Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ ФУРСАТ МЕТАЛАБАД!

ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ ФУРСАТ МЕТАЛАБАД!

12-09-2018, 09:23
Хабарро хонданд: 639 нафар
Назарҳо: 0
ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ ФУРСАТ МЕТАЛАБАД!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил бо доруҳои зиддисилӣ ройгон ба роҳ монда шудааст. Мутахасисони соҳа бар ин боваранд, ки баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ яке аз роҳҳои асосие мебошад, ки барои саривақт дарёфт намудани гирифторони ин беморӣ дар байни аҳолӣ мусоидат мекунад.

-Дар натиҷаи амалишавии барномаҳо ва чорабиниҳои зиддисилӣ дар минтақаи Рашт сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил баланд бардошта шуда, дарёфти саривақтии беморӣ низ хуб ба роҳ мода шудаст. Дар қиёс бо солҳои пешин андешаи мардум оид ба ин беморӣ дигар шуда, аз авлодӣ набудани он огаҳ ҳастанд ва алакай дарк кардаанд, ки сил бемории сирояткунанда буда, табобатшаванда аст. Солҳои охир дар минтақа стигма ё доғгузорӣ нисбат ба ин беморӣ то андозае паст шудааст, вале ҳанӯз ба пуррагӣ аз байн нарафтааст.
Дар ин бора Исомиддин Шокиров, ҳамоҳангсози Лоиҳаи HOPE дар минтақаи Рашт, зимни суҳбат бо гурӯҳи хабарнигорон, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо «Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил», барои шиносоӣ аз фаъолияти Марказҳои зиддисилии минтақаи Рашт сафарбар гардида буданд, маълумот дод.
Номбурда инчунин афзуд, ки дар минтақа аз ҳисоби намояндагони саркорҳои кор бо ҷавонон, кор бо занон, дин, маориф, корманди тиб ва намояндаи ҷамоат 29 адад кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ фаъолият мекунанд, ки нафарони масъул оид ба бемории сил омӯзонда шудаанд. Аъзои кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ моҳе ду маротиба дар байни аҳолӣ чорабиниҳои таблиғотӣ гузаронида, роҳҳои пешгири ташхис ва табобати ин бемориро ба мардум мефаҳмонанд ва нафаронеро, ки яке аз нишонаҳои ин бемориро дар худ дошта бошанд, барои гузаштан аз ташхис ба муассисаи тиббӣ равон мекунанд. Яке аз вазифаҳои дигари аъзои кумитаиҳои маҳаллии тандурустӣ паст кардани ситҳи доғгузорӣ ва дастгирии равонии беморони сил мебошад.
Дар айни замон муайян ва ташхиси бемории сил тариқи дастгоҳҳои замонавӣ, махсусан, GeneXpert саривақтӣ буда, дар муддати 2:00 то 2:30 дақиқа аз натиҷаи балғами супорида шуда, бемориро муайян мекунад. Дар минтақаи Рашт танҳо як адад дастгоҳи GeneXpert мавҷуд аст, ки тавоноии дар як навбат ташхис намудани то 4 балғамро дорад.
Ба иттилои масъулин дар минтақаи Рашт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ба беморони сил кумакҳои иҷтимоӣ расонида шуда, инчунин аз ҷониби Лоиҳаи HOPE дар муҳлатҳои муайян ба беморони шакли мутобиқгаштаи сил кумаки молӣ расонида мешавад.
Сафари омӯзишии мо нахуст аз ноҳияи Рашт оғоз шуд. Тавре дар Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия иттилоъ доданд, дар ноҳия ҳамагӣ 5 нафар мутахассисони силшинос кору фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин беш аз 200 нафар табибони оилавӣ ва кормандони миёнаи тиб оид ба бемории сил омӯзонида шудаанд, ки дар пешгириву дарёфти беморӣ саҳм мегузоранд. Зикр шуд, ки дар ноҳия 14 адад кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ фаъолият мекунанд ва саҳми онҳо низ дар дарёфти бемории сил назаррас буда, дар муддати зиёда аз як сол аз ҷониби онҳо 22 бемори сил дарёфт гардидааст. Инчунин дар назди Маркази саломатии ноҳия 5 гурӯҳи дастгирии бемории сил ташкил шудааст, ки бевосита бо нафарони гирифтори ин беморӣ сару кор гирифта, барои канда нашудани табобат ба онҳо кумак мерасонанд.
Тавре Қудратулло Қодиров, директории Маркази бемориҳои сили н. Рашт иттилоъ дод, соли гузашта дар ноҳия 56 нафар бемори сил ба қайд гирифта шудааст. Давоми шаш моҳи соли равон ин шумора ба 51 нафар расидааст, ки 26 нафари онҳо гирифтори сили шуш ва 5 нафарашон бемори шакли мутобиқгаштаи сил ҳастанд. Се нафар беморони сил ҳамзамон мубталои ВНМО мебошанд. Соли гузашат дар ноҳия аз ин беморӣ як нафар ба ҳалокат расидааст.
То ҷое, ки мо огоҳӣ пайдо кардем, бо дастгирии «Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил» дар Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт моҳи ноябри соли гузашта таҷҳизоти иноватсионии тибби фосилавӣ насб ва ба истифода дода шудааст, ки кори табибонро осон намуда, хароҷоти зиёдатиро аз байн бурдааст. Дастгоҳ бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, беморхонаҳои зиддисилии Мачитон, Деҳмой, марказҳои мубориза ба зидди бемории сили шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ пайваст гардидааст, ки таввасути он табибони силшинос табодули таҷриба намуда, аз маслиҳату машварати якдигар бархӯрдор мегарданд. Бартарии дигарш дар он аст, ки силшиносони минтақаи Рашт бо мутахассисони дигар шаҳру ноҳияҳо мустақиман тамос гирифта ташхисҳои беморонро тариқи видео дида мебароянд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод низ дарёфти беморони сил бамаротиб афзиш ёфта, ҳамаи беморон бо доруҳои зиддисилӣ таъмин ва ба табобат фаро гирифта шудаанд. Аммо табибони соҳа мегӯянд, зиёд гардидани дарёфти беморон маънои афзоиш ёфтани бемории силро надорад, балки ташхиси беморон нисбат ба солҳи қабл зиёд гардидааст. Диловаршо Тағдиров, менеҷери КАТС (кумаки аввалияи тиббӣ-санитар)-ӣ ноҳияи Тоҷикобод дар суҳбат бо рӯзноманигорон зикр намуд, ки тайи чаҳор соли фаъолият дар доираи Лоиҳаи HOPE дарёфти беморони сил ба 113 фоиз расида, дар ин давра дар се ҷамоати ноҳия кумитаҳои маҳалли тандурустӣ ташкил шудааст.
Дар ҳамин ҳол Атто Ғафуров, духтури силшиноси ноҳия афзуд, ки тавассути дастгоҳҳои нави ҳозиразамон дарёфти саривақтии беморони сил беҳтар гардида, ташхису табобати беморон низ хуб бароҳ монда шудааст. Ба иттилои номбурда соли 2017 дар ноҳия 53 нафар ва давоми шаш моҳи соли равон 25 нафар бемори сил ба қайди диспансерӣ гирифта шудааст, ки аз инҳо 1 бемори шакли мутобиқгаштаи сил ва 2 нафарашон бемори шакли васеи мутобиқгаштаи сил мебошанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод аз соли 2017 инҷониб танҳо як нафар аз бемории сил фавтидааст.
Дар ноҳияи Лахш низ барои табибони силшинос тамоми шароитҳои корӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои нави Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад ва гуфта мешавад, ки он ба зудӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида хоҳад шуд. То ин муддат дар шаш ҷамоати ноҳия кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил шудааст ва ба гуфтаи силшиносони ноҳия саҳми аъзои кумитаҳои маҳаллӣ дар дарёфту пешгирии бемории сил назарраст аст.
Ба иттилои Гулмира Абдуқодирова, директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳияи Лахш, давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби аъзои кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ 7 бемори сил дарёфт шудааст. Дар ин давра дар маҷмӯъ, 25 нафар бемори сил дарёфт гардидааст, ки 24 нафари онҳо бори аввал ба қайд гирифта шудаанд. «Ноҳияи Лахш, ки ноҳияи наздисарҳадӣ аст, қисми зиёди беморони силро муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Соли гузашта аз ин беморӣ як нафар баҳалокат расидааст»,-афзуд Гулмира Абдуқодирова.

Сил бемории сироятӣ аст

Сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил, микроби чӯбчашакли «Кох» мебошад. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо дар 80-85 фоизи ҳолатҳо ин беморӣ дар шуш хуруҷ мекунад. Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфа кардан, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории сил аз шахсони гирифтори бемории сил ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Дар давоми як сол инсони гирифтори бемории сил метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10 фоизро ташкил медиҳад. Аммо ба ин беморӣ бештар шахсоне гирифтор мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон паст аст ва ё дар муҳите зиндагӣ мекунанд, ки барои сар задани ин беморӣ шароитҳо фароҳам ҳастанд, ба хусус шахсони дар зиндон буда, майзадагон, одамони бехонаву ҷой ва нашъамандон аз зумраи ашхоси зерин ҳастанд.

Нишонаҳои бемории сил

Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфаест, ки зиёда аз 2 ҳафта бо балғам ва баъзан бо хун, дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, камшавии вазни бадан, пастшавии иштиҳо, табларза ва арақкунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли бемории сил нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ муътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад.

Сил бемории табобатшаванда аст!

Бемории сил комилан табобатшаванда аст, ба шарте ки бемор табобати дурусту саривақтиро қабул кунад ва табобат бетанаффус бошад (на камтар аз 6-8 моҳро ташкил диҳад). Ҳангоми шакли фаъоли бемории сил қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахбор, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. Пас аз ду моҳи табобат дар беморхона шахси бемор бояд табобаташро боз на кам аз чор моҳ дар муассисаи тиббии минтақавии худ, зери назорати корманди соҳаи тиб давом диҳад. Чунин чораҳо ба бемор шифои комил мебахшанд ва ӯро аз такрори беморӣ дар оянда эмин медорад. Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.

Ҳукумат дар мубориза алайҳи бемории сил бетафовут нест!

Мубориза алайҳи бемории сил зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ барои ошкор сохтани бемории сил тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декбри соли 2006 Қонун «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-ро қабул намудааст, ки қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар самти мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, тартиби ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими чорабиниҳоро оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муайян мекунад, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва кафолати иҷтимоии аҳолиро ҳангоми бемории сил ба танзим меоварад.
Мавриди амал қарор гирифтани «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2015-2020» яке аз тадбирҳои дигари андешидаи ҳукумати кишвар дар мубориза алайҳи ин беморӣ маҳсуб меёбад.

Ҳадафи барномаи USAID–паст намудани сатҳи бемории сил

Барномаи панҷсолаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар татбиқи нақшаи стратегии ҳимояи аҳоли аз бемории сил ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, хусусан дар фароҳам овардани усулҳои самараноктар ва дастрастари пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил барои ҳамагон, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ. Мақсади асосии барномаи мазкур, ки 13,2 миллион доллар арзиш дорад, коҳиш додани бори гарони бемории сил дар Тоҷикистон ва пешгирии шаклҳои ба доруҳои сершумор тобовари бемории сил мебошад. Барнома доираи васеи чорабиниҳоро фаро мегирад, ки омӯзиши кормандони тиб барои мустаҳкам гардонидани системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои байниидоравӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории сил аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Аз тавсияҳои табибони соҳа ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки мо набояд аз бемории сил дар ҳарос бошем ва аз ташхису табобат канораҷӯӣ кунем. Танҳо дар сурати дар худ эҳсос намудани камтарин нишонаи ин беморӣ метавонем ба марказҳои тиббии маҳали зистамон муроҷиат намуда, худ ва наздиконамонро аз сил эмин нигоҳ дорем.

Ибодуллоҳи ТОҲИР


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: