Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-09-2018, 15:00
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09.09.2018 14:00, шаҳри Душанбе
Дар робита ба таҷлили бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони ташкилотҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Бо ҷашни миллӣ-Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо самимона табрик менамоям.

Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дӯстона ва эътимодомезро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунад ва мутмаин бар он аст, ки ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати таҳкими муносибот миёни халқҳои бародари Қирғизистону Тоҷикистон рушд хоҳад кард.

Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо саломатии бардавом, муваффақиятҳо дар фаъолияти давлатӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон чунин омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз самими қалб табрик менамоям.

Итминони комил дорам, ки равобити дӯстона ва бародаронаи байни ду миллат, ки пайванди куҳани таърихӣ ва фарҳангӣ дорад, дар марҳилаи оянда бо ташаббуси муштарак боз ҳам густаришу таҳким хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар барқияаш навиштааст:

«Иҷозат фармоед дар Рӯзи ҷашни миллӣ аз номи худ ва мардуми Ҷумҳурии Италия самимитарин таманниётро ирсол дорам.

Умед бар он дорам, ки риштаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки Душанбе ва Римро бо ҳам мепайванданд, минбаъд низ тақвият ёфта, ба мамлакатҳои мо имкониятҳои навро барои рушд ва ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам меоранд.

Дар ин рӯҳия, барои суханони самимии дастгирона дар робита ба харобшавии пул дар Генуя бори дигар изҳори сипос намуда, ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Покистон Ориф Алвӣ чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо аз номи худ ва аз номи мардум ва Ҳукумати Покистон табрикоти гарму бениҳоят самимонаро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон мерасонам.

Муносибатҳо байни Покистон ва Тоҷикистон бо таърихи муштарак ва мероси умумӣ тавсиф гардидааст. Боиси қаноатмандии бузург аст, ки давоми бисту ҳафт соли охир робитаҳои Покистону Тоҷикистон сабти майлони афзояндаро идома доданд.

Ман барои ҳамкорӣ бо Ҷаноби Олӣ ба хотири рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаамон умедворам.

Бо истифода аз ин фурсат ҳамзамон таманниёти беҳтарини худро барои умри дароз, тандурустӣ ва хушнудии Шумо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон рушду рифоҳи ҳамешагиро иброз менамоям.

Ҷаноби Олӣ, ҳамчунин таҷдиди изҳори ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин табрикот ва таманниёти худро иброз намуда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештарро зери раҳбарии хирадмандонаи Шумо таманно намоям.

Бо дарназардошти муносибатҳои бародарона ва мутақобилан судманд миёни мардумони ду кишвар, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ омодагии амиқи хешро барои идомаи муносибот баҳри густариши бештари ҳамкорӣ, ки бар нафъи ҳарду кишвари дӯст хоҳад буд, иброз медорам».

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед аз номи Давлат ва мардуми Ветнам Шумо дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.

Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ менамояд ва бо хушнудӣ мушоҳида намуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар самти рушди кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ветнам ба рушди муносиботи анъанавӣ ва дӯстона бо Тоҷикистон ҳамеша аҳамияти калон медиҳад ва умед дорад, ки ду кишвар барои таҳкими ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардуми ду кишвар, барои сулҳу шукуфоӣ дар минтақа ва тамоми сайёра кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳанд».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Конфедератсияи Швейтсариян Ален Берсе чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шарафмандам аз номи Шӯрои Федералии Швейтсария ва шахсан аз номи худ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ самимитарин табрикотро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям. Ман ҳамчунин ба кишвари Шумо сидқан некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Шумо метавонед аз таваҷҷуҳи Швейтсария ба таҳкими эътимоди тарафайн ва дустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин бошед. Мо хоҳони густариши робитаҳоямон дар солҳои оянда ҳастем.

Ҷаноби Олӣ, лутфан ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Булғория Румен Радев зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хоҳишмандам табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо омодагӣ ва хоҳиши ҷониби Болгарияро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳоямон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор медорам.

Ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолияти пурсмасъулатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.

Хоҳишмандам, муҳтарам ҷаноби Президент, эҳтиромоти бағояти маро нисбат ба Шумо бипазиред».

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред!

Мутмаинам, ки ҷоннокгардии муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ, татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ба дурнамои дарозмуддат равонагардида ба сатҳи балнди шарики баровардани муносибатҳои Арманитсону Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ин, бешубҳа, ба манфиати мардумонам, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷуҳи самимӣ пайванданд, мебошад.

Ба муколамаи созандаи Арманистону Тоҷикистон дар сиғаҳои дуҷонаба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, умед дорам.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ, инчунин ба мардуми дӯстӣ Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Генерал-губернатори Канада Ҷули Пейетт дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ман аз номи ҳамаи канадагиҳо Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрику таҳният мекунам.

Тайи зиёда аз 26 соли муносибатҳои дипломатӣ Канада ва Тоҷикистон дар доираи форумҳои мухталиф, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории бомувафақияти бисёрҷониба доранд. Миёни кишварҳои мо ҳамёрии зич дар соҳаҳои рушд ва амният ба роҳ монда шуда, ҷониби Канада талошҳои байналмилаливу минтақавии Тоҷикистонро дар ин ҷода дастгирӣ менамояд.

Чанде аз ташаббусҳои соли равон робитаҳои моро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд. Дар ин росто, Конфронси бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии обро, ки моҳи июн баргузор гардид, зикр карданӣ ҳастам. Мавзӯъҳое, ки зимни он баррасӣ гардиданд, барои Канада хеле муҳим мебошанд ва муҳокимаи онҳо ба рушди муколамаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим саҳми шоён гузошт.

Канада хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар солҳои оянда мебошад.

Хоҳишмандам, таманниёти самимии ин ҷонибро ба муносибати ҷашни миллӣ қабул намоед».

Сарвазири Шоиҳарии Таиланд Прают Чан-о-ча, дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам аз номи Ҳукумат ва мардуми Шоҳигарии Таиланд ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек изҳор намоям.

Бо хушҳолӣ муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Таиланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр менамоям. Итминон дорам, ки дӯстии мо ва ҳамкории кишварҳову мардумонамон минбаъд низ таҳким меёбанд.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Генерал-губернатори Австралия Петер Косгров дар номаи табрикотии худ навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам ба Шумо самимонатарин табрикотро аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Австралия ирсол намоям.

Австралия муносибатҳояшро бо Тоҷикистон, ки бар манофеи муштарак дар самтҳои муҳим, аз ҷумла амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор асос ёфтаанд, қадр менамояд. Умедвори ҳамкории минбаъдаи кишварҳоямон дар самтҳои мусоидат ба Афғонистон, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва истифодаи устувори захираҳои об мебошам.

Боиси ифтихори Австралия аст, ки ба соҳаи рушди Тоҷикистон тариқи лоиҳаҳои амалӣ дар ҷомоати деҳот мусоидат менамояд. Лоиҳаҳои ахир ба масъалаҳои афзоиши даромади аҳолӣ дар Куҳистони Бадахшон ва беҳбуди ҳаёти мардумони дорои имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тамаркуз ёфтаанд.

Мутмаинам, ки равобити дӯстонаи миёни кишварҳои мо дар соли оянда низ равнақ хоҳанд ёфт».

Ҳасан Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаро расидани бисту ҳафтумин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.

Боварӣ дорам, ки дар партави кӯшишҳои муштарак, муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати таъмини манфиатҳои ду кишвар ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ тавсеа ва тақвият хоҳад ёфт.

Аз Худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти он ҷониб ва некӯаҳволиву беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарфарозам Шуморо ба муносибати солгарди рӯзи Истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният намоям. Аз ин фурсат истифода бурда, ба рушду пешрафти муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ва халқҳоямон таъкид менамоям.

Ба Ҷаноби Олӣ саодатмандиву саломатии бардавом ва ба давлату мардуми шарифи кишвари Шумо пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям.

Лутфан, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн – Ҳамад ибни Исо оли Халифа, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Хорватия – Колинда Грабар-Китарович, Президенти Ҷумҳурии Украина – Петро Порошенко, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Ребело дэ Соуза, Ноиби Амири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Ҳамад Оли Сонӣ, Муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб-Валиаҳди Абу-Забӣ – Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: