Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

25-07-2018, 07:28
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.

Дар идомаи суҳбат Пешвои миллат таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтояшон иброз намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин замина Президентҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар изҳори ақида намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: