Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

6-09-2018, 15:02
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон
06.09.2018 11:55, шаҳри Душанбе
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 6 сентябри соли 2018 дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави меҳмонхонаи замонавиро ба истифода доданд.

Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Акбар Ғуломов бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, тамоми утоқҳои он бо лавозимоти муосиру зарурии истироҳату фароғат таъмин мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ошёнаи якуми бино бо шароити ҳуҷраҳои махсус, аз ҷумла, ҳуҷраҳои оилавии истироҳату хоб шинос шуданд.

Дар қабати якуми меҳмонхона ҳамчунин ҳаммом, ҳавзи шиноварӣ бо услуби хизматрасониҳои муосир, аз ҷумла, толори машқу тамрини бадан низ бунёд карда шудааст.

Имконоти хизматрасонии меҳмонхона дар як вақт барои 20 нафар пешбинӣ шуда, бошандагони он метавонанд дар худи бино аз хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла, ошхона ва дигар имконоти хобу истироҳат пурсамар истифода намоянд.

Меҳмонхона аз 12 ҳуҷраи махсус иборат буда, дар қабати 2-юми он 8 ҳуҷра ва нуқтаи алоҳидаи ошпазӣ, қабулгоҳ барои меҳмонон ва толори мулоқотҳои расмӣ ҷойгир шудааст.

Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки давоми 1,5 сол идома ёфт, беш аз 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконот ва шароити хизматрасонии маҷмааи тозабунёд, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои зимни бунёди меҳмонхона анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар саҳни меҳмонхонаи тозабунёд шаршара сохта шуда, атрофи онро гулу буттаҳои ороишиву сояафкан, аз ҷумла, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда оро медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: