Афкори мазҳабӣ24-05-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рўйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад. Боздошти шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизби миллаткуш ин калому даъвии моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гўлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сўзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор корҳо намудаанд. Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум, аз саҳроҳои кору меҳнат ба саҳнаҳои ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, рушди афкори мазҳабию таблиғи ақоиди шиаи исноашара, маблағгузорӣ намудан ба саркардагону размандагони мухолифин, таъмини силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва тамрини ҷавонон дар кишвари хориҷ маҳз аз ҷониби ин кишвари бо ном «дўст» анҷом шудааст. Хориҷиён барои таълиму тарбияи низомию динӣ ва идеологии ҳар як аъзои ТТЭ ҲНИ, ки аз Тоҷикистон ва ё аз кишварҳои дигар ба кишвари «дўст» сафарбар мешаванд, хароҷоти зиёди молиявӣ намуда, аз макони истиқомат, то хўрдану пўшидану лавозимоти таълиму тамриноти низомии онҳоро таъмин намуда, илова бар ин барои ҳар як узви дастаҳои террористию низомии худ аз ҳисоби духтарони ҳарамсароҳои маблағгузоронашон ҳамсар низ ихтисос медиҳанд. Ҳадафи аслӣ аз ин ҳама хароҷот танҳо тарбият намудани афроди фармонбардору ғуломсифате мебошад, ки онҳо арзишу муқаддасоти худро дар ризоияти хоҷагони охундияшон бидонанд ва хостаҳои онҳоро амалӣ намоянду мазҳаби шиаро қабул кунанд. Аслан сиғазодаҳои наҳзатӣ дар ин аҳдофу стратегияи худ борҳо муваффақ низ шудаанд. Аз ҷумла дар солҳои 90-и қарни гузашта дар сарзамини Тоҷикистон афроди мушаххасеро тарбият намуда, маблағгузорӣ карданд ва кишвари Тоҷикистонро хостанд ба вартаи нестӣ кашанд. Шахсиятҳои миллӣ ва донишмандони фарҳехтаи кишварро ба қатл расониданд, авзои дохилии кишварро ҳассосу ваҳим намуданд ва як миллати воҳиду як давлати якпорчаро ба маҳалҳову гурўҳҳову ҳизбу ҳаракатҳо қисмат намуданд. Ғуломзодагони наҳзатӣ бо амри хоҷагонашон амал намуда, барои ризоияти мавлоҳои хеш бо хуни ҳаммиллатони худ таҳорат намуданд. Аслан барои як давлати муқтадир чӣ зарурат аст, ки дар кишвари дигар ва он ҳам ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамтаъриху ҳамдин ин амалҳои нангину шармоварро роҳандозӣ намоянд? Ин дар ҳолест, ки 150 000 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, зиёда аз як милион нафар гуреза, 100-ҳо ҳазор кўдак ятим ва миллиардҳо доллар бар иқтисодиёти давлати ҷавони Тоҷикистон зиёну зарари ин дасисаҳо ворид карда шуд. Баъд аз расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар, ҳарчанд дасти дарози баъзе кишварҳои хориҷӣ дар муборизаҳо ва қатлу кушторҳои кишвар равшан буд, вале давлати Тоҷикистон муносибатҳои худро бо он давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида, гузаштаро чун сафҳаи сиёҳи таърих фаромўш намуд. Вале юриши Мирзо Зиёев дар Тавилдара, гурўҳи муташаккили ҷиноӣ созмон додани Аловиддин Давлатов дар ноҳияи Рашт, бо зархаридони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳуҷум намудани Мулло Абдулло ва даҳҳо ҳодисаи дигар низ аз ҷониби дастпарвардаҳои мадориси террористии кишварҳои ба ном «дўст» анҷом мешуд, вале ҳамоно кишвари Тоҷикистон аз роҳи дипломатия ва музокироту муколамаҳои дуҷониба хостори рафъи муаммову нофаҳмиҳо буд. Вале баъд аз шикасти гурўҳи дастпарвардаҳои хориҷӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ин ҳизби хиёнатмаоб бо дасисаҳо ва маблағгузории ҳаммазҳабонаш ва бо саркардагии Абдуҳалим Назарзода – муовини Вазири дифои кишвар хостори табаддулоти давлатӣ ё худ кудатои низомӣ шуданд, вале боз шикаст хўрдаву назди иродаи мардум ва иттиҳоди миллати тоҷик оҷизу нотавон шуданд. Таҳлили мантиқии ин муносибатҳо нишон медиҳад, ки ин амалкарди беруна аҳдофи стратегӣ дошта, ҳадафҳои бузургтаре дар пай доранд. Мутаассифона то ҳол кишвари Тоҷикистон ва давлатмардони тоҷик дар муқобили баъзе кишварҳо таҳаммулро пеша намуда, сафоратҳои онҳоро иҷозаи фаъолият додаанд. Холо он ки зарур аст фоидаю зиёни буду боши чунин намояндагиҳо муқоиса гардаду тасмими ниҳоӣ танҳо ва танҳо ба манфиати давлатдории миллӣ гирифта шавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.