Мактаби одамият29-08-2018, 08:23
Хабарро хонданд: 1457 нафар
Назарҳо: 0
Бистуҳафт сол аз талошу мубориза, иқдомиҳои созандаву бунёдкорона сипарӣ мегардад, ки Ватани азизу маҳбубамон –Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, шарафёб шуд. Инак бистуҳафт баҳор аст, ки дарахти тановари истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар авҷи нашъу намост. Бояд ба як воқеияти таърихӣ эътироф кард, ки шаклгирӣ ва таҳкими истиқлолияти кишварамон бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешак, истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард. Барои расидан ба ин рӯзҳои хушу босаодат дар оғози истиқлолият кишвари моро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Солҳои ниҳоят сангину фоҷиабор ба сари миллати тоҷик омад. Алангаи оташи хонумонсӯзи ҷанг домани сарсабзи кишвари ободи моро месӯхт, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор ҷавонмардон шаҳид гаштанд, ҳазорон хонаҳо валангор, садҳо оила бесарпаноҳ, кӯдакони зиёд ятиму бепадар ва ҳудуди як миллион нафар фирорӣ шуданд. Касе уммед надошт, ки рӯзе дар Тоҷикистон ба ҷои садои тиру туфанг боз садои хандаи тифлони маъсум ба гӯш мерасад, ҷароҳатҳои ҷонкоҳи пайкари ба хун оғуштаи Ватан боз ба ҳам меоянд. Ин ҳолати даҳшатборро дар авҷи хунрезиҳои бародаркуш яке аз шоирони маъруфи вақт чунин ба риштаи тасвир кашида буд: Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад? Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?... Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям, Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад? Дар замоне, ки риштаи эътимоду боварӣ ва умед ба фардои нек бурида буд, ба бахти миллати мо фарзанди барӯманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни сиёсат қадами устувор гузоштанд ва нахустин паёме, ки ба мардум ироа гардид ин ҳарфҳои деринтизор буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин паём калиди кушоиши ҳама уқдаҳои сарбаста ва мушкилоти ҷомеаи мо буд ва дар навбати худ маромномаи фаъолияти ҳамонвақтаи Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, аз азми қавӣ ва ҷасорати фавқулода доштани роҳбари ҷавони давлати тоҷикон шаҳодат медод. Рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он давра ин буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид. Имзо шудани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият аст, ки баъдан дар тамоми арсаҳо барои татбиқу роҳандозии барномаҳои азим заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст». Хусусан, дар ин давра, ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ заминаҳои хеле устувор гузошта шуданд. Дар ин замина баргардонидани ҳудуди як миллион гуреза ба Ватан, аз чанги гуруснагӣ раҳонидани мардум, барқарор кардани офатҳои ҷанги шаҳвандӣ, бунёди манзилгоҳҳои харобгашта, роҳҳо, иншооти маъмурӣ ва таъиноти маишӣ, мактабҳо, беморхонаҳо аз ҷумлаи умдатарин вазифаҳои давлат буданд, ки бо муваффақона анҷом дода шуданд. Ҳамгироӣ, якдилӣ, ҳамраъйӣ ва муттаҳиду аҳлона зистан усулан баёнгари сиёсати сулҳхоҳона ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлат мебошад. Бо гузашти ду даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Ин аст, ки сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд. Хусусан, дар ин давра раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки аҳамияти бузурги иртиботию иқтисодӣ доштанд, дар сархатти барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, ваҳдати миллӣ, ки сарҷамъиву муттаҳидӣ миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин замина бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт. Ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик - истиқлолият танҳо дар охири асри XX насиби мардуми мо гардид. Ин давлати тозаистиқлол ва мустақилу соҳибихтиёр бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт, ҷилои тоза пайдо кард, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Бо ин мақсад, бо ҷасорату шуҷоати фавқулода ба ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созанда тарҳрезӣ шуда, низоми мукаммали давлатдорӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти созанда ва корсозиҳои ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти таъсиси Артиши миллӣ, пули миллӣ, қабули Суруд ва Гимни миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки бо талошҳои пайваста ҷиҳати таҳкими аркони кишвардорӣ мақоми сазовори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Пояҳои давлатдорӣ, хусусан ҷанбаҳои бунёдӣ ва арзишии он дар мактаби сиёсӣ ва давлатдории миллии Роҳбари давлат бо шаклу мазмуни наву муосир такмил ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд роҳи минбаъдаи худро пайдо кард. Тарҳрезии дурусти барномаҳои азими иқтисодӣ, хусусан бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди пахта, ришта, матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ, истеҳсоли семент, ангишт, нуриҳои маъданӣ, тилло, нуқра, сурма, инчунин рушди саноати сабук, ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишварзӣ аз ҷумлаи он тадбирҳои муҳиме буданд, ки барои тақвияту иқтидори иқтисодии кишварамон такони ҷиддӣ бахшиданд. Илова бар ин, татбиқи пружаҳои дорои аҳамияти миллӣ дар самти энергетика барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии давлат – истиқлоли энергетикӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд. Бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, таҷдиди чархаҳои неругоҳҳои Норак, Сангтӯда ва Қайроқум ҷиҳати афзудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва махсусан бунёди неругоҳи бузурги аср – Роғун ба сароҳат аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Ба иборати дигар, бунёди Роғун, ки воқеан барои кишвари мо ба кохи муҳташами нур баробар аст, ба рушди босуръати иқтисодӣ ва ба маротиб беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон дар ояндаи наздик нақши ҳалкунанда дорад. Дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва афзалиятнок баршумурдани он, ки ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида шудааст, яке аз самтҳои бунёдӣ ва усулии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бунёди донишкадаву донишгоҳҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишкадаву донишгоҳҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мир Сайидалии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ… ва дар ин замина гиромидошту тақдири устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии давлатӣ, яъне Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳодати вориси ҳақиқӣ ва аз табори бузургон будани Эмомалӣ Раҳмонро собит менамояд. Ин амали неку писандидаи ӯ барои ба вуҷуд омадани эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, бедории фитрӣ ва шинохтани таърихи ғанию пурифтихори халқи тоҷик мусоидат намуданд. Пос доштани гузаштаи пурифтихор, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтиром гузоштан ба мероси фикрию маънавӣ ва идома додани ин рисолати шарифи инсонӣ ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва маънавӣ ва дар роҳи сохтани давлатсозӣ давлатдории навини миллии тоҷикон аҳамияти ниҳоят калон дорад, ки онро метавон сохтори мактаби сиёсии Президенти мамлакат номид. Таҷлили бузургтарин ҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргону Сада дар сатҳи баланди давлатӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани «Шашмақом» - у «Фалак» меросдори тамаддуни бостонӣ, фарҳанги миллӣ ва ҳомии оину суннатҳои мардумӣ будани Роҳбари давлатро нишон медиҳад. Хусусан, ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтани ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, ба рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бедории миллии мардуми тоҷик мусоидат намуд, далели ин гуфтаҳост. Танҳо қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баробарвазн бо як инқилоби фикрӣ ва маънавӣ мебошад. Шикасти таассубу хурофоте, ки садсолаҳо дар зеҳни мардуми кишвари мо таҳшин шуда буд, ниҳоят кори сангину душвор буд, ба воситаи ин қонун қолабшиканӣ шуда, мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ва саодату рифоҳи инсонӣ ҳидоят кард, ки бешубҳа яке аз дастовардҳои умдаи даврони истиқлолият ва аз тасмимҳои писандидатарини Пешвои миллати мо маҳсуб мешавад. Бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд барои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ ва татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ дар ҷомеа заминаҳои мусоид эҷод кард. Хусусан, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар раванди сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол як падидаи наве буд. Ҳизб, бешубҳа ҳамчун мактаби низоми сиёсӣ дар ташаккули сиёсии шахс таъсири созанда дорад. Ҳоло ҳизби мо ҳудуди ниммиллион аъзо дорад ва нақши он дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мегардад. Дар маҳдудаи ин мақола оид ба мактаби одамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудани чанд нуктаро низ муҳим мешуморам. Ӯ воқеан дар баробари яке аз сиёсатмадорони шинохташудаи сатҳи байналмилалӣ ҳамчун инсон –ниҳоят дилсӯзу меҳрубон ва раҳмдилу фурӯтан мебошанд. Ҷавонмардиву дарёдилӣ аз хосиятҳои фитрӣ ва модарзодии Пешвои мост. Маҳз ба ҳамин хотир, андешаву суханон, амалҳои неку созандаи Роҳбари давлат дар дилу дидаи мардум роҳ ёфта, дар ҷомеъа ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ки воқеан рисолати инсонии ӯст, эътироф шудааст. Гузашта аз ин Пешвои миллат дар сатҳи сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста кӯшиш менамоянд, ки аз зовияи диди инсонпарварона бо назардошти манфиати халқу миллатҳои дигар низ тасмим бигиранд. Дар амалӣ намудани пуружаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, ба хусус тарҳҳое, ки ба истифодаи мунсифонаи об иртибот дошта, дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз масоили доғ маҳсуб мешавад, манфиатҳои кишварҳои ҳамҷавор ҳамеша ба назар гирифта мешавад. Ҳамин хислатҳои беназири Пешвои миллати мо боиси он гардид, ки масоили баҳсталаби минтақа бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёбанд ва имрӯз натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки ҷумҳурии мо бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои мутақобилан судманд дошта, бо вуҷуди баъзе пешгӯиҳои коршиносони хориҷӣ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо роҳи осоишта комёб мегардад. Ҳисси хайрхоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои бунёдии миллатҳои дигар имрӯз боиси он гардидааст, ки номи Сарвари давлати мо дар дигар кишварҳои минтақа низ бо эҳтиром ва муҳаббати хосса ёд мешавад. Дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл, бори нахуст ба Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон сурат гирифт, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми супоридани яке аз орденҳои арзишманди кишвараш «Эҳтироми сарзамини авлодӣ» («Эл юрт ҳурматӣ») хизматҳои арзишманди Роҳбари давлати тоҷиконро таъкид намуда, махсус зикр кард, ки маҳз пуртоқативу дурандешии Эмомалӣ Раҳмон заминаи устуворе барои дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ва дӯст, барқарор гардидани муносибатҳои таърихии ин ду миллати бародар фароҳам овард. Ба қавли маъруф, Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум баромадааст. Ман дар ин хусус, чанд сол пеш дар мақолаи «Президенти мардумӣ» изҳори назар намуда будам. Танҳо инҷо ба нуктае ишора хоҳам кард, ки ин шахсияти бузург дар баробари роҳбари оқилу дурандеш ва ботаҷрибаву солор будан, инчунин одилу адолатпеша низ ҳастанд. Инро ман, ки солҳои зиёд ба ҳайси Ёвари Президент, Мудири Котиботи Президент, Мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар айни ҳол Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор карда истодаам, шинохтаам ва худро аз шогирдони содиқи мактаби бузурги сиёсӣ, давлатдорӣ ва одамияти Эмомалӣ Раҳмон медонам. Фаттоҳзода Саидмурод Самад, доктори илмҳои фалсафа, Муовини якуми Раиси Ҳизи Халқии Демократии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.