ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ то 2 дараҷа баландшавии ҳарорат дар назар аст6-08-2018, 09:17
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Август 6, 2018 08:10 ДУШАНБЕ, 06.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа баланд гашта, дар бештари ноҳияҳо ба 42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +12+17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +38+40 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.