Суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом28-06-2018, 08:47
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
27.06.2018 20:22, шаҳри Конибодом
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом! Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем. Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям. Бисту як сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид. Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид месозам, ки душманони миллати тоҷик бо дасти хоинону зархаридорони худ нақшаи ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона ва дар Тоҷикистон бунёд кардани давлати исломиро доштанд. Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист. Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид. Бефарзанду бесаробон мондани даҳҳо ҳазор нафар модарону занон ва ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдакон зарбаи даҳшатноку ҷуброннопазири он фоҷиаи ба сари мардуми мо омада буд. Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд. Он рӯзҳо тамоми мардуми кишвар, аз хурд то бузург, танҳо ҳамин орзуро доштанд. Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон мо бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин музокиротро оғоз кардем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, мо чил санади барои миллат муҳимро ба имзо расонидем. Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ, санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии ХУI – уми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад. Бори дигар бо қатъият иброз медорам, ки агар дар натиҷаи фитнаву дассисаи ангехтаи бадхоҳону душманон давлати тоҷикон аз байн мерафт ва миллати тоҷик пароканда мегардид, наслҳои оянда ҳаргиз моро намебахшиданд. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Баъди имзои созишномаи сулҳ мо қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамонро ба маҳалли зист ва хонаву манзилашон баргардонидем, онҳоро бо маводи ғизоӣ ва шароити аввалияи зиндагиву рӯзгор таъмин кардем ва ба корҳои барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ оғоз намудем. Фаъолияти зиёда аз даҳсолаи Ҳукумати мамлакат ба барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, манзилҳои зист ва иншооти сӯхтаву валангоршуда равона гардид. Баробари барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имконият пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем. Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Аз ин лиҳоз, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмонидани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар баробари ин, ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем. Ҳозирини гиромӣ! Имсол ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри бостонии Конибодом баргузор мегардад. Конибодом ҳамчун яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон дар пос доштани анъанаву суннатҳои пурғановати халқи тоҷик нақши намоён дошта, ба сифати шаҳри ҳунармандону тоҷирон, олимону адибон ва зиёиёну санъаткорон шуҳратёр мебошад. Дар тӯли садсолаҳои зиёд Канди бостонӣ дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор дошт. Чунонки дар яке аз вохӯриҳои худ бо мардуми ин шаҳри бостонӣ изҳор дошта будам, Конибодом бо табиати зебову обу хоки зархез ва меваҳои шаҳдбори худ яке аз гӯшаҳои дилпазири кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат доир ба таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Конибодом қисми даромади буҷети шаҳр аз 600 ҳазор сомонии соли 1997 қариб ба 60 миллион сомонӣ дар соли 2017 расидааст. Яъне дар бист соли охир ҳаҷми он сад баробар афзудааст, ки ин рақам гувоҳи равшани пешрафти босуръати шаҳри Конибодом дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 1997-ум 8 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам соли 2017 ба 194 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда низ далели возеҳи тараққиёти устувору босуръати соҳаи саноати шаҳри Конибодом мебошад. Ҳоло мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020 дар қаламрави шаҳру деҳоти Конибодом татбиқи 48 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 780 миллион сомонӣ идома дорад. Бо оби нӯшокии босифат таъмин намудани аҳолӣ, ки то имрӯз дар шаҳри Конибодом яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таҷдиду азнавсозии шабакаи обрасонӣ ба масофаи дувоздаҳуним километр ва бунёди инфрасохтори зарурии захираву интиқоли об бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ ҳаллу фасл карда шуд. Мо имрӯз ин иншоотро низ ба истифода супоридем. Деҳқонони асили шаҳри Конибодом дар парвариши меваю сабзавот, ташкили гармхонаҳо, ниҳолпарвариву боғдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаву шуҳрати зиёд доранд. Соли гузашта кишоварзони шаҳр ба маблағи 353 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, дар таъмини бозори истеъмолии кишвар саҳми арзанда гузоштанд. Мо имрӯз якчанд иншооту биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатиро дар майдони марказии шаҳр, мактаби таҳсилоти умумии рақами 29 барои 1200 нафар хонанда, иншооти хизматрасонӣ дар деҳоти ба номи Эргаш Шарифов, роҳи Конибодом - Патар ва КИМ-Исфара-Гулистонро баъди таҷдиду азнавсозӣ ба масофаи 20 километр ва ба маблағи умумии зиёда аз 120 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор додем. Дар иртибот ба ин, ба мутахассисону сохтмончиён, шарикони рушд ва ҳамаи онҳое, ки барои дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони иншооти имрӯза заҳмат кашидаанд, миннатдорӣ баён менамоям. Имрӯзҳо татбиқи яке аз лоиҳаҳои бузурги коммуникатсионии мамлакат - таҷдиди шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом - Исфара босуръат идома дорад. Тавре дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудам, корҳои лоиҳакашиву омӯзиши таҷдиду азнавсозии қитъаи Хуҷанд - Конибодоми роҳи Хуҷанд – Исфара ба масофаи 130 километр идома доранд ва мо тасмим дорем, ки вақтҳои наздик сохтмони ин қитъаро низ оғоз намоем. Қобили зикр аст, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ 160 километр ва дар чор моҳи соли равон 20 километр роҳҳои дохили шаҳр ва деҳот таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд. Ҳамватанони азиз! Солҳои охир бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон, таваҷҷуҳи ҳарчи бештар ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди марказҳои истироҳату фароғат ва майдону толорҳои варзишӣ барои наврасону ҷавонон торафт вусъат гирифта истодааст. Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ” дар шаҳри Конибодом бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст, ки имрӯз ба истифода супорида шуд ва ҷашни Ваҳдати миллӣ дар он баргузор гардида истодааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ҳоло дар шаҳри Конибодом вобаста ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар онҳо ва андешидани чораҳо дар самти инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ босуръат идома дорад. Дар қаламрави шаҳри Конибодом ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуданд, ки имрӯз макони боздиди сайёҳону меҳмонон буда, ҳамзамон бо ин, ба густариши ҳунарҳои миллӣ дар ин гӯшаи диёрамон мусоидат мекунанд. Илова бар ин, ҳоло ду гузаргоҳи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон амал мекунад ва ин имконият медиҳад, ки сокинони шаҳри Конибодом додугирифту ҳамкорӣ ва робитаҳои неки дӯстиву ҳамсоягиро бо халқҳои бародари Ӯзбекистону Қирғизистон боз ҳам тақвият бахшанд. Ҳозирини арҷманд! Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем. Зеро мураккаб шудани вазъи геосиёсии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияту озодии давлатҳои миллӣ масъалаи зиракиву ҳушёрии сиёсии шаҳрвандони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ҳифзи давлату давлатдориро торафт мубраму муҳим мегардонад. Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд. Чунки дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, зербинои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад. Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳимми пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихиамон - истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем. Се сол баъд, яъне 9-уми сентябри соли 2021 Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сисола мешавад. Ба хотири истиқболи шоиставу арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддас чанде пештар дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат қарор қабул карда шуд, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо дар тамоми қаламрави кишвар - аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорона вусъат бахшида шаванд. Дар ин кори хайр бояд ҳамаи мардуми кишвар – аз аъзои Ҳукумат сар карда, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолону зиёиён, соҳибкорону тоҷирон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ходимони дин ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯст бояд саҳм гузоранд. Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхона барои 10-15 кат, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, пулҳо ва роҳҳои дохилӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагиву ресандагӣ, косибӣ ва дар маҷмӯъ, рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад. Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд. Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони заҳматдӯсту соҳибмаърифати вилояти Суғд, шаҳри Конибодом ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар сарзамини куҳанбунёди мо сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад. Бигзор, Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад! Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамватанони азиз! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.