Ташаббуси нек идома дорад5-01-2016, 14:30
Хабарро хонданд: 383 нафар
Назарҳо: 0
Дар аёми иду ҷашнвораҳо аёдат намудани собиқадорону фаъолон, бахусус оилаҳои эҳтиёҷманду бепарасторон дар байни мардуми тоҷик ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Чунончӣ дар ин радиф Раиси муаззами ҳизбамон, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуда буданд, ки беҳтар намудани шароити ин гуруҳи осебпазири ҷомеаро вазифаи аввалиндараҷ худ меҳисобанд.
Дар идомаи ин ташаббуси неку хайрхоҳона аҳли ҳизбиёни шаҳри Чкалов низ дар арафаи идҳо аёдати ятимону ниёзмандон, маъюбон ва оилаҳои камбизоатро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, бахшида ба Соли нави мелодӣ аз ҷониби фаъолони ҳизб 26 нафар ятимон, 9 нафар собиқадорон, 14 нафар аъзоёни оилаҳои камбизоат, 120 нафар тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳ, ҳамзамон аскарони қисмҳои низомии шаҳр бо маводҳои хӯрока, сару либос, туҳфаҳои солинавӣ барои кӯдакон аёдат карда шуданд. Аёдатшудагон аз чунин ғамхориву дастгирӣ хушнуд гардида, шукронаи Истиқлолият ва Сарвари давлатро намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.