Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИМА "Конкорд"-и Пригожин ва "Вагнера"-ро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард

ИМА "Конкорд"-и Пригожин ва "Вагнера"-ро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард

21-09-2018, 08:28
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
ИМА "Конкорд"-и Пригожин ва "Вагнера"-ро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард

Дар ин бора Департаменти давлатии ИМА рӯзи панҷшанбе хабар дод. Бар пояи қонун, зидди афрод ва созмонҳое ҳам таҳрим эълом хоҳад шуд, ки бо иштирокдорони "рӯйхати сиёҳ" ҳамкорӣ мекунанд.

Ба рӯйхат ширкати хусусии низомии русии "Вагнера", ки зархаридонаш дар Украинаву Сурия меҷанганд ва сармоягузори он -- соҳибкор Евгений Пригожин шомил шуданд. Ҳамчунин ширкатҳои зери раҳбарии Пригожин, аз ҷумла "Конкорд" ва "Оҷонсии интернетӣ-пажуҳишӣ" таҳрим шуданд, ки ИМА онҳоро ба дахолат дар интихоботи президенти худ айбдор мекунад. Худи Пригожинро пештар Вазорати молияи ИМА ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карда буд.

Як қатор шахсони воқеии дигаре ҳам шомили рӯйхат шуданд, ки бо хадамоти махсуси Русия ҳамкорӣ мекунанд. Дар миёни онҳо афсарони иктишофӣ ва кормандони "Оҷонси интернетӣ-пажуҳишӣ" низ ҳастанд, ки додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер пештар расман онҳоро ба кӯшиши дахолат дар интихоботи Амрико айбдор кард.

Созмони "Оборонлогистика" ва корхонаи авиатсионии Комсомолск-на-Амуре ҳам зери таҳрим қарор гирифтанд.

Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА омадааст, ки ин тасмим ба хотири "амалҳои зиёновар"-и низомиён ва хадамоти махсуси Русия дар саросари ҷаҳон гирифта шуд.

Ба ҷуз ин, ИМА зидди ширкатҳои давлатии чинӣ ва раҳбарони онҳо, ки бо хариди силоҳ машғуланд, таҳрим эълом кард. Онҳо ба хотири харидории ҳавопаймои Су-35 ва маҷмааи мушакии С-400 аз Русия зери таҳрим қарор гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: