Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон

Форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон

20-08-2018, 08:59
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон
Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Интернешнл Ҳотел Тошканд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (International hotel Tashkent) Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Форуми соҳибкоронро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нодир Отаҷонов ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 400 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз ва рушди сайёҳӣ, Хадамоти гумрук, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ШСХ «Барқи тоҷик», КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон», КВД «Ширкати алюминии тоҷик», КВД «Тоҷинвест», ҶСК «Тоҷиктрансгаз», Палатаи савдо ва саноат ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба рушди савдо, саноат ва муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ сухан намуданд.
Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Вазири савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Соҳиб Сайфназаров ва Директори генералии «КВД Тоҷинвест» – и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирлал Музаффарӣ тавассути рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд.
Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ 11 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Ҳамкории соҳибкорон ва ба имзорасонии созишномаҳо идома дорад.
Соли ҷорӣ маротибаи панҷум аст, ки доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоишҳои муштаракро гузаронида, дар доираи онҳо зиёда аз 200 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 845 млн. доллари ИМА дар соҳаҳои металургия, энергетика, нафту газ, сохтмонӣ, сайёҳӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расониданд.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон зиёда аз ду маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар доираи форуми мазкур соҳибкорон ба корхонаи «Артел Групп», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Gold Dried Fruits Export», Корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Uztex Tashkent» — и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда, ба раванди истеҳсолӣ шинос шуданд. Инчунин соҳибкорон дар чорабинии фарҳангӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо, ки ба имзорасонии созишномаҳо ва шартномаҳо равона гардида, фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: