Ӯ рамзи зиндагӣ буд31-12-2015, 10:10
Хабарро хонданд: 578 нафар
Назарҳо: 0
31 декабри соли 2015 корманди нашрияи «Минбари халқ» Гуландом Раҷабова пас аз беморӣ дар синни 34-солагӣ аз олам даргузашт.
Гуландом Раҷабова, 19 майи соли 1981 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2009 баъди хатми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 43-и шаҳри Душанбе бо ихтисоси котиба-коргузор ба шуъбаи ғоибонаи факултаи журналистикаи телевизион ва радио, театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ин боргоҳи илмро соли 2014 бо ихтисоси рӯзноманигор хатм кардааст. Аз соли 2007 инҷониб дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» фаъолият дошт. Гуландом рамзи зебоӣ, ҷасорат ва зиндадилии ҳафтанома буд. Хандаҳои беғаши ӯ дилҳоро ба зиндагӣ гарм мекард, вале афсӯс, ки ин рамзи зиндагӣ низ дар назди марг оҷиз монд. Чароғи равшану партавафкане буд, ки панҷаи беамони марг онро хомӯш кард. Сад дареғ, ки қадри чашмаи зулол нашиносем, то хушк нагардад ва арзиши ганҷ соате донем, ки аз дасти мо биравад. Ёдат ба хайр, манзили охиратат ҷаннатулмаъво бод, хоҳари азиз. ©Минбари халқ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.