Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар ноҳияи Ванҷ11-09-2018, 13:40
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
11.09.2018 09:33, ноҳияи Ванҷ Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ванҷ! Омӯзгорон ва шогирдони азиз! Ҳоло мо дар мактаби навбунёди замонавӣ, ки ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дарҳои худро барои шогирдони хуштолеъамон боз намудааст, қарор дорем. Ба ин муносибат, ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Ванҷ ва шумо - кормандони соҳаи маорифи ноҳия ва фарзандони азизро самимона табрик мегӯям. Муассисаи таълимии ифтитоҳшуда аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 1280 нафар фарзандони мардуми ноҳияи Ванҷ ба раванди таълиму тарбия ҷалб карда мешаванд. Мактаб аз 24 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳу толори варзиш, синфхонаҳои таҷҳизонидашудаи фанҳои физикаву химия ва дигар иншооти зарурии ёрирасон иборат мебошад. Бо истифода аз фурсат, ба меъморону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин макони нави маърифату дониш саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор мекунам. Давлату Ҳукумати кишвар бо андешидани тадбирҳои доимӣ шароити дарсомӯзии наврасону ҷавононро ба талаботи замони пешрафт мутобиқ гардонида истодааст. Дар натиҷа сатҳу сифати донишомӯзии наврасону ҷавонон торафт беҳтар шуда, аз байни онҳо истеъдодҳои замони нав ба воя расида истодаанд. Тавре ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифи кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, фақат соли гузашта барои бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Ҳукумати кишвар бо мақсади пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ҳамасола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи зиёди муассисаҳои нави таълимии дорои шароити беҳтарин ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосирро ба истифода дода, ин раванди некро бомаром идома медиҳад. Тайи солҳои истиқлолият дар ноҳияи Ванҷ 16 муассисаи нави таълимӣ бунёд ва чандин мактаби дигар таъмиру навсозӣ гардида, дар маҷмӯъ, барои 4000 ҳазор нафар хонанда ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Дар давоми соли гузашта ва нимсолаи аввали соли 2018 дар ноҳияи Ванҷ се мактаби нав ва чандин синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Ҳоло корҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар деҳоти Будун, Вишхарв, Бунай ва Седӣ, инчунин, бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ оғоз шудаанд, ки сохтмони онҳо вақтҳои наздиктарин шурӯъ мегардад. Имрӯз дар ноҳияи Ванҷ 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 5700 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Дар соли хониши 2017-2018 62 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳия тавассути квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дохил шудаанд, ки назар ба соли хониши 2016-2017 39 нафар зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки имсол бо супориши Роҳбари давлат 40 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳоти Язғулом бо квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дохил шуданд. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла мактаби замонавии имрӯза ба омӯзгорону толибилмони ноҳия шароити мусоиди кору таълимро муҳайё намуда, дар онҳо имконият фароҳам оварда шудааст, ки дар ҷараёни таълим ва гузаронидани дарсҳои амаливу таҷрибавӣ аз усулҳои инноватсионии таълим васеъ истифода баранд, зеро истифодаи самаранок аз озмоишгоҳҳои фаннӣ омили муҳимми мустаҳкам гардидани дониши азхудкардаи шогирдон мебошад. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимиву илмии кишвар бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ бояд дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ 32 утоқи фаннӣ таҷҳизонида мешуд. Вале ин кор то имрӯз ҳамагӣ 50 фоиз иҷро гардидааст, ки чунин суръати амалисозии нишондиҳандаҳои барномаи зикршуда аз роҳбарону масъулони соҳаи маориф ва дигар сохтору мақомоти дахлдор андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд. Дар шароити имрӯза, ки замони пешрафти бесобиқаи илму техника ва технология, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мебошад, вазифаи асосии шумо - фарзандони азиз, танҳо омӯхтани илму дониш, бахусус, илмҳои дақиқ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои муосир ва дар баробари аъло аз худ кардани забони модарӣ донистани на кам аз ду забони хориҷӣ мебошад. Зеро танҳо бо омӯзиши амиқи илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ шахс метавонад дар ҳама ҷой ба пешрафту комёбӣ мушарраф гардад. Дар ин маврид мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон намоям, ки хусусан, дар замони имрӯзаи пуртазоду пурихтилоф ва муборизаи шадиди иттилоотиву ғоявӣ наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки соҳиби донишҳои мукаммал бошанд, то дар оянда ҳам соҳиби мақому манзалат шаванд ва ҳам тавонанд манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя намоянд. Дар ин раванд, албатта, саҳми устодону омӯзгорон ва умуман, аҳли маориф ниҳоят муҳим аст. Дар баробари омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми падару модарон низ хеле бузург мебошад. Бинобар ин, таҳким бахшидани ҳамкории волидайн бо омӯзгорон шарти асосии маърифатноку донишманд гардидан ва ҳамчун кадрҳои соҳибистеъдод ба камол расидани фарзандон ба ҳисоб меравад. Имрӯз, ки мо дар маркази ноҳияи Ванҷ бо орзуҳои нек фаъолияти муассисаи нави таълимиро ифтитоҳ бахшидем, бовар дорам, ки толибилмони хуштолеъи ноҳия бо шукронаи давлати соҳибистиқлоли худ ва бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд. Дар охир бори дигар кулли шогирдону омӯзгорон ва сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷро ба ифтихори 27 - солагии истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии навбунёд дар маркази ноҳия самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ, саодати рӯзгор, барору пешрафт ва ба шогирдони ин боргоҳи нави маърифат хониши хубу аъло орзу менамоям. Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, фарзандони азиз! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.