Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РӮЗИ САРҲАДЧИЁН МУБОРАК! Муҳофизони марзу буми Ватан иди касбиашонро ботантана ҷашн гирифтанд

РӮЗИ САРҲАДЧИЁН МУБОРАК! Муҳофизони марзу буми Ватан иди касбиашонро ботантана ҷашн гирифтанд

28-05-2018, 15:22
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
РӮЗИ САРҲАДЧИЁН МУБОРАК! Муҳофизони марзу буми Ватан иди касбиашонро ботантана ҷашн гирифтанд
Май 28, 2018 10:59

«Ҳоло давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори марзу буми Ватан ва дастовардҳои истиқлолияти миллии худро мебинад. Зеро маҳз бо хизмати содиқона ва бошарафонаи ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кутоҳи таърихӣ неруҳои қобили ҳифзи марзу буми Ватан ба камол расонида шуд, ки барои ин даҳсолаҳо лозим буданд».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 28 май Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ иди касбиашонро ботантана ҷашн мегиранд. 24 сол муқаддам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангин таъсис ёфт ва дар натиҷаи ҷаҳду талоши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Тоҷикистон табдил ёфт.
РӮЗИ САРҲАДЧИЁН МУБОРАК! Муҳофизони марзу буми Ватан иди касбиашонро ботантана ҷашн гирифтанд

Ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, яъне моҳи ноябри соли 1992 аввал дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил гардида, бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати Кумита Раёсати ҳифзи сарҳадот таъсис дода шуд. Минбаъд дар натиҷаи амалӣ намудани чораҳои зарурӣ доир ба тақсими марзҳои давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Афғонистон, ки он солҳои зиёд аз ҷониби хадамоти сарҳадбонии Федератсияи Россия ва аз тарафи ҷузъу томҳои Раёсати ҳифзи сарҳадоти назди КДАМ ҶТ муҳофизат карда мешуд, 30 майи соли 1994-ум бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, 28 май ҳамчун рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.

Дирӯз дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии майдони варзишӣ дар Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар гарнизони Душанбе баргузор гардид.

Бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва меҳмонон майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футбол, машқи бадан, инчунин ҳаммомҳои мардонаву занона ва нишастгоҳи фароғатӣ муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои мусоид ба таври расмӣ барои машқу тамрин ва истироҳату фароғати ҳайати шахсии Шифохонаи марказӣ ба истифода супорида шуда, машқҳои ҷисмонӣ намоиш гардид.

Майдончаҳои варзишӣ бо қувваи кории афсарону сарбозони қисми ҳарбии сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин бунёд шуда, дар он дар як вақт то 150 нафар хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд ба варзиш машғул бошанд.

Ҳамчунин нимаи дуюми ҳамин рӯз бахшида ба 100-солагии «Рӯзи Сарҳадбонон»-и собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва 24-умин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ дар толори Кохи «Шараф»-и Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат бо иштироки Роҳбарияти КДАМ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардори Хадамоти сарҳадии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратии мамлакат, собиқадорон ва афсарону сарбозон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар маросими тантанавӣ зикр кард, ки таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон на танҳо ҷиҳати пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзи кишвар, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар ҷаласаи тантанавӣ таъкид гардид, ки роҳбарияти олии мамлакат ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шароити хизмативу маишии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар давоми 24 сол дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ сохтаву навсозӣ шуда, ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин гардиданд.

Дар маросим ҳамчунин таъкид шуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари муҳофизати сарҳади давлатӣ, дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдат, таъмини осоиши мардум нақши намоён дорад.

«Мо ифтихор аз он дорем, ки натанҳо сарҳади давлатии худ, балки марзҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоро низ аз таҳдиди хатарҳо ҳифз мекунем», — изҳор карданд, ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат.

Ба нақши фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар амри мубориза бо қочоқчиён, пешгирии убури ғайриқонунии марз ва дигар таҳдиду хатарҳо баҳои баланд дода шуд.

Аз ибтидои фаъолият то имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадӣ 2397 ҳолати вайронкунии сарҳади давлатӣ сабт ва вобаста ба убури ғайриқонунии марз 415 парванда оғоз ва баррасӣ шуда, теъдоди зиёди вайронкунандагони низоми сарҳадӣ дастгир карда шуданд. Дар ин давра 602 амалиётҳои махсус анҷом ёфта, 459 задухӯрди мусаллаҳона ба миён омадааст. Инчунин, зиёда аз 440 қочоқчию марзшикан дастгир шудаанд. Дар ҳамин ҳол, марзбонони тоҷик аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, зиёда аз 22 тоннаву 600 кг навъҳои гуногуни маводи нашъаовар ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.

Дар давоми ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ даҳҳо нафар хизматчёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон карданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату ҳукумати кишвар номи неки онҳоро ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намекунад. Бо кӯмак ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, Президенти кишвар як гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хонаҳои истиқоматӣ — хизматӣ таъмин шуданд.

Сипас сардори Хадамоти сарҳадии Федератсияи Россия дар ҶТ Митрейкин В.В. сарҳадбонони тоҷикро табрик намуда, зикр кард, ки сарҳади ҳар як кишвари мустақил аз муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории он ба шумор рафта, амнияти ҳар як халқу давлат аз сатҳи ҳифзи марзу бумаш вобастагӣ дорад. Бо мақсади таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуданд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ, Раиси КДАМ ҶТ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ собиқадоронро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва афсарону сарбозонеро, ки дар рафти хизмати ҳарбӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо медалу нишонаҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Ҳамин гуна тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии “Рӯзи Сарҳадбонон”-и собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Марказҳои таълимӣ, Отрядҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва НТМ бо қабули савганди ҳарбии беш аз 600 нафар сарбозони даъвати баҳорӣ баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, сохторҳои қудратӣ, собиқадорон, ҳайати шахсии Отрядҳои сарҳадӣ, падару модарони сарбозони навдаъват ва меҳмонон иштирок намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: