Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Тоҷикстандарт»: дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ тарозуҳои назоратӣ насб гардиданд

«Тоҷикстандарт»: дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ тарозуҳои назоратӣ насб гардиданд

26-05-2018, 07:41
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
«Тоҷикстандарт»: дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ тарозуҳои назоратӣ насб гардиданд


ДУШАНБЕ /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми растаҳои бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад тарозуҳои аз санҷиши мутобиқати давлатӣ гузаронидашуда насб гардида, дар болои онҳо навиштаҷоти «Тарозуҳои назоратӣ» овезон шудааст. Минбаъд ҳар як харидор метавонад ҳангоми шубҳа пайдо намудан ба миқдори маҳсулоти ғизоии харидааш аз ин воситаҳои ченак истифода барад.

Дар ин бора аз Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, чанде пеш бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тариқи истифодаи тарозу ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ роҳбарияти Агентӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида, маълум намуданд, ки дар аксари онҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ ҶТ 1066-2005, «Хизматрасонӣ дар бозорҳо» ҷиҳати дар ҷойҳои муайяни бозор гузоштани тарозуҳои назоратӣ риоя намегардад.

«Барои бартараф намудани камбудии мазкур ва ба тартиб даровардани истифодабарии тарозуҳои назоратӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо роҳбарону масъулони бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа масъалаи мазкур то ҳадди зарурӣ ҳалли худро пайдо намуд»,- иттилоъ дод манбаъ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: