд машварати илмӣ – дастурдиҳӣ доир намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Мунаввар Маликисломӣ иброз дошанд, ки ҳар як аъзои ҳизби мо бояд дар раванди пойдории сулҳу ваҳдат, оромии босуботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд, зеро мо, мардуми Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи ҷонии худ қарор додаем.
Мавсуф изҳор доштанд, ки оид ба гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода “Интихобот – 2020” камари ҳиммат баста, аз имрӯз дар фикри пешниҳоди вакилони арзандаву шоиста ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва Маҷлиси намояндаони Маҷлиси Олӣ бошанд.
Раисони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи маҳаллаҳои Кумитаи иҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро вазифадор намуданд, ки то 1 ноябри соли равон дар муайян намудани сафи аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои хеш - дар мавриди бақайдгирӣ ва аз қайд баромадани аъзоёни ҳизб, ҷиҳозонидани утоқи кории ҳизбӣ ва танзими ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, ташкил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои доимаамалкунанда дар ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи маҳаллаҳо чораҳои зарурӣ андешанд, ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ ва бад – ин васила дар амал тадбиқ намудани ғояҳои одилона ва оқилонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди созандагиву бунёдкорӣ ҳиссагузор бошанд!
Машварати мазкур ҳадафмад арзёбӣ гардид ва ба суолҳои иштирокдорон Раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликисломӣ Наим Мунаввар ва намояндаи МИҲД – и шаҳри Хуҷанд Раҷабов Муродҷон посухҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: