Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фазои сулҳу осоиштагӣ

Фазои сулҳу осоиштагӣ

18-09-2018, 07:34
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Фазои сулҳу осоиштагӣ

Дар фазои сулҳу осоиштагӣ мардум бо шукргузорӣ аз ваҳдату ҳамдилӣ барои ободии диёр, таҳкими давлатдорӣ ва болотар аз ҳама барои рушду нумуъ ёфтани меҳани хеш сол аз сол кӯшида истодаанд. Аммо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротгаро – амсоли ТЭТ ҲНИ бо аъзову пайравони худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд, ҳадафҳои муғризонаи хешро болои миллати мо таҳмил намоянд..
Мо тавассути ду нафар аз чеҳраҳои саршиноси наҳзатиён, Аёмиддин Сатторов ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар охир аз раъйашон гашта, сиру асрори ҲНИ-ро фошо карданд, фаҳмидем, ки хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзатиёнро ҷиҳати тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ чи қадар кӯшиш ба харҷ додаанд . Мавсуф он чунон амалҳои ин палидон ва душманони миллатро возеҳу ошкоро ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, дигар наҳзатиҳо намедонад, ки сари худро аз шарм дар куҷо андозанд ва даъвои дардашонро аз кадом ҷой пайдо кунанд.
Албатта, аксари сокинони кишвар мусалмон ҳастанд ва аз ин афзалият истифода намуда, ҳизби наҳзат манфиатҳои худро дар ҷамъият ҳимоя мекард ва динро воситаи пешбарандаи барномаи худ қарор дод. Маҳз бо ин роҳу восита дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебурд, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқаангезӣ манъ аст. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард.
Бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ, мутаасифона, боз баъзе ношукроне ҳастанд, ки ба қадри осоишу ҳамдилӣ ва дастовардҳои беназири даврони навини давлати Тоҷикистон намерасанд. Дар ин бобат гуфтанием, ки
Нури истиқлол чун ҳар гўшаи кишвар гирифт,
Давлати моро ҷаҳон ҳам зери болу пар гирифт..
Дар чунин ваъияти зудтағийрёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз асли хеш бохабар бошанду ва ба фиребу дассисаҳои иғвоангезонаи чунин гурӯҳҳои терроритӣ дода нашаванд ва ҳамагӣ нерӯи худро танҳо ва танҳо баҳри таҳкимбахшии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намоем.

Абдуқаҳҳор Бӯриев, устоди
ДПДТТ номзади илмҳои физика ва математика
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: