Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент ба номи Ислом Каримов17-08-2018, 10:59
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
17.08.2018 10:35, Ӯзбекистон 17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошкент пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон овезон буд. Маводҳо доир ба мавзӯъ: Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.