“Ака и пула ма дар хонаи падарм печат намекнм”, “Пул, пули давлат аст”, “Чӣ ма худм аз хона миёрмш?”, “рав ҳо ану коркунони ҳукуматда ё банкда шикоят кун” ва амсоли ин гуфтугӯҳое ҳастанд, ки ҳаррӯз байни ронандагони нақлиётҳои мусофиркашу мусофирон ва фурӯшандаву харидор мешунавем. Сухан ин ҷо дар бораи пулҳое (1,3,5 ва ҳатто 10-20 сомона), ки хеле фарсуда шудаанду то ҳол дар муомилотанд, меравад. Яъне, пулҳое, ки ду пора шудаанду онҳоро пайваст кардаанд, ё аз фарсудагии зиёд рақамҳояшон нест шуда корношояманд.
Чанде пеш дар микроавтобус аз хона ба коргоҳ мерафтам. Дар нимароҳ марде тахминан 30-35 сола нишаст. Баъд аз нишастан ӯ ба ронанда як сесомона дароз кард. Ронанда ба мард 1,60 сомонӣ бақия гардонд. Мард баъд аз гирифтани бақия дид, ки яксомона фарсудаву пайванд аст. Вай онро дубора ба ронанда дароз карду гуфт: -Ака, ин пулатона гиред, куҳнаву пайванд аст, намешавад. Ронанда пулро гирифта аз назар гузаронд ва дид, ки рақамҳояш равшану дуруст аст. Такроран ба мард дароз намуду гуфт: -Ака, рақамҳояш дуруст аст, метавонед баҳазур истифода баред. Мо ҳам аз мусофирон бедудилагӣ мегирем, чунки супориш чунин аст. Шумо ба куҳна будани он диққат надиҳед, танҳо бинед, ки рақамҳояш дуруст бошад. Пулҳое, ки рақамҳояшон гуногунанд, нагиред, чунки ҳангоми пайванд кардан, рақамҳояш духела омадаанд. Мард пулро аз дасти ронанда нагирифта, -ман ба шумо пули соз додам, шумо созашро диҳед, - гуфт. Ронанда эҳсос кард, ки дигар баҳс фоида надорад, дар ҷустуҷӯйи яксомона шуд. Баъд аз ҷустуҷӯйи зиёд ӯ пули қоғазии яксомона наёфта, ба мард тангаи яксомона дароз карда, гуфт: “Акаҷон, як сомонаи қоғазиам тамом шудааст, дигар надорам, метавонед инро гиред”. Мард якравӣ карда, тангаро ҳам нагирифта, гуфт: -Ака, ба ман пули қоғазӣ диҳед, ин танга аз ҷайбам афтода, гум мешавад. Аз ин рафтор ронанда ба ғазаб омада, бо садои каме баланд гуфт: -Ака, худат ай ҳад гузарондӣ. Барои чӣ тангаро намегирӣ, охир ин ҳам пул аст. Онро давлат баровардааст... хоҳед, нахоҳед мегиред. Мард оромона гуфт: -Ака, ман то охир меравам, шояд пайдо мешавад пули қоғазии яксомона...
Дар ҳақиқат, имрӯз на ҳама шаҳрвандон истифодаи пули тангаро хуш доранд. Вақтҳои охир мисли ин мард шахсоне ба назар мерасанд, ки ҳангоми гирифтани бақия (танга) бо фурӯшанда ё ронанда баҳс мекунанд. Дирӯз шомгоҳон аз як мағозаи пойтахт ширу маска гирифта назди фурӯшанда омада, хостам пулаша диҳаму равам. Аммо дар назди фурӯшанда марде истода, бо садои баланд тарафи ӯ мегуфт, ки “ба ман 1 сомона танга нате, яксомонаи қоғазӣ бте”. Фурӯшанда ҳарчанд исрор мекард, ки надорам, вале он мард ҳам исрор мекард. Баҳси онҳо қариб 3 дақиқа давом кард. Дар ин ҳолат шахсони зиёде ҷамъ шуданд. Зани калонсол аз тангии вақт дигар тоқат накарда, тарафи мард гуфт: -Бародар фарқаш чӣ, ҳамин ҳам пул аст. Ин духтараки бечора ҳозир аз куҷо барои шумо яксомонаи қоғазӣ ёфта медиҳад? Агар мову шумо калонсолон онро нагирему истифода накунем, пас хурдсолон аз мо чӣ ибрат мегиранд? Барои ҳамин бародар, биё, барои кори ночиз вақти моро нагир, бе ин ҳам вақтамон хеле кам аст, ҳама кор доранд, охир. Мард аз суханони зан ҳиҷолат кашида, бо қаҳр тангаро аз фурӯшанда гирифта, баромада рафт.
Бадии кор дар он аст, ки муноқишаи ду нафар (ронандаю мусофир, харидору фурӯшанда) табъи дигаронро хира мекунад. Онҳо субҳ аз хона бо табъи болида ба кор равон мешаванд. Вале дар нақлиёт асабашонро вайрон карда дигар то бегоҳ бемайл кор мекунанд. Бе ин ҳам имрӯз 40-50 фоизи шаҳрвандон худ дар ҳолати ҳаяҷон-“стресс” қарор доранд.
Намояндаи Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилот гуфт: “Табиист, ки пул ба мисли дигар маводи рӯзгор дар натиҷаи зиёд гардиш хӯрдан фарсуда мешавад ва гузашта аз ин дар натиҷаи беэҳтиётӣ ба шаклҳои гуногун медарояд. Баъдан азбаски истифодабарии доимии он ғайриимкон мешавад, онҳоро бо пули коршоям иваз намудан лозим меояд. Ба хотири роҳ надодан ба қаллобӣ ва пешгирии ба даст овардани даромади муфт аз тарафи баъзе аз ашхос дар раванди ивазкунии пулҳои фарсуда мебояд, ки ягон қоида ё тартибе вуҷуд дошта бошад. Дар ин самт бонкҳои марказӣ ва миллии мамолики дунё қоидаҳои коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои худро доранд. Бонки миллии Тоҷикистон низ Қоидаҳо “Оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон”-ро тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти рақами 200, аз 3 июли с. 2008 ба тавсиб расонид, ки айни замон мавриди амал аст. Иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсудашудаи пули миллӣ бо муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ройгон анҷом дода мешавад. Имрӯз Бонки миллӣ барои бартараф намудани ин мушкилот тадбир меҷӯяд.
Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 50 ва 100 сомонии намунаи соли 2017 сад дар сад аз нахи пахта омода гардидаанд. Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10 ва 20 сомонӣ намунаи соли 2017 дар асоси коғаз бо ҷойгир намудани маводи полимерӣ, ки имкони таъмини унсури ҳимоявии иловагӣ ба ин пулҳоро медиҳад, омода гардидаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии эмиссияи (барориши) пулҳои коғазӣ (банкнота) ва тангаҳо ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад.
Шаҳрвандон набояд фаромӯш кунанд, ки пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст”.
Дигар мушкили ночизе, ки имрӯз дар ҷомеа баъзе вақт ба назар мерасад, ин надодани бақияпулӣ (танга) аз тарафи фурӯшандагони марказҳои фурӯши савдо ва бозорҳои пойтахт мебошад. Фурӯшандагони марказҳо ба ҷойи бақия як-ду сақич ё қандаке медиҳанду баҳона пеш меорад, ки пули майда надорад. Фурӯшандагони бозор бошанд ба ҷойи бақия як ду дона картошка, пиёз, сабзӣ ё себ, нок, зардолу илова мекунанду мегӯянд: -Ака, майда надорем ба ҷойи 40 дирам ё 50 ва 70 дирам дирам як дона... партоям. Ҳол он ки онҳо вазифадоранд, ки ба харидор бақияпулӣ гардонанд.
Дар ин ҷо натанҳо гуноҳи фурӯшандагон аст, инчунин гуноҳи мо шаҳрвандон (харидорон) низ ҳаст. Барои он ки мо бақияпулии худро аз фурӯшандагон талаб намекунем. Онҳо чизе ба ҷойи бақияпулӣ бидиҳанд, чун “мутаҳам” онро мегирем, хомӯш менишинем. Агар касе талаб ҳам кунад, атрофиён ба ӯ бо чунин суханҳо: “ҳе неки барои 20 дирам мемура”, “уқа пуле нест, ки пурсӣ”, “барои 20-50 дирам вақти моро нагир” ва амсоли инҳо, гуфта ҳатто масхара ҳам мекунанд. Мисли солҳои пеш нархи роҳкирои нақлиётҳои ҷамъиятӣ 1,60 дирам буд, аммо ронандагон аз мо 2 сомонӣ мегирифтанду мо хомӯш менишастем. Агар касе садо баланд мекард, дигарон ӯро сарзаниш менамуданд ва тарафи ӯ бо истеҳзо сухан мегуфтанд. Бархеи шумо дуруст ҳам мегӯед, 20-50 дирам на онқадар пули зиёд нест, аммо андеша намекунем бо ин роҳ мо оянда ҷавононе, ки дар ин маршуткаҳо кор мекунанд, “порахӯр” ва ҳатто “дузд” тайёр мекунем. Калонсолон бошанд, бо ин пули “ҳаром” фарзандони худро нодуруст тарбия мекунанд. Мо борҳо нақлу ривояҳои исломӣ дар бораи ҳаққи мардум хурдан, хондаем, дар он ҷо омадааст, ки агар шахс ҳаққи каси дигарро дидаву дониста дуздида бихӯрад, оянда фарзанди вай дузду фиребгару найрангбоз ба воя мерасад. Мутаассифона, бисёриҳо инро андеша намекунанд. Бе ин ҳам имрӯз дар ҷомеа бештари наврасону ҷавонон беадаб шудаанд, ки тарбияи онҳо хело душвор аст.
Муаллими адабиётамон нақле дар бораи устод Садриддин Айнӣ карда буд. Рӯзе устод дар бозор чизи зиёде мехараду ба хона меравад. Дар хона чизҳои харидаашро такроран ҳисоб мекунад. Баъд аз ҳисоб маълум мегардад, ки фурӯшанда ба ӯ се тин кам додааст. Устод бо такси ба бозор рафта, аз фурӯшанда се тини худро талаб мекунад. Фурӯшанда мегӯяд: -Домулло шумо барои се тин шуда, ба такси барои он омадед. Омадани шумо арзише надошт. Охир нархи такси... Устод Айнӣ пулро гирифта, мегӯяд: -Ман ба он хотир омадам, ки ҳаққи ман ба шумо намонад ва гунаҳкор нашавед. Дигар ин ки мумкин ин се тини ман шуморо дар оянда порахӯр кунад...
Барои ҳамин, имрӯз истифодаи зиёди танга ба манфиати мо, шаҳрвандон аст, чунки фурӯшандагон дар будани танга, дигар баҳона пеш оварда наметавонанду ба ҷойи бақия сақичу қандаки хитоӣ, ки ҳангоми истеъмол карданаш ба шахс зарар меоварад, намедиҳанд. Ё ин ки ба ҷойи пулҳои фарсудашуда, ки кайҳо бояд иваз шаванд, танга беҳтар нест?
Ҳасан АЗИЗОВ